Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон ва зарурати пажўҳиши он

Агар ибтидои асри равон дар тарбияи маърифати иҷтимоии мардуми Осиёи Марказӣ, минҷумла тоҷикон васоити электронии ахбор, аз ҷумла интернет нақши бештар пайдо карда бошад, дар ибтидои садаи ХХ ҳамин нақшро, асосан, матбуоти даврӣ иҷро мекард. Ин аст, ки ҳанўз соли 1917 Зайнолобиддини Мароғаӣ дар китоби худ «Саёҳатномаи Иброҳимбек» чунин навишта буд: «Дар рўи замин нахустин асбоби тараққӣ ва тамаддуни миллатҳо, саодат ва некбахтиионҳо ба воситаи матбуот аст».

Ин андеша, ки анқариб сад сол қабл аз ин рўзҳо ҳосил шудааст, ҷолиб ва мантиқӣ буд, ки ағлаби равшанфикрону маорифпарварони Шарқ ба он мутмаин шуданд, онро тақвият бахшиданд ва ҳаммаслакону ҳаммилатони худро баҳри истифода ва ташаккули он ҳидоят намуданд. Таҷрибаи зиндагӣ ва рушди ҷомеаи башарӣ нишон дод, ки бо вуҷуди инкишофи воситаҳои электронии ахбор матбуоти даврӣ, натанҳо ҳамчун омили тараққӣ ва саодати миллатҳо боқӣ монд, балки дар ин самт нисбат ба дигар ВАО нақш ва таъсири бештаре гузошта, мақоми хоса пайдо кард.

Аммо дар замони имрўз, ки муносибатҳои иҷтимоӣ дигар шудааст, технологияи навини иттилоотӣ босуръат пеш меравад, ин нақши матбуоти даврӣ бетағйир мондааст? Оё дар ин шароит матбуоти даврии мо, ба вежа матбуоти даврии маҳаллии кишвар рисолати худро, ки ҳамоно таъмини ҷомеа бо иттилоот, равшан сохтани афкори умум, боло бурдани сатҳи маърифат ва дарку фаҳмиши ҳаёти иҷтимоии мардум аст, ба хубӣ ва ҳамаҷониба анҷом медиҳад? Ин типи матбуот дар таъини сарнавишти худ ва миллат то чӣ андоза таъсиргузор буда ва ҳаст? ….

Дар ин мақола мо кўшиш намудем, то дар такя ба таҳлили баъзе ҳолатҳои матбуоти маҳаллии Тоҷикистон ба ин ва амсоли ин саволҳо равшанӣ андозем ва ба ин минвол баъзе мушкилот ва камбуди онҳоро бо фаҳми худ ироа намоем.

Ошкор гардидани чунин омилҳо зарурати таваҷҷуҳ ба ин типи матбуоти давриро ба миён меорад, ки дар ин раванд муносибати илмӣ бештар дардхур хоҳад шуд. Ҷои баҳс нест, ки матбуоти даврии маҳаллӣ ҳамчун василаи чопии пахши иттилоот ва табодули афкор дар музофот барои тавсияи фарҳанги бумӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ аст, нақши босазо ва таъсиргузор доранд. Ҳамчунин нақши ин матбуот дар тарғиби ғояҳои иҷтимоӣ, ҳукуматӣ ва давлатӣ кам нест. Аз тарафи дигар, сутун ва пояи асосии матбуоти даврии умумиҷумҳурӣ, матбуоти маҳаллии қавӣ ва қудратманд аст. Собиқаи ин пеша нишон медиҳад, ки дар гузашта аксари рўзноманигорони ҳирфаӣ кори худро аз матбуоти даврии маҳаллӣ шуруъ кардаанд. Ва ҳамчунин имрўз дар матбуоти маҳаллӣ рўзноманигорони собиқадори пуртаҷриба кам нестанд. Бо ин вуҷуд эҳсос мешавад, ки матбуоти маҳаллӣ бо далоили мухталиф то кунун натавонистааст ба таври бояду шояд таиноти худро ба ҷо орад ва талаботи иттилоотиву маънавии аудиторияашро қаноатманд гардонад, ба худ хонанда пайдо кунад. Ба ибораи дигар, нашрияҳои маҳаллии мо ҳанўз натавонистаанд дар фазои иттилоотии музофот нақши ҳалкунандагиро ба ихтиёр гиранд, «ри-солати аслии худ- инъикоси объективонаи ҳодисаю рўйдодҳо, ривояи тавозун, саҳиҳият, воқеанигорӣ, ҳақиқатнигорӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор, озодона иброз намудани фикру ақида, эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ, риоя намудани одоби касбиро пурра иҷро кунанд.

Ба назар чунин мерасад, ки хондан ё нахондани рўзномаи маҳаллӣ худ дар зиндагии аксари афроди ҷомеаи манотиқ таъсиргузор нест. Масалан, дар як пурсиши сотсиологие, ки дар шаҳри Қурғонтеппа гузаронида шуд, «маълум гардид, ки сокинони маҳаллӣ, асосан, нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Хатлон», «Адабиёт ва санъат», «СССР», «Оила», «Зан ва мард», «Омўзгор», «Набзи Қўрғонтеппа» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро медонистаанд. Ягон нафар аз пурсидашудагон номи нашрияҳои вилоятии русии «Новый Хатлон» ва ўзбекии «Дўстлик»-ро ҳатто зикр накардаанд» [3, 11]. Ин маълумотро мушоҳидаҳои Н. Маъмурзода низ тақвият мебахшад. Ў менигорад: «Тибқи арзёбиҳо, аксари нашрияҳои маҳаллӣ танҳо ба дасти обуначиён мерасанд, ки ғолибан ҳама кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию тоҷирони бозорҳо мебошанд. Яъне шаҳрвандони қаторӣ, амалан, ба нашрияҳои маҳаллӣ дастрасӣ надоранд. Теъдоди қариб ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ дар соли 2013 на бештар аз ҳазор нусхаро ташкил медод, ки дар муқоиса ба аҳолии наздики семиллионнафараи вилоят (Хатлон М.М.) ночиз менамояд».

Гумон аст, ки чунин ҳолат миёни сокинони шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ вуҷуд дорад. Ин нуқтаест, ки дар ҳар ҳол нашрияҳои маҳаллӣ бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошад, то он ба унвони як ниёзи зарурӣ мавриди истифода қарор гирад. Бо ин васф будан ё набудани матбуоти маҳаллӣ чӣ таъсире дар зиндагии мардум дорад?...

Пўшида нест, ки матбуоти даврӣ аз воситаи классикии ахбори омма ба ҳисоб рафта, бешубҳа, дар пайдоиш ва ташаккули воситаҳои ахбори оммаи дигар заминагузор аст. Аммо рушди воситаҳои электронии ахбор, аз ҷумла дар шароити муосир Интернет, аз як тараф, доманаи матбуоти давриро нисбатан маҳдуд намуд, аз сўи дигар, табиат ва таиноти онро то андозае дигаргун ҳам кард. Дар шароити сареияти бештар пайдо кардани радиову телевизион, ҳамчунин Интернет (асосан дар шаҳрҳо), матбуоти даврӣ тадриҷан ба минбари афкор табдил меёбад. Яъне, матбуоти даврӣ василаи иттилорасонии худро коҳиш дода, ба минбари суҳбат, афкор, мубодила ва музокира бадал мегардад ва мухотабони он, асосан, ашхоси маънаван ғанӣ қарор мегиранд. Дар ин ҳолат рисолати матбуот боз ҳам баландтар мегардад. Бахусус дар замони муосир, ки фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ба буҳрони шадид қарор гирифта, ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни моҷароҷўву исёнгар қувват мегирад, нақши матбуоти кишварҳо муҳимтару боризтар мегардад. Матбуот имкон дорад, ки дар таҳлилу баррасии воқеии ин гуна равияҳо майдон ва фазои мувофиқу муносибро фароҳам ва ҷиҳати ошкор намудани моҳияти аслии ҳаводис табодули афкорро ба вуҷуд орад ва ба ин васила дар болобурди дарку маърифати иҷтимоии шаҳрвандон нақш гузорад. Дар мисоли матбуоти даврии умумиҷумҳуриявӣ ин андеша бебаҳс қабулшуданӣ аст. Зеро ин типи матбуот ҳудуди васеи пахш доранд ва доманаи мавзўоташон низ васеътар аст, аудиторияшон зиёд ва нисбатан фаъол мебошад. Аммо, оё метавонем ин ақидаро ба матбуоти даврии маҳаллии кишварамон нисбат диҳем. Ба пиндори мо айни ҳол не. Чаро ки матбуоти маҳаллӣ ҳам аз ҷиҳати фарогирии мавзўот, ҳам аз ҷиҳати ҳудуди пахш ва ҳам аз ҷиҳати доираи хонандагон то андозае маҳдуд аст. Таъиноти нашрияҳои вилоятиву ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ба куллӣ фарқ дорад ва вобаста ба ин аудиторияашон низ фарқ мекунад.

Таҷрибаи мамолики дигар, ҳамчунин таҳқиқотҳои дар ин соҳа анҷомёфта нишон медиҳанд, ки дар пешрафтатарин ҷомеаву кишварҳои имрўзаи ҷаҳонӣ матбуоти музофотӣ як навъ ба таҳаввул дучор омада, афзалият пайдо намуда истодааст, ки ин ҳолат барои Тоҷикистон низ истисно набояд бошад. Дар Аврупо барин минтақаву дунёи куҳан аллакай дарк гаштааст, ки дар рақобат ба матбуоти умумимиллӣ, ин навъи матбуот маҳбубияти бештар дорад. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ матбуоти маҳалӣ дар тарғиби фарҳанги бумӣ ва ташаккули фазои иттилоотии худӣ метавонад нақши бештар гузорад.

Ин тамоюл дар Тоҷикистон ҳамчун ҷараёни нав ба ҳисоб равад ҳам, бо вуҷуди ин аввалин заминаҳои омўзишу таҳқиқ барои самтҳои инкишофу тавлиди ин навъи матбуот ба вуҷуд омадааст. Ҷой доштани радиову телевизионҳои маҳаллӣ дар кишвари мо анъанаи нав нест ва аз солҳои аввали замони истиқлол то ба имрўз таҳаввулоту таҷдиди комиле дар ин соҳа низ ба вуҷуд омадааст. Омўзиши он дар самтҳое аз қабили таърихи гузаштаву муосир, доираҳои имкону фарогирӣ, сатҳи завқу ҳунару салиқаи журналистӣ ва истифода аз васоиту имконоти навини техникаи электронӣ талаботи рўз ба ҳисоб рафта метавонад.

Матбуоти музофотии кишвар дар умри беш аз ҳаштодсолаи худ паҳлуҳои зиёди мавриди таҳқиқро ҳамчун сарчашмаҳои кашфношуда ба вуҷуд овардааст. Аммо, мутаассифона, ин ва амсоли ин проблемаҳои матбуоти маҳаллии кишвар то имрўз таваҷҷуҳи аҳли пажўҳишро ба тавре ки бояд ба худ ҷалб насохтааст, ба ибораи дигар, ин типи матбуоти даврӣ аз эътибори аҳли таҳқиқ дур мондааст. Ҳол он ки матбуоти маҳаллӣ ҷузъи таркибии матбуоти даврии тоҷик буда, аз як тараф, вижагиву хусусиятҳои хоса, аз сўи дигар, сабақҳои касбиеро молик мебошад, ки омўзишу пажўҳиши онҳо натанҳо барои аҳли илм, балки барои омўзгорону донишҷўён, кормандони эҷодии ин типи нашрияҳо ва пешбурди ин соҳа аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Дар шароити муосир рушди матбуоти даврӣ, аз ҷумла нашрияҳои маҳаллиро бе истифодаи технологияи фановарӣ (инноватсионӣ) наметавон тасаввур кард. Хуб аст, ки дар солҳои охир нашрияҳои даврӣ ва муассисаҳои табъу нашр ба ин раванд тадриҷан ворид мешаванд ва аз авомили он баҳра мегиранд. Аммо ҷараёни воридшавӣ ба ин фазо яксон набуда, ба тарзи мухталиф сурат мегирад. Баъзе ноҳияҳо бо дарки дурусти моҳияти технология ва навгониҳои инноватсионӣ аз ин раванд самаранок истифода мебаранд, бархе аз навоҳии дигар то ҳол нашрияҳояшонро дар муассисаҳои табъу нашри пойтахт-Душанбе ба чоп мерасонанд. Чопи нашрияҳои баъзе ноҳияҳо то ҳол мавсимӣ буда, ағлаб бо шарофати таҷлили ҷашну санаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ сурат мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксари нашрияҳои ноҳиявии кишвар шароит ва имконоти техникии табъу нашри замонавиро надоранд. Чунин шароитро доштан ва ё надоштани матбуоти музофот бар зарари кор аст ва ё фоидаи он? Дар ҳолати таъмини техникаи замонавӣ ва фароҳам сохтани шароит оё муассисаҳои табъу нашр хараҷоти худро пўшонида метавонанд? Оё ташкили чунин шароит аз рўи ҳисоби ҷиҳатҳои иқтисодиву касбӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зарурат дорад? Албатта, бе таҳлилу баррасиҳо ба ин ва амсоли ин саволҳо наметавон посухи қаноатбахш пайдо кард. Пас ин ва амсоли ин масъалаҳо низ пажўҳиши илмиро мехоҳанд.

Раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ тақозо менамояд, ки дар воситаҳои ахбори омма, алалхусус матбуоти даврӣ, технологияи муосир мавриди истифода қарор гирад. Ин технология ҳам ба фаъолияти кормандон, хоса аҳли эҷод ва ҳам ба шароити кор алоқамандӣ дорад. Вобаста ба ин, яке аз самтҳои муҳимми пажўҳишҳои ин соҳа дар сиёсати итилоотии замони муосир ҷустуҷўи равандҳои нави инноватсионии ба манотиқи ҷумҳурии мо мувофиқ ва дар амал тадбиқ намудани он метавонад бошад. Масъалаи нисбатан ҳалталабе, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва воридсозии технологияи иноватсионӣ дар матбуоти маҳаллӣ ба миён омадааст, набудани мутахассисони соҳибкасб мебошад. Кормандони эҷодии аксари нашрияҳои маҳаллӣ рўзноманигорони собиқадори куҳансоланд. Рўзноманигорони ҷавонон барои кор дар ин нашрияҳо чандон ҳавасманд нестанд, ки сабабҳои гуногун дорад. Аммо сабаби асосӣ кам будани маош аст. Дар суҳбате муҳаррири нашрияи “Зарафшон”- и ноҳияи Панҷакент Луқмонҷон Қурбонов ин андешаро тақвият бахшида иброз дошт, ки дар нашрияи мо бо иллати камии маош, аксар собиқадорон кор мекунанд, ҷавонон бо вуҷуди он ки чандон қобилияти хуби касбӣ надоранд, барои ҳамкорӣ бо маоши паст розӣ нестанд. Нашрия ҳамагӣ 3000 нусха чоп мешавад ва хараҷоти худро базўр мепўшонад... Албатта, дар ҷалби мутахассисон сатҳи маош нақши муҳим дорад, аммо роҳҳои дигари ҷалби рўзноманигорони ҳирфаиро бояд ҷўст. Фарз кардем, бо иллати камии маош рўзноманигорони ҷавон аз кор саркашӣ кунанд, собиқадорон ба нафақа раванд, фаъолияти нашрияҳоро кӣ давом медиҳад, анъана куҷо мешавад, таъсири мактабҳои эҷодӣ ба кӣ мерасад. Табиист, ки дар ҳар соҳа, асосан, ҷавонон дигаргуниҳо ба вуҷуд меоранд, зеро диди онҳо дигар аст ва дар муқоиса бо насли калонсол навгониҳои замонии иҷтимоиву касбиро зуд мефаҳманд ва қабул мекунанд. Ба ин маънӣ, агар мо дар фаъолияти матбуоти маҳаллӣ дигаргунӣ ба вуҷуд оварда онро ҳамқадами замон гардониданӣ бошем, бояд роҳҳои ҷалби мутахассисони ҷавони қобил, дорои ҷаҳонбини васеъ, закиву ҳушёр ва масъулиятхоҳро ҷўё шавем. Албатта, чунин ҷавонон бояд аз касбияти рўзноманигорӣ бохабар бошанд, аммо табиист, ки ташаккули касбияти рўзноманигорӣ бидуни аз бар кардани донишҳои назарӣ ба вуҷуд омада наметавонад. Бинобар ин мудирони нашрияҳоро мебояд заминаи таҳсили кормандони эҷодии худро дар донишкадаҳои рўзноманигорӣ ё омўзишҳои кўтоҳмуддат фароҳам кунанд.

Мушкилоти дигаре, ки имрўз матбуоти маҳаллии мо бо он рўбарўст,бетарафӣ ва ё бетаваҷҷуҳии хонандагон ба он мебошад. Ин қазияро метавон ба чанд омил нисбат дод. Омили асосӣ сатҳи пасти зиндагии мардум мебошад, ки имкони харидории нашрияҳои давриро надоранд. Аз тарафи дигар, паст будани маънавиёти ҷомеа низ дар канори ин омил қарор гирифтааст. Билохира ба завқи хонандаи ҷавон мувофиқ набудани матолиби нашрияҳо. Аз ин рў, гумон мекунем то замоне, ки рўзномахонӣ ба унвони як ниёз зарурат пайдо накунад, наметавон аз мавриди истиқболи ҳамагон қарор гирифтани нашрияҳои даврӣ интизорӣ кашид. Бинобар ин мо бояд роҳҳоеро ҷуё шавем, ки зарурат ва аҳамияти рўзнома миёни омма дарк шавад. Шояд хонандаи муҳтарам эрод гирад, ки замони рўзнома гузашт ва ин амал ногузир аст. Ба гумони мо, баръакс дар ин замони ҷаҳонишавӣ, ки таҳоҷуми авомили беруна ба фазои иттилоотии кишвар тадриҷан зиёд шуда истодааст, такя кардан ба матбуоти дохилӣ, минҷумла маҳаллӣ, аз андешаҳои созандаи иҷтимоиву миллӣ пур кардани мундариҷаи нашрияҳо ва моил намудани мардум ба он зарур аст. Албатта, дар ин радиф матбуот бояд ҳарфе барои гуфтан дошта бошад, ба ибораи дигар, ҳарфи дили мардумро бигўяд, то мавриди эътимоди онҳо қарор гирад.

Матбуоти даврии маҳаллии Тоҷикистон ҳарчанд молики таърихи нисбатан собиқавӣ ва таҷрибаи тўлонӣ аст, аммо дар замони муосир дар ҳолати таҳаввулпазирӣ қарор дорад, ки ба он, пеш аз ҳама, инкишофи техникаву технологияи навин, ҷаҳонишавии иттилоот, ҳамкориҳо, рақобатҳо, таъсирҳо мусоидат мекунад. Имрўз ҳолати матбуоти маҳаллӣ андешаи будан ва ё набуданро ба миён мегузорад, ки пажўҳиш ва натиҷагириҳои илмиро тақозо менамояд. Ин ва амсоли ин падидаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва журналистӣ то имрўз мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор нагирифтааст. Дар замони пайвастан ба низоми иттилоотии умумиҷумҳуриявӣ, дигаргун шудани муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин тағйир хурдани дарку маърифати воқеиёти ҳаётӣ таҳқиқотҳои бунёдӣ зарур аст.

Ба ин манзур вақти он расидааст, ки вазъ ва ҳолати нашрияҳои маҳаллӣ (вилоятиву ноҳиявӣ), омилҳои камбудсоз, тамоюли рушди матбуоти музофотӣ дар ҷумҳурӣ мавриди таҳқиқотҳои алоҳида қарор гирад ва ба ин васила таъмини ин намуди ВАО бо таҷриба ва дастоварҳои илмӣ фароҳам ояд.

Дар пажўҳиши ин масъала омилҳои зеринро метавон ба назар гирифт:

- Муайян намудани ҳадаф ва таъйиноти матбуоти музофотӣ дар замони муосир;
- Омўзиши заминаҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон;
- Пажўҳиши омилҳои инкишофдиҳанда ва монеасози равандҳои иноватсионӣ;
- Таҳқиқи самт, ҷараён ва шаклу намудҳои иноватсия дар нашрияҳои алоҳида;
- Баррасии механизм ва технологияи татбиқи инноватсия дар матбуоти вилоятиву ноҳиявӣ;
- Матбуоти хусусии (соҳавии) маҳаллӣ дар рақобат бо матбуоти расмии маҳаллӣ дар шароити соҳибистиқлол;
- Маводи фармоишӣ ва тобеиятҳои мавсимӣ дар фаъолиятҳои матбуоти музофотӣ;
- Фаҳмиши мафҳуму таъбирҳои «ходими рўзнома», «мухбири рўзнома» ва «корманди рўзнома» дар шароити имрўза ва гузашта.

Раванди фановарӣ дар матбуоти маҳаллӣ:

- Ташаккули равандҳои инноватсионӣ дар нашрияҳои ноҳияҳои гуногун;
- Махсусияти инноватсияи матбуоти маҳаллӣ;
- Инъикоси равандҳои инноватсионӣ дар ВАО;
- Омўзиши дастовардҳои инноватсионӣ тавассути тадқиқоти сотсиологӣ;
- Ҳамкории ВАО- и маҳаллӣ бо кормандону эҷодкорони беруна (муроҷиати васоити ахбор ба омма-сайтҳо, паёмакҳо, гуфтугўҳои телефонии мустақиму ғайримустақим), ё ин ки тавозуни корбасти маводи мухбирони штативу ғайриштатӣ (дар гузашта мухбири ҷамоатӣ).

Адабиёти мавриди истифода:

1. Қандӣ Ҳусейн, Мақоланависӣ дар матбуот / Ҳ. Қандӣ.- Теҳрон: ДАТТ (нашри сеюм).- 1383.- 144 с.

2. Маъмурзода, Н. Амнияти иттилоотиро чӣ тавр таъмин намоем /Н.Маъмурзода // Ҷумҳурият, 2014.-25 январ.

3. Муродов, М., Ҷумъаев М. Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ (чанд андеша дар ҳошияи омўзиши сотсиологии матбуоти шаҳри Қурғонтеппа) /

М. Муродов, М. Ҷумъаев // Паёмномаи фарҳанг. Нашрияи илмию таҳлилӣ, Душанбе, 2014.- №3(27).- С. 7-12.

Муаллиф:  М. Муродов

Баргирифта аз нашрияи илмию таҳлилии   “Паёмномаи Фарҳанг” 2015, № 1 (29)

барчасп: