Инсоният аз замонҳои қадим орзуи донистани ҳаводиси ояндаро дошт ва бо ҳар роҳ кўшиш мекард, ки пешомади худро пешгўӣ намояд. Дар фарҳанги ҳамаи халқҳои ҷаҳон анвои гуногуни фолгирӣ мавҷуданд, ки мувофиқи ниёзу завқи ояндадонии мардум пайдо шудаанд. Аз он ҷумла дар фарҳанги мардуми тоҷик якчанд навъи фолгирӣ мушоҳида мешавад, ки функсияи асосии онҳо ин таъмини эҳтиёҷу завқи донистани ҳодисаҳои ҳанўз барпонашуда, мебошад. Анъанаи фолгириро, ки имрўзҳо дар фарҳанги мардуми тоҷик маъмул аст, ба навъҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
1) Фолбинии суннатӣ;
2) Шугун ё фолгирӣ аз рўи нишонаҳо;
3) Фолгирӣ аз рўи бурҷҳои дувоздаҳгонаи осмон;
4) Фолгирӣ бо қартаҳо;
5) Фолкушоӣ бо китобҳо;
6) Фолгирӣ бо рақамҳо;
7) Хиромантия ё кафшиносӣ;
8)Чеҳрашиносӣ.
Албатта, техникаи баъзе аз ин фолгириҳо ба фарҳанги тоҷикон аз фарҳанги халқҳои дигар интиқол шудаанд, аммо далел ин аст, мардуми тоҷик онҳоро имрўз дар рўзгори худ ба кор мебаранд.
Навъи фолгирие, ки дар ин мақола оид ба он сухан меронем, фолгирӣ аз рўи китобҳо, махсусан гирифтани фол аз рўи девони Хоҷа Ҳофиз мебошад. Библиомантия ё худ фолгирӣ аз рўи китобҳои муқаддас дар фолклори бисёр халқҳо ба назар мерасад. Мардум барои донистани пешомади кор ва ҳаводиси ҳанўз ба вуқўъ наёмада, бештар китобҳои муқаддасу мўътамад ба монанди Инҷил, Таврот, Қуръон ва девони шоирони бузург ба мисли Ҳомер, Горатсий, Вергилий ва дигаронро ҳамчун воситаи дарёфтани фол истифода мебурданд ва мебаранд. Масалан, дар Руссияи тоинқилобӣ ин тарзи фолгирӣ хеле паҳншуда ва мустаъмал буда, китобҳои махсуси фолгирӣ ба монанди “Фолномаи паёмбар Довуд” интишор мешуд.
Аз навъи библиомантия дар фарҳанги мардуми тоҷик Фоли Ҳофиз нисбатан роиҷ аст, ки он аз фолклори мардуми Эрон дар асрҳои гузашта интиқол ёфтааст.
Дар устонҳои гуногуни Эрон фоли Ҳофиз хеле густариш ёфта аст ва асрҳои зиёде ин ҷониб миёни мардум маҳбубият дошта, чун дигар анвои фолгирӣ завқи ояндадонии мардумро таъмин вазифа мекунад. Ба ҷуз аз девони Хоҷа Ҳофиз дар баъзе рустоҳо мардум девони Шайх Саъдӣ ва Маснавии Маънавии Ҷалолиддини Румиро низ ҳамчун воситаи фолкушоӣ истифода мебаранд.
Замону мавридҳои фолгирӣ аз руи девони Ҳофиз гуногун ва номаҳдуд аст. Онро дар Эрон, асосан, дар ҷашну маросимҳои шодӣ аз қабили Чаҳоршанбесурӣ, Шаби ялдо, рўзи сездаҳи Наврўз, охирин чаҳоршанбеи моҳи Сафар ва амсоли инҳо ба амал меоранд. Аммо лозим ба зикр аст, ки ин маросимҳо сирф ба хотири фолгирӣ ташкил намешаванд, балки фоли Ҳофиз ҳамчун як ҷузъи ин ҷашнхо ба шумор меравад. Мавриди дигари фолгирӣ вобаста ба зарурату ниёзи мардум воқеъ мегардад. Баъзе аз мардум мушкиливу гирифторие доранд, бархе дигар ҳаёти ояндаи худро донистан мехоҳанд, ё ягон нафар аз аҳли хонавода дар сафар асту бозгашти ўро нигаронанд ва ғайра.
Дар маҷлис ё маросиме, ки фоли Ҳофиз хонда мешавад, ҳозирин шахси муайянеро барои фолхонӣ интихоб мекунанд. Бинобар одобу русум фолхонӣ кори ҳамагон нест, асосан фарде барои хондани фол баргузида мешавад, ки бо девони Ҳофиз хуб ошно буда, садои хушу дилнишин дошта бошад. Дар байни мардуми Эрон одатан шахсони босавод, ришсафедони маҷлис, ки саводи қадимӣ доранд, муллои деҳа ва ё меҳмононро барои фолхонӣ хоҳиш мекунанд. Маъмулан соҳибони фол ё ҷўяндагони фолро афроди болиғи ҳозир дар маҷлис, ба вижа занон ва гоҳе фақат занон ташкил медиҳанд. Кўдакону ҷавонон дар маросими фолгирӣ ғоиб ҳастанд ва модарону хоҳарон барои фарзандону бародарон, ошноёни ғоиб, мусофирон, беморон, ҳатто ҳайвоноти хонаги ва боғу киштзорҳо ният мекунанад.
Шеваи фолгирӣ дар минтақаҳои мухталифи Эрон ба таври гуногун сурат мегирад. Масалан, дар устони Симнон шахсоне, ки мехоҳанд фол гиранд, ҳар кадом як чизи хурде ба монанди ангуштарӣ ё гушворе интихоб мекунанд ва дар дил ният карда онро ба кўзаи гилин, ки сари он боз бошад, меандозанд. Сипас, кўзаро ба дасти шахси бузургтари сари дастурхон медиҳанд ва он нафари фолхон шурўъ ба хондани ғазалҳои Ҳофиз мекунад. Дар ин маврид шахси бузургсол кўзаро такон медиҳад ва яке аз ашёи ба дасташ омадаро берун меорад. Соҳиби он чизи ба дастомада соҳиби фол низ ба шумор меравад.
Мувофиқи шеваи дигар, барои интихоби шахси фолҷў, дар кўза ба ҷои афзори ороишӣ чизҳои хўрданӣ ба мисли ҳаббаи набот, қанд, чормағз, бодом, писта, санҷид ва ғайра меандозанд.
Фолхонӣ ва интихоби ғазали фол дорои одоб ва қоидаҳои муайяне мебошад. Бо китобе, ки саҳфаҳои он пора ё ноқис аст, фол намегиранд. Миқдори фолгирӣ ҳам маҳдуд аст, беш аз се фол барои як нафар беэҳтиромӣ нисбати Хоҷа Ҳофиз мебошад. Фолхон девонро монанди китоби муқаддас дар даст мегирад ва рў ба қибла мешинад. Пас аз он ки соҳиби фол ният кард, фолхон бо сари ангушт, маъмулан бо чашми баста шумораи саҳифаеро нишон карда, китобро мекушояд. Ғазали фол аввалин ғазали саҳифаи рост аст. Агар оғози ғазал дар саҳифаи қаблӣ бошад, варақ зада онро аз матлааш мехонад. Ғазали пас аз он меомадаро “шоҳиди фол” меноманд, ки фолхон аз он ҳам се байт мехонад.
Инчунин дар муқаддимаи баъзе аз девонҳои Ҳофиз роҳнамоеро барои фолгирон ба таври зайл тавзеҳ намудаанд. “Барои гирифтани фол бо девони Ҳофиз ибтидо бояд вузў гирифта шавад, баъд рў ба қибла нишаста девонро дар даст мегиранд ва ният мекунанд. Барои ният кардан чашмҳоро баста ва ё ин ки ба осмон менигаранд ва се салавот мефиристанд, сипас девони Ҳофизро боз мекунанд. Ибтидо аввалин ғазали самти рост ба унвони “фол” хонда мешавад, сипас, се байт аз ғазали баъдиро ба унвони шоҳиди фол мехонанд, дар интиҳо мафҳуми ғазалро ба фоли нек ё бад таъбир менамоянд.” (Рўҳуламинӣ, 1369 ш. с. 44)
Фаҳмидан ва пазируфтани фоли Ҳофиз ба сифати фоли нек ё бад, ё фоли миёна кори осон нест. Чуноне ки худи шоир мегуяд:
Ман ин ҳадис навиштам чунон ки ғайр надонист.
Ту ҳам зи рўи каромат чунон бихон, ки ту донӣ.
Фолхон бо кунҷковӣ мекўшад, то мазмуне, байте, ҷумлае ва ҳатто ақаллан калимаеро муносиби нияти шахси фолҷў пайдо кунад. Маъмулан бо ташреҳи мазмунҳо, образу рамзҳо нияти ўро алоқаманд мекунанд ва соҳиби фолро бенасиб намегузоранд.
Гоҳе калимаву рамзҳои ғазалҳо бо нияту орзуи фолҷўяндагон хеле мувофиқат мекунад, ки он ғазалро “васф-ул-ҳол” меноманд. Дар баъзе ҳолатҳо байтҳое, ки ба фоли ягон нафар меоянд, мазмуну ишораҳои нохуб доранд. Чуноне ки дар ин байт зикр шуда аст.
Рўзи ҳиҷрону шаби фурқати ёр охир шуд.
Задам ин фолу гузашт ахтару кор охир шуд.
Агар дафъаи аввал фоли бад омад, соҳиби фол то се бор бо ҳамон нияти пешина китоби Ҳофизро боз мекунад ва мардум бовар доранд, ки дафъаи сеюм ҳар чӣ ба фол омад, комилан дуруст аст.
Пайдоиши фоли Ҳофиз ва густариши он ба замони пас фавти Хоҷаи бузургвор тааллуқ дорад. Ривояту бовари машҳуре ҳаст, баъд аз вафоти Ҳофиз тани ўро барои дафн ба гўристони мусалмонон иҷоза надодаанд. Ба ин васила аз девони шоир фол мекушоянд, ки ин байт мушкилосони кор мегардад ва ҷанозаи шоир иҷозаи дафн меёбад.
Қадам дареғ мадор аз ҷанозаи Ҳофиз,
Агарчи ғарқи гуноҳ аст, меравад ба биҳишт.
Дар сарчашмаҳои таърихии асри XV ва баъдина ишораҳои фаровоне оид ба ривоҷи фоли Ҳофиз ба назар мерасанд. Подшаҳону ҳокимону лашкаркашон пеш аз он ки ба муҳорибае азм кунанд, нахуст аз девони Хоҷа Ҳофиз фол меҷустанд ва тибқи он фол рафтор мекарданд.
Ривоят мекунанд, ки Сармастхон қабои зарафшонӣ дар бар ба зиёрати гўри Хоҷа Ҳофиз меравад ва бидуни бўсидани девону қабри шоир ба фолкушоӣ машғул мешавад. Ба фоли ў ин байт меояд:
Сармаст дар қабои зарафшон чу бигзарӣ,
Як бўса назри Ҳофизи пашминапўш кун.
Сармастхон дар хиҷолат шуда ваъда медиҳад, ки бори дигар, ки ба зиёрати гўри Ҳофиз омад, қабри шоирро ду бор бибўсад. Аммо чун маротибаи дуюм ба он ҷо меояд, ба гуфтаи худ амал накарда, фолҷўӣ мекунад ва байти зерин дархўри фоли ў мегардад.
Ваъда кардӣ, ки шавам масту ду бўсат бидиҳам,
Ваъда аз ҳад бишуду мо на ду дидему на як.
Боз бо пўзиш аҳд мекунад, дафъаи саввум се бор бўса медиҳад. Бори саввум ҳам чун пештара бидуни бўсидани қабру девони шоир фол гирифтанӣ мешавад. Ин байт ба фоли ў меояд:
Се бўса к-аз ду лабат кардаӣ ҳаволаи ман,
Агар адо накунӣ, қарздори ман бошӣ.
Сармастхон бо сарафкандагию шармандагӣ қабри Ҳоҷаи Лисонулғайбро бўсаборон менамояд.
Боз ривояти дигаре оид ба ҳақиқати фоли Ҳофиз дар сарчашмаҳо зикр шудааст, он ҳам ҷолиби диққат ва шуниданист. Овардаанд, ки ҳокими Форс шаш духтар доштааст. Онҳо боре ба сари турбати Хоҷа Ҳофиз омада, ба мазоҳ фолгирӣ мекунанд, ки агар шоир зинда мешуд, хостгори кадоми яке аз онҳо мебуд. Ҳофиз ҳар шашро умедворӣ медиҳад:
Шаҳрест пуркарашмаву хубон зи шаш ҷиҳат.
Чизем нест варна харидори ҳар шашам.
Дар тазкираву манобеи таърихӣ ривояту ишораҳои зиёде оид ба каромоту латифаҳои шигифтовари Хоҷа Ҳофиз мушоҳида мегарданд. Аз ин сабаб мардуми омма ба шоир “лисон-ул-ғайб” ва “ҳуҷҷат-ул-асрор” барин сифатҳоро мансуб донистаанд ва бовар доранд, ки Ҳофиз аз розу ниёзи ҳамагон бохабар мебошад.
Тафоул аз девони Ҳофиз дар байни зардуштиён низ марсум аст. Дар хонаи зардуштиён девони Ҳофиз ва “Шоҳнома”-и Фирдавсиро дар канори китобҳои муқаддаси динӣ чун Готҳо ва Хурдак Авесто мегузоранд. «Баъзе аз
зардуштиёни Кирмон девони Ҳофизро дар суфраи ҳафт син мегузоранд ва пас аз таҳвили сол барои тамоми афроди хонавода фол мегиранд.» (Рўҳуламинӣ, 1369 ш., с. 27)
Дар тўли садсолаҳо девони Ҳофиз дар радифи девонҳои Ҷалолиддини Румӣ, Шайх Саъдию Ҷомӣ ва Мирзо Бедил яке аз китобҳои муҳимми барномаи дарсии мадрасаву мактабхонаҳои Эрону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Имрўзҳо низ девони ин шоири тавонои маъниофар маҳбуби ҳар хонадони мардуми форсизабон мебошад. Фоли Ҳофиз ҳоло ҳам дар миёни порсизабонони ҷаҳон роиҷ буда, мардум ба натиҷаҳои фоли он эътиқод доранд ва дар мавридҳои гуногун аз он истифода мебаранд. Фоли Ҳофиз барои таъмини завқи зебоишиносӣ ва орзую хоҳиши ояндадонии мардум хизмат карда, дар густариши адабу фарҳанги форсӣ нақши назаррас дорад. Гирдоварӣ ва омўзиши боварҳои мардумӣ оид ба фоли Ҳофиз барои пажўҳишҳои минбаъдаи ҳофизшиносӣ ва фарҳанги мардум ё худ фолклори халқҳои форсизабон сарчашмаи арзандае шуда метавонад.
Таҳия ва таҳшияи Дилшоди Раҳимӣ
аз китоби Маҳмуди Рўҳуламинӣ
“Боварҳои омиёна дар бораи фоли Ҳофиз”, Теҳрон, 1369 ш.