Activities calendar

13 октября 2026

ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ НАҚШҲОИ ОФАРИДАИ ҲУНАРМАНД ҒОЛИБ ИСЛОМОВ ДАР СИНАМО

Дар олами синамо ҳунарманд ҳамчун идеал, тарбиятгар, тарғибкунандаи сиёсат, фарҳангу санъат мақоми хоса дорад. Аз ин рӯ санъати кино, ки омезишёфтаи санъати сухани адабӣ, мусиқӣ, рассомӣ аст, дар ташаккули мафкуравии ҷомеа, хосатан наврасону ҷавонон нақши созгор гузошта метавонад...

барчасп: 

ЗАБОНИ МОДАРӢ – УНСУРИ АСОСИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА БАҚОИ ДАВЛАТДОРӢ

Оинаи таҷаллии рӯзгору афкор, шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сармояи ифтихори миллат забони ӯст. Забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он вобастааст. Аз рӯзгори қадим забони модарӣ ва асолати миллӣ ба сифати муҳимтарин унсури ҳувиятсоз ва меҳвари фарҳанг барои мардуми мо низ мояи ифтихор буду ҳаст ва барои наслҳои оянда низ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд...

барчасп: 

МАҚОМИ “ФАЛАК” ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Мусиқии касбӣ-суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, ки аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофар мерос мондааст, бо таровату нафосаташ аз қадимулаём машҳур буда, дар он шодиву сурур, яъсу ноумедӣ ва баъзан ғаму андуҳи мардум инъикос инъикос гардида. Ин ганҷи ниёгон таҷассумгари софию покизагӣ, ваҳдату дӯстӣ, садоқату инсонпарварӣ ва орзуву омоли мардуми тоҷик буда, тӯли қарнҳо чун ифодагари анъанаю маросимҳо пойдор мондааст...

барчасп: 

НАЗАРЕ БА ВОЖАИ “ФАЛАК” ДАР АШЪОРИ ШОИРОН

Фалак дар истилоҳи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон як сабки асили суннатӣ ва мардумӣ аз мусиқӣ ва овозхонӣ аст, ки аз дардҳо, ранҷҳо умедҳо ва гирудори зиндагии мардуми кӯҳистон бархостааст...

барчасп: