Фоли Ҳофиз
Чоп шуд: 01/02/2017Инсоният аз замонҳои қадим орзуи донистани ҳаводиси ояндаро дошт ва бо ҳар роҳ кўшиш мекард, ки пешомади худро пешгўӣ намояд. Дар фарҳанги ҳамаи халқҳои ҷаҳон анвои гуногуни фолгирӣ мавҷуданд, ки мувофиқи ниёзу завқи ояндадонии мардум пайдо шудаанд. Аз он ҷумла дар фарҳанги мардуми тоҷик якчанд навъи фолгирӣ мушоҳида мешавад, ки функсияи асосии онҳо ин таъмини эҳтиёҷу завқи донистани ҳодисаҳои ҳанўз барпонашуда, мебошад. Анъанаи фолгириро, ки имрўзҳо дар фарҳанги мардуми тоҷик маъмул аст, ба навъҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: