Activities calendar

21 февраля 2017

«Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»

Чунин ном дошт ҳамоише, ки имрӯз дар дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён доир гардид.
Шариф Комилзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот изҳор дошт, ки  Артиш як рукни асосии давлати соҳибистиқлол аст ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоти иҷтисодиву молиявӣ ба таъсис ва таҳкими артиши миллӣ иқдом кард.

барчасп: 

Таҳияи 2 рисолаву се китоби дарсӣ дар як сол

Ходимони илмии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот соли гузашта  барои тартиб додани «Луғати тафсирии мусиқӣ» дар маҷмўъ 1435 истилоҳоти соҳавӣ,  навиштанд ва муҳаққиқ Ҷ. Обидпур рисолаи «Ритмикаи ашъори устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-ро бо чор забон: тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва инглисӣ таҳия ва барои чоп пешниҳод кард.
Соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии Пажўҳишгоҳ доир ба мавзўи илмӣ 55 номгўй маводи чопӣ, аз ҷумла 2 рисола, 1 барномаи таълимӣ, 3 китоби дарсӣ, 1 тақвим ва 48

барчасп: 

Пажуҳиш: Вазъи китобхонаҳо дар ноҳияи Исфара

70 дарсади фонди китобхонаи марказӣ ва бахшҳои он дар минтақаҳоро китобҳои русии замони Шӯравӣ ташкил медиҳанд. Аз 22 китобхонаи амалкунанда 18 китобхона эҳтиёҷи шадид ба таъмиру тармим доранд.
Чунин аст як бахши хулосаи таҳқиқоти ахиран анҷомшуда аз вазъи китобхонаҳо дар ноҳияи Исфара, ки аз ҷониби ходимони илмии Шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии ПИТФИ анҷом шуд. Ин таҳқиқоти сотсиологӣ соли гузашта дар доираи мавзуъи “Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ

барчасп: