Таҳияи 2 рисолаву се китоби дарсӣ дар як сол

Ходимони илмии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот соли гузашта  барои тартиб додани «Луғати тафсирии мусиқӣ» дар маҷмўъ 1435 истилоҳоти соҳавӣ,  навиштанд ва муҳаққиқ Ҷ. Обидпур рисолаи «Ритмикаи ашъори устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-ро бо чор забон: тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва инглисӣ таҳия ва барои чоп пешниҳод кард.
Соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии Пажўҳишгоҳ доир ба мавзўи илмӣ 55 номгўй маводи чопӣ, аз ҷумла 2 рисола, 1 барномаи таълимӣ, 3 китоби дарсӣ, 1 тақвим ва 48 мақолаи илмӣ ба табъ расиданд. Ҳамзамон 4 шумораи маҷаллаи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг» ва ҷилди сеюми маҷмўаи таҳқиқотҳои олимони муассиса таҳти унвони “Осор” дар ҳаҷми 480 саҳифа нашр шуд.
Аз ҷониби ходимони илмии Шуъбаи назария ва таърихи фарҳангшиносии ПИТФИ дар радифи таҳқиқи масоили назарии соҳа, таҳқиқотҳои сотсиологӣ низ баргузор шуданд. Аз ҷумла, пурсишнома дар мавзўи «Вақти холӣ ва ташкили фароғати ҷавонон» таҳия гардида, дар байни ҷавонони синни 18-25-сола паҳн карда шуд. Таҳқиқот собит сохт, ки аз ҳисоби пурсидашудагон 48% дар вақти холии худ маълумотҳои гуногунро аз шабакаи байналмилалии Интернет, 40% аз матбуоти даврӣ мутолиа мекунанд ва 12% пурсидашудагон дар вақти холии худ ба тамошои консерт мераванд.
Дар соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии Шуъбаи муассисаҳои таълимӣ се китоби таълимӣ: «Дарси рубоб: китоби дарсӣ барои мактабҳои мусиқӣ ва коллеҷҳои санъат», «Созшиносӣ», «Базми Наврўзӣ: маҷмўаи сурудҳои хори а/капела аз эҷодиёти оҳангсозони тоҷик» ва барномаи таълимии «Таърихи мусиқии касбӣ-композитории тоҷик» таҳия ва чоп шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ходимони илмии Шуъбаи мазкур барои тартиб додани «Луғати тафсирии мусиқӣ» дар маҷмўъ 1435 истилоҳоти соҳавӣ,  навишта шуд. Муҳаққиқ Ҷ. Обидпур рисолаи «Ритмикаи ашъори устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-ро бо чор забон: тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва барои чоп пешниҳод кард.

барчасп: