Пажуҳиш: Вазъи китобхонаҳо дар ноҳияи Исфара

70 дарсади фонди китобхонаи марказӣ ва бахшҳои он дар минтақаҳоро китобҳои русии замони Шӯравӣ ташкил медиҳанд. Аз 22 китобхонаи амалкунанда 18 китобхона эҳтиёҷи шадид ба таъмиру тармим доранд.
Чунин аст як бахши хулосаи таҳқиқоти ахиран анҷомшуда аз вазъи китобхонаҳо дар ноҳияи Исфара, ки аз ҷониби ходимони илмии Шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии ПИТФИ анҷом шуд. Ин таҳқиқоти сотсиологӣ соли гузашта дар доираи мавзуъи “Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг (2016-2020)” сурат гирифт.  Мақсад аз баргузор намудани таҳқиқоти сотсиологӣ ва паҳн намудани пурсишномаҳо дар байни китобдорон ва хонандагон - муайян намудани маълумоти дақиқ оид ба сабабҳои ташрифи хонанда ба китобхона ва истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо буд.
Баҳри ҷамъоварии мавод 2 пурсишнома, яке барои китобдорон таҳти унвони “Сатҳи таъминоти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионии муосир ва истифодаи он дар фаъолияти китобдорӣ” ва дигаре бо номи “Китобхонаи имрўза аз нигоҳи хонанда” барои истифодабарандагони китобхонаҳо таҳия шуда буд.
Таҳқиқот собит сохт, ки дар ноҳияи Исфара як китобхонаи марказӣ ва 21 шуъба (филиал)-и он фаъолият мекунанд. Фонди китобхонаҳо аз нигоҳи мазмун хело куҳна буда, зиёда аз 70 дарсади онро китобҳои русии замони шўравӣ ташкил медиҳанд. Камбудии дигар ин таъмирталаб будани биноҳои китобхонаҳо мебошад. Аз 22 китобхонаи амалкунанда 18-тоаш муҳтоҷи таъмиранд. Дар тамоми китобхонаҳои ноҳия 27 нафар корманд кор мекунанд, ки аз ҳамин ҳисоб 7 нафар бо маълумоти олӣ, 10 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 7 нафар дар шуъбаҳои ғоибонаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус таҳсил менамоянд ва 3 нафар дорои маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ талабот ба истифодаи воситаҳои нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ афзуда, таъмини он дар китобхонаҳо муносибати устуворро тақозо мекунад. Дар ин радиф муайян сохтани талаботи хонанда ба истифодаи технологияи муосир – ҳадафи дигари таҳқиқоти баргузоршуда маҳсуб ёфт. Чунончи, таҳқиқ нишон дод, хонандаи имрўза бештар эҳтиёҷ ба истифодаи манобеи электронӣ, сомонаҳои интернетӣ ва китобхонаи электронӣ дорад ва мехоҳад, ки ҳарчи бештар аз ин воситаҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷи худ истифода намояд. Аммо, мутаассифона, на ҳамаи китобхонаҳои ноҳияи Исфара ба технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таъмин гаштаанд. Масалан, фақат дар китобхонаи марказӣ ҳамагӣ 4 адад компютер, 1 адад принтер ва 1 сканер мавҷуд асту халос. Он ҳам бошад бо шабакаи Интернет пайваст нест.
            Назарсанҷӣ нишон дод, ки аз китобхонаҳои ноҳияи Исфара 40% мактаббачагон, 20% омўзгорон, 25% нафақахурон, 15% шахсони касбу кори гуногун истифода мекунанд. Бештар ҷавонон ва мактаббачагон ба хониши адабиётҳои бадеӣ майлу рағбат доранд ва сабаби асосиаш – иҷрои супоришу дастурҳое, ки аз ҷониби устодон ҷиҳати хониши адабиёти иловагии марбут ба фанҳои таълимӣ додашуда, мебошад. Ҳамзамон, таҳқиқот маълум намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо дар ноҳияи Исфара хизматрасонӣ ба хонандагон тавассути додани китобҳо ба хона мебошад.
Натиҷагирӣ аз таҳқиқоти баргузоршуда ва хулосаву тавсияҳои мушаххас перомуни беҳтар намудани вазъи хизматрасонии китобдорӣ дар ноҳияи Исфара дар мақолаи мудири Шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии ПИТФИ З. Муҳиддинов “Технологияи муосир ва истифодаи он дар фаъолияти китобхонаҳо (дар мисоли китобхонаҳои ноҳияи Исфара)”, мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.
Ба андешаи муаллиф, набудани технологияи муосир дар фаъолияти кории китобхонаҳо, аз як ҷониб, мушкилии зиёдеро ба миён оварда бошад, аз ҷониби дигар, китобҳое, ки аз тарафи хонандагон дархост карда мешаванд дар фонди китобхонаҳо маҳфуз нестанд.
Мушкилотҳои дигар, сари вақт дастрас нагардидани китобҳои тозанашр ба китобхонаҳои музофотӣ ва суст фаъолият намудани абонементи байни китобхонаҳо дар низоми хизматрасонии ғайримуқимӣ ба хонандагон мебошад.
Дар охир, муаллиф барои мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо ба шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ истифодаи дастгоҳи Wi–Fi, Mоdem (интернети беноқил), ки дар ҳама ҷо дастрас мебошад, барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ зарур шуморидааст.

барчасп: