Ёде аз Акбаралӣ Саттор, бунёдгузори матбуоти озоди замони Истиқлол, Раиси муваффақи Иттифоқи журналистон
Чоп шуд: 10/02/2017Шояд барои ҳеч журналисти дигаре чун Акбари Саттор пас маргаш марсияхонӣ накарданд, шояд барои касе аз ҷумлаи қаламкашони матбуот ба ҳадди ӯ насӯхтанд.
Оре, марги ӯ ҳамаро ғофилгир кард. Акбари зиндадил, оне, ки ҳеч шиквае аз беморӣ надошт, тобистони гарми соли 2015 (28-уми август) ногаҳон ин олами пур аз муаммо ва пур аз фитнаро тарк кард ва ёронро дар ғамхона нишонд.
Акбар Абдулло, муовини ӯ дар Раёсати Иттифоқи журналистон дар мақолае ин суолро