Ёде аз Акбаралӣ Саттор, бунёдгузори матбуоти озоди замони Истиқлол, Раиси муваффақи Иттифоқи журналистон

Шояд барои ҳеч журналисти дигаре чун Акбари Саттор пас маргаш марсияхонӣ накарданд, шояд барои касе аз ҷумлаи қаламкашони матбуот ба ҳадди ӯ насӯхтанд.
Оре, марги ӯ ҳамаро ғофилгир кард. Акбари зиндадил, оне, ки ҳеч шиквае аз беморӣ надошт, тобистони гарми соли 2015 (28-уми август) ногаҳон ин олами пур аз муаммо ва пур аз фитнаро тарк кард ва ёронро дар ғамхона нишонд.
Акбар Абдулло, муовини ӯ дар Раёсати Иттифоқи журналистон дар мақолае ин суолро матраҳ кард, ки “феномени Акбаралӣ дар чӣ буд, ки ӯро дар зиндагиаш дӯст медоштанду рӯзи ҷанозааш ҳама, ҳатто бадхоҳонаш, ашк рехтанду афсӯс мехӯрданд”? Ва посух медиҳад: дасткушодӣ, хайрхоҳӣ ва ҷавонмардӣ, дилёбии ӯ буд. “Ба ҳайси раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ёриаш ба бисёр ҳамкасбон, пеш аз ҳама собиқадорони матбуот расидааст. Ӯ ин иттифоқи фалаҷшударо аз нав эҳё карда, журналистонро (чӣ аз нашрияҳои ҳукумативу соҳавӣ, чӣ хусусӣ) дар атрофи худ ҷамъ овард. Барояш маҳалгароӣ бегона буд. Ҳама фарзандони минтақаҳои гуногуни кишварамонро дӯст медошт.   

Акбар Абдулло ба ёд меорад: “Солҳои 1997 ё 1998 маҷмӯъаи шеърҳои  дӯсти шоирам Низом Қосим (Раиси феълии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) бо номи «Қаламҳой» чоп гардид ва нусхаеро чун рамзи эҳтиром ба дасти Акбаралӣ Сатторов расонд.  Баъди варақ гардондани маҷмӯа Акбаралӣ бо ҳайронӣ аз Низом Қосим савол кард, ки чаро теъдоди китоб ҳамагӣ 200 нусха аст? Аз ин саволи ногаҳонӣ Низом Қосим мисле, ки дар ҳолати хиҷолат афтод, вале бидуни риё ҷавоб дод, ки «имконияти бештар надоштам». Акбаралӣ ҳолати Низом Қосимро пай бурда, ҳарфе нагуфт. Вале рӯзи дигар дар шоҳидии ман корманди хоҷагидори худ Хайриддинро даъват намуда, супориш дод, ки миқдори коғази заруриро ба чопхона бурда диҳад ва 300 нусхаи дигар аз ин китоб чоп кунад”.

 Баъзан дар ҳалқаи дӯстони наздикаш бо забони худ иқрор мешуд, ки «Ман аз мурдан наметарсам! Ҳади ақалл бовар дорам, ки баъд аз сари ман касе сӯи фарзандону пайвандонам ангушт ишора карда наметавонад, ки луқмаи ҳаром хӯрдаам, ё ба касе хиёнат карда бошам!»…

Кӣ буд Акбари Саттор?

akbari_sattor_1.jpgАкбаралӣ Саттор аз ҷумлаи равандагони роҳи пешиниён ва эҳёгари матбуоти озод дар кишвар буд. Замоне, ки ҳама саргарми ёфтани як бурда нон буданду фикри раҳоӣ аз гуруснагӣ дар сар мепарвариданд, вай дар андешаи он шуд, ки чӣ гуна мардуми дурафтода аз маърифатро бори дигар ба мутолиаи рӯзномаву маҷалла баргардонад. Ӯ муваффақ  шуд, ҳарчанд барои ин лозим омад хеле заҳмат кашад, як бахши азими дороиҳои худро сарф кунад.

 Ва ин замоне буд, ки вай нав ба 30 қадам мегузошт...

Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) 10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортепаи ноҳияи Ҳисор дида ба олам боз кардааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ноҳияи Ҳисор ба тавсияи устоди мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Аз миёни таҳсил ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз моҳи июни соли 1983 то моҳи июли соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати аскарӣ кардаву баъди бозгашт ба таҳсили худ идома додааст.

 Аммо сар аз соли сеюм, аниқтараш аз соли 1987 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) таҳсил намуда, соли 1990 онро хатм кард.

Фаъолияти кориашро аз рӯзномаи он замон машҳури “Тоҷикистони Советӣ” оғоз мекунад. Баъди ҳамагӣ чор моҳ ба рӯзномаи “Садои мардум” гузаштаву аз моҳи ноябри соли 1990 то ноябри соли 1994 хабарнигор, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи ин рӯзнома буд.

Пешаи рӯзноманигорӣ дар он замони пур аз ҷангуҷӯш муносиб наёмад ва ҳатто хатарнок ҳам буд. Аз сӯи дигар иддае дар сар задани ҷанги дохилӣ матбуот ва журналистонро муқассир медонистанд.  Ин буд, ки ӯ муддате ба кори тиҷорат машғул шуд. Аз хориҷ мол меовард ва дар дохил мефурӯхт.

Бо гузашти ҳудудан ду сол бори дигар ба журналистика рӯ овард. Вале на дари “Ҷумҳурият”-ро куфт ва на ба идораи “Садои мардум” рафт. Вақте тасмим гирифт ба пешаи худ бармегардад, дар сар андешаи таъсиси нашрияи мустақил ва хусусиро дошт. Ва боз дар чунин замоне!

 Дере нагузашта “Дайджест пресс”-ро таъсис дод ва дар он матолиби чопшуда дар нашрияҳои русии Маскавро бозчоп мекард ва бо иловаи гӯшаву саҳифаҳои рекламавӣ ба фурӯш мебаровард. Бо ин васила чанд  нафар аз ҷумлаи журналистони кишварро бо ҷойи кор таъмин кард, илова ба ин афроде, ки аз бекорӣ  дар он солҳо намедонистанд худро андармони чӣ коре кунанд, ки бурдаи нони беминнат ёбанд, аз фурӯши “Дайджест пресс” қут меёфтанд.

Акбар дубора мардумро ба хондани рӯзномаву маҷалла ҷалб кард

Тадриҷан заминаи таъсиси рӯзномаи тоҷикии “Чархи гардун” низ фароҳам омад ва 25-уми апрели соли 1996 аввалин шумораи он аз чоп баромад.
Тавре  рӯзноманигор Суҳроби Зиё мегӯяд: “Бо оғози нооромиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, хелеҳо ангушти иттиҳомро ба суи матбуот ва рӯзноманигорон дароз мекарданд. Ба бовари онҳо дар аланга гирифтани оташи ҷанги дохилӣ саҳми матбуот ва журналистон ҳам кам набуд. Чунин пиндорҳо ва вазъияти нобасомони сиёсӣ ва иқтисодӣ боиси дилсардии мардум нисбат ба рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизион шуд. Вазъият ба ҳадде ногувор буд,ки нашрияҳои тоҷикӣ тақрибан надоштем. Дар чунин шароите баҳори соли 1996 Акбари Саттор иқдом ба таъсиси ҳафтаномаи “Чархи гардун” кард. Ва меҳри хондани нашрияро дубора дар дили хонандаҳо ҷой намуд”.

“Чархи гардун” журналистони зиёдеро, ки бекору парешон ва аз нобасомонии замона дар ранҷҳои руҳӣ андармон буданд, дубора гирд овард, умедро дар умқи синаи онҳо фурӯзон кард. Яъне, мегуфт, ки ҳақиқат намемирад, то даме инсон нафас мекашад, умед ҳам зинда аст. Ва ӯ тадриҷан мактаби журналистикаи худро поягузорӣ кард, ки имрӯз бидуни шак касе наметавонад ва ҳақ ҳам надорад бидуни омӯзиши мактаби журналистии Акбари Саттор таърихи журналистикаи муосирро бинвисад. Тавре дар номаи табрикии созмонҳои журналистии кишвар омадааст, “насли нави сарварон ва муассисони матбуоти хусусӣ Хуршеди Атовулло, Сайёфи Мизроб, Раҷаби Мирзо, Ҷумъаи Мирзо, Ортиқи Қодир, Равшан Махсумзод, Боймурод Шарифзода, Ҳабибулло Ёров, Ҳикматулло Раҳматов, Раънои Мубориз, Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, Наҷмиддини Шоҳинбод” дар мактаби ӯ “дарси менеҷмент ва сарварии матбуотро ёд гирифтаанд”.

Аз сол ба соли дигар теъдоди нашрияҳои вай афзуданд. Аз 18 -уми ноябри соли 1994 то ба охири умр директори генерали ҶДММ «Чархи Гардун» буд, ки илова ба ин ҳафтаномаи хонданӣ боз нашрияҳоеро аз қабили  “Вечерний Душанбе», “Авиценна”, “Дайджест пресс», “Аладдин” , “Анушервон”, “Зан ва мард”-ро зери як ливо ба ҳам овардааст.

Раиси созмони варшикаста

akbari_sattor.jpgАкбари Саттор замоне сарварии Иттиҳоди журналистонро ба уҳда гирифт, ки созмон дар ҳоли варшикастагӣ қарор дошт. Бо гузашти солҳо ва  бо талошҳои зиёд муваффақ шуд, ки он ба як ташкилоти пешрафта табдил шавад. Дар ҳама рӯйдоди вобаста ба ҳаёти журналистӣ аз аввалинҳо шуда садои Акбари Саттор шунида мешуд.
Вай дар бораи имрӯзу фардои матбуоти кишвар зиёд меандешид ва илова ба тарҳрезиҳо дар нашрияҳои хусусиаш дар бораи озодии баёну андеша, нақши созандаи матбуот дар рушди кишвар, ҳифзи ҳуқуқи журналистон  муҳокимарониҳои ҷолиб дошт.  Вай борҳо таъкид кардааст, ки  ВАО ин оинаи мамлакат аст ва фишору таъқиб обрӯи байналмилалии кишварро ба сифр баробар мекунад.

Акбари Саттор миёни ҷомеаи журналистии кишвар аз обруи вижа бархӯрдор буд. То ба имрӯз аз маъдуд сарваржурналистонест, ки дар борааш ҳарфи кажу нораво шунидаву гуфтаву навишта нашудааст. Тавре Суҳроби Зиё мегӯяд, “Акбари Саттор аз чеҳраҳои мондагори журналистикаи даврони истиқлоли Тоҷикистон аст. Ӯ мувофиқи имкон ва тавоноӣ ҳамеша ба доди хабарнигорон ва нашрияҳо мерасад. Вай миёни кормандони нашрияҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, миллӣ ва хориҷӣ тафовуте намегузошт. Шояд Акбаралӣ нуқоти заъфе ҳам дошта буд, аммо кору рафтор ва гуфтораш хислатҳои неки ӯро миёни мардум ва ҷомеаи журналистии кишвар барҷастатар кардаанд”. 

 Журналист Илҳоми Ҷамолиён Акбари Сатторро яке аз поягузорони матбуоти мустақили Тоҷикистон медонад. Аммо мегӯяд, “муҳим чизи дигар аст.  Акбаралӣ Саттор барои матбуоти тоҷик ва рушди журналистика хизматҳои арзанда ва шоиста адо намудааст. Бо вуҷуди ин боре ҳам намоишкорӣ намекард ва даст сари сина зада, намегуфт, ки манам фалонӣ. Аз ҳама муҳимаш ӯ дӯст, ҳамкасб ва раиси меҳрубон буду хеле самимӣ. Аслан, ба самимияти журналистон бисёриҳо эътимод надоранд, аммо ман ба самимияти Акбаралӣ  ва ба мавқеи ӯ бовар мекардам”. 

Тарҳҳое, ки амалӣ нашуданд

Акбари Саттор ташаббускори чандин лоиҳаи бунёдӣ барои рушди журналистикаи муосир ва тарҳҳои ҷолиби бунёди журналистикаи ҳирфаӣ дар кишвар буд. Бо ташаббуси ӯ иқдомҳои нахустин барои омодасозии қомуси журналистикаи тоҷик, ки дарбаргирандаи ҳам таърихи бунёди он ва ҳам очерку лавҳаҳо роҷеъ ба чеҳраҳои муваффақи журналистика дар мамлакат мебошад гирифта шуд. Қарор буд ин энсиклопедия  аввал дар шакли электронӣ омода шавад ва дар фурсати муносиб дар қолаби як китоби хонданиву ҷолиб интишор ёбад. 
Вале марги бармаҳал барояш имкон надод шукуфтани гули орзуҳояшро бубинад.

Пас аз маргаш гуруҳе аз ҳамсафону шогирдонаш иқдом карданд, ки бо номи “Акбари бузург” ёдономаҳо дар бораи ин марди шарифу ин инсони бузургро гирдоварӣ ва шакли китоб чоп кунанд.   Китоб бо дастгирии Ёқуб Исмоилзода, директори нашриёти “Шарқи озод” ва зери таҳрири журналист Сайёфи Мизроб ва адиб Умари Шерхон рӯи нашр омад. Муаллифони ёдномаҳо ҳамагӣ аз Акбаралӣ Сатторов чун чеҳраи муассир дар матбуоти тоҷик, аз эҳёкунандагони матбуоти мустақил дар замони истиқлол, нафари саховатманду дасткушод ва болотар аз ин “вазири журналистон” ном бурдаанд. Дар интиҳои китоб манзумаҳо дар суги Акбаралӣ Сатторов ҷой дода шуд.

Акбаралӣ Сатторов 28-уми августи соли 2015 дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт.  

барчасп: