Тақвими ҷалолӣ, яъне чӣ?

Наврӯз мерасад, фасли гулбези сол, оғози соли нави шамсӣ, фасли эҳёи табиати афсункор.
Наврӯз мерасад, Наврӯзе, ки соли дароз интизораш будем, Нарӯзе, ки омад-омадашро муштоқона интизорӣ мекашидем. Ва хеле пазмони он лаҳзаҳои вурудем.
Суханро аз Шайх Саъдии Шероз меоғозам, ки дар Дебочаи «Гулистон»-и ҳамешабаҳор меоранд: «...тафарруҷкунон берун рафтем дар фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду айёми давлати вард расида... 

Аввали урдибиҳиштмоҳи Ҷалолӣ,
Булбули гӯянда бар манобири қузбон.
Бар гули сурх аз нам афтода лаолӣ,
Ҳамчу арақ бар ъизори шоҳиди ғазбон». 

Яъне, «фасли рабеъ» мавсими баҳор; урдибиҳишт номи моҳи баҳор, Ҷалолӣ исми тақвими аҷдодии мо, ки аслан онро Тақвими Эронӣ ё Тақвими Хайём меноманд. Мабдаъи тақвими Ҷалолӣ рӯзи ҷумъайи нуҳум (дар баъзе аз сарчашмаҳо даҳум)-и моҳи рамазони соли 471 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба аввали фарвардини соли 458 ҳиҷрии шамсӣ (21 марти 1079 милодӣ) аст. 

Урдибиҳишт: номи моҳи дувум аз соли хуршедӣ ва савумин рӯзи ҳар моҳ ва номи яке аз ҳафт амшоспанд (фириштаи бузург) аст, ки нигаҳдорийи оташ ба ӯ супурда шудааст. 

Тақвими Ҷалолӣ дар ростои ислоҳу муҳосибаи дақиқи гоҳшуморийи эронӣ ва дар пайи гоҳшуморийи яздигурдӣ ба вуҷуд омад. Ин тақвимро дар ҳамоҳангӣ бо соли эътидолӣ дақиқтарин гоҳшуморийи ҷаҳон донистаанд. Дар баробари тақвими аврупоӣ, ки дар ҳар 3320 сол як рӯз хато дорад, Гоҳшуморийи Ҷалолӣ дар ҳар 10 ҳазор сол як сония хато дорад. Аҳаммияти дигари Тақвими поки аҷдодии мо: дар қадим, номҳои нуҷумӣ бар ҳасаби суратҳои фалакӣ номгузорӣ шуда ва номҳои моҳҳои нуҷумӣ ба ин қарор будааст: ҳамал (барра), савр (гови нар), ҷавзо (дупайкар), саратон (харчанг), асад (шер), сунбула (хӯша), мизон (тарозу), ақраб (каждум), қавс (камон), ҷадй (бузғола), далв (далв, зарфи обхурӣ), ҳут (моҳӣ). То тақвими Хайём (Ҷалолӣ) Наврӯз сайёр буда ва дар ҳамайи фаслҳо гардиш мекардааст, бино бар ин Наврӯз гоҳе дар тобистон ё пойиз ё зимистон ҳам воқеъ мешуда ва иҳтимол дорад, ки шоъире дар Наврӯз зимистон ё тобистонро васф карда бошад. 


  ЧАРО ИН ТАҚВИМРО ҶАЛОЛӢ ГӮЯНД?

Дар соли 471 қамарии ҳиҷрӣ (баробар бо 1079 милодӣ) ба амри Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ, ба василайи Ҳаким Умари Хайём ва чанд мунаҷҷими дигар ин гоҳшуморӣ танзим ва ба номи Ҷалолуддини Салҷуқӣ, ки ӯ худ туркмон буд, гузошта шуд. Дар он сол Наврӯз дар 19-умин рӯзи фарвардин воқеъ буд. Дар тақвими Ҷалолӣ Наврӯз собит гардид ва аввалин рӯзи моҳи ҳамал нахустин рӯзи сол баргузида шуд. Соли шамсиро маъмулан 365 рӯз мегирифтаанд ва соли шамсӣ мураккаб буд аз 12 моҳи сирӯза ва 5 рӯзи изофӣ, ки «хамсаи мустариқа» (панҷаи дуздида) меномиданд. Аммо соли шамсии воқеъӣ 365 рӯзу 2 соъату 49 дақиқаву 51 сония аст. Дар Тақвими Ҷалолӣ кабиса ба таври комил ба ҳисоб омада. Тақвими Ҷалолие, ки ҳаққан бояд онро Тақвими Хайём номид, аз назари арзиши риёзӣ ва нуҷумӣ ба Тақвими Григорӣ бартарӣ дорад. Ҳисоби ин тақвим бисёр наздик ба муҳосиботи ҷадид аст.

 
 Баргирифта аз навиштаи донишманди тоҷик Обид Шакурзода
 


Рустами Ваҳҳоб

Наврӯзгоҳ

Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,
Биё,  бо он фару фархундафолӣ.

Дигаргун соз аҳволи башарро,
Бишӯй аз рӯйи гетӣ гарди шарро.

Ба бӯйи хок Одамро даво кун,
Дили моро ба раҳмат ошно кун.

Ба назме, ки дар ӯ ҳаргиз халал нест,
Туро дар кори ин олам бадал нест.

Шукуҳи Ҷоми Ҷам дар синаи туст,
Ҷабини офтоб ойинаи туст.

Майи боқӣ ту дар паймона дорӣ,
Зи авҷи ахтарон парвона дорӣ.

Ки чун дар оташи ту пок сӯзанд,
Ба сӯзи нав ҷаҳонро барфурӯзанд.

Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,
Ки пайки адлу рамзи эътидолӣ.

Сару сомони Сомонӣ ту дорӣ,
Зиҳӣ давлат, ҷаҳонбонӣ ту дорӣ.

Нишоти ҳикмати Хайём бо туст,
Ҳазор оғози хушфарҷом бо туст.

Сиёвушон зи домотан бирӯяд,
Шамимаш ҳикмати Сино бигӯяд.

Насимат сабз созад турбати Бурх,
Фурӯзад лолазорони Гули Сурх.

Гули Сурхе, ки Айнӣ ибтидо кард,
Душанберо Бухороошно кард.

Заминҳову замонҳо бо ҳам ояд,
Чу булбул паҳлавонӣ месарояд.

Ватан имрӯз чун Наврӯзгоҳ аст,
Қабои сабзаш аз меҳргиёҳ аст.