ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ НАҚШҲОИ ОФАРИДАИ ҲУНАРМАНД ҒОЛИБ ИСЛОМОВ ДАР СИНАМО

Дар олами синамо ҳунарманд ҳамчун идеал, тарбиятгар, тарғибкунандаи сиёсат, фарҳангу санъат мақоми хоса дорад. Аз ин рӯ санъати кино, ки омезишёфтаи санъати сухани адабӣ, мусиқӣ, рассомӣ аст, дар ташаккули мафкуравии ҷомеа, хосатан наврасону ҷавонон нақши созгор гузошта метавонад. Дар амалӣ намудани рисолати ҳунарманд танҳо як саҳнаи театр кофӣ нест, балки майдони бузурги нақшофарӣ лозим аст, то ҳунарманд ба ҳадафи худ бирасад.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ғолиб Исломов аз зумраи ашхоси интихобкардаи роҳи санъат аст, ки дар се самти фаъолият: театр, телевизион ва кино муваффақ гардидааст. Ӯ дар баробари фаъолият дар Муассисаи театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳамчунин бо киностудияи "Тоҷиккино" ҳамкории зич намуда, дар офаридани филмҳои истеҳсоли ин киностудия ва киностудияҳои давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ низ саҳм гузоштааст.

Маҳорату истеъдод ва сурату сирати хос ба санъати театру кинои Ғ. Исломов диққати коргардонҳои киноро ба худ ҷалб менамуд. Нахуст коргардони тоҷик Марворид (Маргарита) Қосимова дар симои Ғ. Исломов нақши Давлатро, ки дар наворгирии филм ба нақша дошт, дарёфт ва соли 1972 ӯро ба ҳайси яке аз қаҳрамонҳои филми бадеии «Чор тан аз Чорсанг» даъват ба офаридани ин нақш кард. «Чор тан аз Чорсанг» филми бадеӣ- телевизионӣ буда, аз ду қисм иборат аст. Филмҳои телевизионӣ ном гирифтани ин қабили филмҳо бо он мақсад аст, ки дар доираи имкониятҳои техникии телевизион ба навор гирифта мешаванд. Ҳунарманди ҷавон, ки акнун қадам аз саҳнаи театр ба синамо мегузошт, барояш он лаҳзаҳо хотирмон боқӣ монд ва ӯ вориди майдони синамо гардид. Образи Давлат як образи мукаммал дар филм ба ҳисоб мерафт. Характери қаҳрон дар сенария хеле мураккаб ба тасвир дода шуда буд, ки офариданаш барои хунарманд ба осонӣ муяссар намегардид. Аз ин ҷиҳат лозим меомад, ки Ғ. Исломов дар офаридани нақши Давлат бисёр ҷустуҷӯйҳо ва тамринҳои касбӣ анҷом диҳад, то муваффақ вориди дунёи қаҳрамонаш шавад. Ин ҷустуҷӯйҳои касбӣ ва тамринҳои пайваста ӯро дар дарк намудани дунёи қаҳрамонаш муваффақ намуд. Давлат дар филм чун ҷавони зирак, қавиирода, самимӣ ва далеру чобук тасвир шуда буд ва Ғ. Исломов бо мададу кушишҳои бевосити коргардон М. Қосимова нақши Давлатро бозӣ кард ва осонию мушкилоти нақшофариро аз саҳнаи театр дар саҳнаи кино дарк намуд. Дар гузашта ва имрӯз санъати кино талаби бештар офаридани филмҳои воқеӣ (реалӣ) ва инъикоскунандаи мавзуи замонро дорад. Воқеияти ҳаётро санъати кино хеле барҷаста таҷассум менамояд ва ин барҷастагӣ рабт ба ҳунари актёр мегирад.

Дар санъати кино заҳмати актёр аз санъати театр дида ба куллӣ тағйир меёбад ва агарчӣ аз як ҷиҳат осон бошад ҳам аз ҷиҳати дигар мушкилӣ пеш меорад. Масалан, осонии кор дар ин аст, ки қаҳрамони дар филм нақшофаранда як ҳолатро дар чанд дубл ё фрейм медиҳад, қаҳрамон дар якчанд ҳолат амалашро иҷро мекунад, лекин дар театр ин мушкил аст, зеро қаҳрамон назди тамошобин танҳо як маротиба амалашро пешкаш мекунад. Иҷрои хуб ва ё бади нақшро бинанда дар худи ҳамон ҷой баҳо медиҳад.

Филми бадеӣ телевизионии «Чор тан аз Чорсанг» ду давраи ҳаёти аз сар гузаронидаи қаҳрамонро дар бар мегирифт: ҷавонӣ ва пирӣ. Барои Ғ. Исломов, ки дар айни шубоб буд, офаридани нақши ҷавонии Давлат ба ихтиёри дил буд, лекин ӯ аз дили пирон хабар надошт. Ҳайати эҷодӣ барои дар филм пайдо кардани симои пирии қаҳрамон аз воситаҳои лозима аз қабилӣ пардози чеҳраю мӯй, сару либоси ба сину сол мувофиқ, ҳаракати хоса таклиф пеш офарданд ва то андозае ба қиёфаи Ғ. Исломови ҷавон тағйирот ворид карда, симои ӯро мувофиқ гардониданд. Акнун фурсати он расида буд, ки Ғ. Исломов ҳолати ботинии худ ва тарзи сухан рондани худро дар филм дигар кунад, то ба идомаи филм мувофиқ афтад. Чун ӯ ба симои пирии худ назар афканд вуҷудашро ҳиссиёте фаро гирифт ва ин ҳолат ӯро дар офаридани нақш дар симои пирӣ муваффақ гардонд.

Дар филм ин аз чанд коркарди эҷодӣ гузаронида мешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ғ. Исломов ҳар ду саҳна-театру киноро ҳамчун олами шавқангез ва ҳунарпешаро шахси дар олам серташвиш ба тасвир додааст. Назари ӯ баёнгари он аст, ки ҳунарпеша ҳамеша пайи ҷустуҷӯйи навгонӣ дар ҳунари худ аст ва маҳз ҳамин санъати кино ин вазифаро пеши санъаткор мегузорад.

Нақшофарӣ кардан дар жанри синамо барои Ғ. Исломов як ҷаҳони дигарро кушод, ӯ дарку кашфи майдони филмофарӣ кард ва касбияти худро бо нақши қаҳрамони асосии ин филм камол бахшид. Нахуст, кино барои ҳунарманд соҳаи шавқангез гардид ва дуввум ба сари ҳунарманд вазифа гузошт, ки дар пайи расидан ба мақсад як ҷаҳон ташвишҳоро пушти сар намояд.

Аз ҳамаи санъатҳои дигар (мусиқӣ, рассомӣ, театр, адабиёт) дида, санъати кино барои шиносоӣ бо ҳаёти ҳар мамлакат имконияти калонеро фароҳам меорад.

Ҳамаи санъатҳо ба худ хусусияти хосе доранд ва санъати кино низ аз ин хусусият истисно нест. Нахуст хусусияти кино дар он аст, ки дастгоҳи сабти филм фошсозандаи тайёрии суст ва асрори дар дил доштаи ҳунарманд аст, дурӯғи ӯро фош месозад. Барои коргардон ва наворбардори филм кашф кардани ҳолати қаҳрамон назар афкандан ба чашмони ҳунармандон аст, яъне тавассути чашм мақсад ва ҳолати рӯҳии қаҳрамон- ҳунарманд ифода меёбад. Барои Ғ. Исломов иштирок дар филми телевизионии «Чор тан аз Чорсанг» сабаб гардид, ки ӯ корро дар назди дастгоҳи наворбардорӣ, бо гурӯҳи эҷодӣ, баёни сухан, самимӣ будан дар саҳна, фурӯ нишондан ва ё ошкор кардани ҳолати ғазабу хурсандии худро бо имову ишора ифода намуданро омӯзад.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ғ. Исломов дар филми «Вохӯрии кӯтоҳ дар ҷанги дарозмуддат», ки аз рӯйи сенарияи М. Миршакар рӯйи фитаи кино омадааст, нақши Умарро бозидааст. Ин нақшро коргардони филм А. Раҳимов интихобан ба Ғ. Исломов пешниҳод кард, зеро ки ҳунари актёрии ӯро дар филми бадеӣ-телевизионии «Чор тан аз Чорсанг» дида буд ва дар симои ин ҳунарманд, хислати қаҳрамони филмро тасаввур мекард. Аз симои зоҳирӣ ва ботинии ин ҳунарманд эҳсос менамуд, ки аз иҷрои нақши Умар бо тамоми нозукӣ баромада метавонад ва баланд гардидани мартаби филм низ ба ҳунари Ғ. Исломов вобастагӣ пайдо мекунад. Коргардон А. Раҳимов санъати баланди иҷрои нақшро дар ҳунари Ғ. Исломов дар офаридани нақши Умар мушоҳида кард ва тамошобин низ ҳамчунин.  

Ба Умар қаҳрамони филми «Вохӯрии кӯтоҳ дар ҷанги дарозмуддат» чунин тасвиру тавсиф ҷавони зудбовари чеҳракушода, вафодор, фидокор, содиқ, қавиирода ва ошиқ нисбат дода шуда буд ва Ғ. Исломов ғарқаи ин хислатҳо шуда, образро дар зинаи баланди касбӣ офарид, ки аҳсани тамошобин ба ҳунари ӯ равона гардид.

Воқеан Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ғолиб Исломов дар синни ҷавонӣ миёни ҳаводорони санъати театрӣ ва кинои тоҷик шуҳратёр гардид. Нақшҳои бозидаи ӯ, ки тавъам бо хислати қаҳрамонҳои ин ё он филми бадеӣ рӯйи навор меомад, пеши тамошобин дилнишин буд.

Аксар нақшҳое, ки ҳунарманд Ғ. Исломов дар кинои тоҷик бозид, басо хубу марғуб буда, писанди тамошобинон гардидаанд. Филмҳои офаридаи Ғ. Исломовро коргардонҳои муваффақи тоҷик бо диди касбият баҳогузорӣ карда, барои дар киноҳои дигар нақш офаридан ӯро «зери чашм» мекарданд. Хусусан, Тоҳир Собир-коргардони тоҷик нақшҳои бозидаи Ғ. Исломовро дар ду филм мушоҳида карда, аз рӯйи сину сол, қаду баст, симо, мувофиқ ба хислати қаҳрамон амал кардану ҷавобгӯ буданаш ба дигар талаботҳои ҳунарманди кино, ки дар ҳунарпешаи ҷавон дида буд, ӯро даъват ба ҳамкорӣ намуд ва дар натиҷаи ҳамкориҳо мақсад гузошт, ки ба ин ҳунарманд нозукиҳои касби наворбардории филмҳоро омӯзонад.

Ҳамкории коргардони филм Т. Собиров ва ҳунарманд Ғ. Исломов дар кинои тоҷик судманд анҷом мепазируфт. Яке аз филмҳои сертамошобини коргардон Т. Собиров филми «Вохӯрӣ дар дараи марг» буд, ки дар он Ғ. Исломов нақши комиссар Бековро меофарид. Ин образ таҷассумгари симои инсонест, ки хислатҳои беҳтарини одамгариро дорост. Дар ин образ ҳунарманд Ғ. Исломов комиссари ҷавони кордону дурандеш, ки аз пастиву баландии ҳаёт, аз неку бади рӯзгор огаҳ аст, рӯйи навори кино овардааст. Ин нақш ба ҳунарпеша Ғолиб Исломов муваффақият овард, зеро образи офаридаи ӯ (Беков) ба дӯстдорону ҳаводорони санъати кино маъқул афтод. Ин образ истеъдоди Ғ. Исломовро равшану возеҳ назди коргардони филм Т. Собиров кушод. Акнун майдони кино барои ин ҳунарманд кушода буд, зеро дарси коргардони кино Т. Собиров ба маҳорати касбии ӯ зам гардида, истеъдоди ӯро дучанд гардонида буд. Дуои падаронаи коргардон Т. Собиров роҳи ӯро дар ҷодаи интихобкардааш ҳамвору суфта гардонида, мақому мартабаи ӯро миёни ҳунармандони тоҷик ва хориҷ афзуд.

Бо гузашти муддате коргардони муваффақи тоҷик Т. Собиров, ки мафтуну шефтаи ҳунару истеъдоди актёри ҷавон Ғ. Исломов гардида буд, ӯро ба филми навбатӣ «Алибобо ва чил роҳзан» даъват намуд. Дар филми мазкур нақши Акбари ғуломфурӯш насиби Ғ. Исломов гардид, зеро ба назари коргардон, ягона ҳунарманди тоҷик, ки ҷавобгӯ ба талаботи иҷрои ин образ буд, дар симои Ғ. Исломов дида мешуд.

Ҳамин тавр ҳунари актёрии Ғ. Исломов дар нақши Имматшо дар филми «Ҷаҳиш», нақши дарвеш Элмурод аз филми дуқисмаи «Манзилатон дар амон бод» боло рафтан гирифт. Махсусан, агар нақши дарвеш Элмуродро андаке таҳлил намоем, мазмунан чунин аст: Элмурод дар филм яке аз тарафдорон ва дасти рости сардори босмачиён - Рустамбек аст. Рустамбек ба Элмурод боварии комил дорад ва дар ҳама ҳолат барои ҳалли масъалаи ба миён омада нахуст ба Элмурод муроҷиат мекард. Элмурод барои мушкилоти Рустамбек роҳи ҳал нишон медод. Ҳар супориши додаи Рустамбекро саривақт ба иҷро меовард. Дар филми мазкур образи офаридаи Ғ. Исломов–Элмурод манфӣ - ҷосус аст. Лекин ҷосусии ӯ зоҳиран намудор гашта, ботинан шахси меҳрубон буд. Ин ҷиҳати меҳрубонии ӯ дар аксари саҳнаҳои қисми аввали филм ба назар мерасиданд.

Ҷараёни филм ба тамошобин маълум менамояд, ки қаҳрамони филм Элмурод ба кулли тағйир ёфтааст. Дар саҳнаҳои минбаъдаи филм рафтори Рустамбек бо Элмурод тағйир меёбад ва миёни онҳо ҷангу хархаша ба миён меояд.

Ӯ аз гуноҳҳои содир кардааш нороҳат шуда, худро сарзаниш мекунад, ки чаро ба хиёнаткорӣ, одамкушӣ вайронкорӣ даст зад, пушаймон аз амалҳои кардаи худ мегардад ва афсӯс мехӯрад, ки ба муқобили сохти нави Шуравӣ баромадааст ва аз кору пайкори худ даст кашида ба ҷониби аскарони сурх, ки ҷонибдори Ҳукумати Советӣ буданд, рӯ меорад ва барои расидан ба мақсади онҳо мубориза мебарад…

Идеяи коргардон дар ин филм ҳамчун филмҳои дигар ва чун асарҳои саҳнавӣ таззодгузори ду қувва: манфӣ ва мусбат аст. Ин таззод боиси ҷалби диққати тамошобин гардидааст. Танзими кадрӣ ва иҷроиши нақшҳо дар порчаҳои филм хуб анҷом ёфта, нақши Ғ. Исломовро нисбати дигар ҳунармандон барҷаста баромадааст.

Аҳамияти филм ва нақши Элмурод - Ғ. Исломов дар он аст, ки дар ниҳоди ҷавонон дурандешӣ, озодихоҳии халқ, меҳру муҳаббат ба ватан доштанро бедор сохта, дарси ҷавонмардӣ меомӯзад.

Ҳар як халқият дар ҷаҳон бо фарҳанг ва ашхоси фарҳангӣ, хосатан санъаткоронаш шинохта мегардад. Ғ. Исломов аз рӯйи нақшҳои бозидааш дар саҳнаи кино ифтихори миллати тоҷик гардидааст. Зеро ки саҳнаи кино ва театр, ки макони фаъолияти ин ҳунарманд қарор гирифтааст, имрӯз ба ҳайси як муассисаи фарҳангӣ амал карда, дарди замона ва мушкилоти доғи рӯзро инъикос менамояд. Дар асоси филмҳо ҳунари мардум, назари мардум, ҷаҳони маънавии як миллат ба оммаи ҷаҳон муаррифӣ мегардад. Ғ. Исломов муаррифгари санъати волои театрӣ ва кинои тоҷик аст, ки анъанаҳои ниёгонро поси хотир медорад ва бо ҳунари нотакрори худ маҳбуби дилҳо гаштааст. Бо ин мақсад ӯ дар филмҳое, ки мавзуашон бархӯрди дарди ҷомеа аст ва симои қаҳрамонаш пуштибонӣ аз манфиати халқ мекунад, нақши марказӣ мебозад. 

Номгӯйи филмҳое, ки Ғ. Исломов бо коргардонҳои маъруфи соҳаи кино ва телевизиони тоҷик ҳамкорӣ карда, офаридааст, агарчанде бешумор ҳам набошанд, лекин образҳои хотирмону марказианд. Ҳамкории Ғ. Исломов дар филмҳои коргардонишудаи Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Абдусалом Раҳимов, Анвар Тӯраев ва Давлат Худойназаров шаҳодат аз он медиҳад, ки истеъдод ва касбияти ҳунарманд сатҳӣ набуда, ба дараҷаи олӣ расидааст. Бо кино ва дунёи шавқангезу серташвиши он будан, барои Ғолиб Исломов лаҳзаҳои хотирмони зиёдеро дар пай дорад, ки ҳангоми ёдоварӣ кардан аз онҳо дар ниҳоди ӯ як ҳисси хурсандиву хушбахтӣ падид меояд ва дарк менамояд, ки санъати худро муаррифӣ кардан ин расидан ба худшиносиву худогаҳии миллӣ аст.

Ғолиб Исломов нақши Охунро аз филми телевизионии «Асп дар зери маҳтобшаб»-и («Лощади под луной») О. Тӯлаев, ки соли 1979 рӯйи навор омадааст, хеле хуб бозид ва аз тарафи тамошобинон дар зинаи баланд пазироӣ гардиданд.

Дар тарбияти касбии актёрон ҳанӯз аз даврони донишҷӯйӣ ба омӯхтани шамшерзанӣ, оббозӣ, ронандагӣ ва асптозӣ аҳамияти хосса дода мешавад. Зеро аксари саҳнаи филм хосатан филмҳое, ки дар он саҳнаи муборизаҳои ҷангӣ наворбардорӣ карда мешаванд аз ҳунарманд ҳунари баланди тирандозӣ ва асптозиро талаб мекунад. Масалан, дар нақши Охун аз филми «Асп дар зери моҳтобшаб» чунин саҳнаҳое, ки дар он тирандозӣ ва аспдавонӣ ва ё ҷаҳидан ба асп ва афтодан аз он дида мешавад. Ба офарандаи ин нақш Ғолиб Исломов муяссар гардид, ки бо чолокиву далерӣ ҳар амали дар ин филм анҷом доданаш заруриро ба иҷро расонад. Маҳорати хуби касбиро бо истеъдоди нотакрор ва бо маҳорати худододаш собит сохт.

Воқеан, дар ҳунари Ғ. Исломов дарки маънии баланди сухан, воқиф будан аз ҳолати рӯҳиву равонии қаҳрамони асар, ки ба сенарияи филмнома алоқамандӣ дорад, хеле хуб ва мувофиқ ба чашм мерасад. Ин нишони истеъдоди табии ҳунарманд аст, ки бо омӯзиши мактаби касбият дар кино ва театру телевизион сайқал ёфтааст.

Дар ҳар марҳилаи ташаккули кино ва телевизиони тоҷик Ғ. Исломов мақоми худро дарёфтааст. Зеро филмбардорӣ дар жанрҳои гуногун, гарчанде бе иштироки ӯ мегузаштанд, ба ҳунари ӯ зинаи нави касбият зам мекарданд. Чуноне ки маълум аст, дар солҳои 70-ум, филм-балет дар сатҳи нав аз худ карда шуд ва E. Кимягарова ба ин жанр таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Аммо филмҳои «Аджио» (1971) ва «Гули сеҳрнок» (1974) бештар ба репортажи толори театр монанд буданд. Онҳо ҷустуҷӯи тафсири кинематографӣ ва пешниҳоди асари хореографиро эҳсос накарданд. Ба тамошобинони кӯдакон диққати махсус дода шуд. Студия ба таҳияи филмҳои тасвирӣ шуруъ кард: «Суруди кӯҳҳо» (В. Голиков, 1969), «Насими меҳрубон» (Н. Котовщикова, 1970), «Афандӣ, Хар ва Дуздон» (Н. Леснер, 1971). Дар шумори филмҳои бадеӣ як қатор филмҳо барои кӯдакон офарида шудаанд: «Ба пеш, Гвардия» (В. Ахадов, 1971), «Паланг мехост» (Б. Арабов, 1974), «Шираки ҷасур» (М. Махмудов, 1976) , «Бигзор моҳигирҳо биёянд» (Б.Арабов, 1977), «Замоне дар синфи якум буданд» (М.Қосимова, 1978).

Дар ин солҳо ташаббуси эҷодӣ дар дасти насли ҷавон ва миёнаи филмсозон буд. Дар байни асарҳои онҳо ҳақиқати нозук, пурғавғо, реализм, муносибати муаллифии филми «Ҷӯра Саркор» (М. Касимова, 1970); филмҳои «Духтари сеюм» ва «Муҳаббати аввалини Насриддин» (А. Тӯраев, 1971, 1978) хати тасвирии баркамол, нақшофарӣ, ҳисси таваҷҷӯҳ ба арзишҳои аслии маънавии миллӣ ҷолиб буданд. Дар як гузориши тоза мавзуи ҷанг алайҳи фашизм дар филмҳои «Афсонаи зиндони Павиак» (С. Ҳамидов, 1971), «Вохӯриҳои мухтасар дар ҷанги дароз» (А. Раҳимов, 1975) ва «Зане аз диёри дур» (Т. Собиров, 1977). Дар ҳамаи ин филмҳо, қаҳрамонони асосӣ намояндагони халқи тоҷик мебошанд, ки дар қатори дигарон дар ҷанги бераҳмона ширкат варзиданд, ки далерӣ, нерӯи маънавӣ, ахлоқи баланд ва ҳисси масъулият дар назди башариятро талаб мекарданд. Асоси сюжетии ин филмҳо, чун қоида, тақдири одамони воқеӣ буд, ки Ғ. Исломов пас аз тамошои ҳар филм ҳадафи нав пеши худ мегузошт ва пайи расидан ба мақсад кӯшиш менамуд.

Дар аввали солҳои 80-ум анъанаҳои дар охири солҳои 70 таҳияшуда идома ёфтанд. Дар ин давра, нисбат ба солҳои қаблӣ, миқдори нисбатан бештари истеҳсоли филм сурат гирифт. «Тоҷикфилм» ҳамасола 3 филми бадеии паҳншаванда (яъне барои намоиш дар кинотеатрҳо), 3-4 филми бадеии телевизионӣ, 24 филми мустанад, филми илмӣ-оммавӣ, 12 шумораи кинохроника, 6 шумораи киножурнали ҳаҷвии «Калтак», як ё ду карикатураро баровардааст, 44-48 филм ба забони тоҷикӣ дубляж карда шуданд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ғ. Исломов дар дублияжи филмҳо низ нақш дорад.

Ҳар як образи офаридаи Ғ. Исломов чӣ дар киностудияи «Тоҷикфилм» ва ё чӣ дар ҳамкорӣ бо дигар киностудияҳо ҷолиб, диққатрабо ва бо маҳорати баланди иҷроиш, мақбули бинандагон гардидааст. Ӯ дар кино як қатор образҳои ҷолиб офаридааст: филмҳои «Боз як шаби Шаҳрзод» нақши Музаффар (соли 1984), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (соли 1984) нақши Тоҷир, «Афсонаҳои охири Шаҳрзод» (соли 1987) нақши Ситорашинос, аз «Ашк ва Шамшер» нақши Нозим (соли 1991), «Сарҳади давлатӣ» нақши камандир Қосимов (истеҳсоли киностудияи «Белорусфилм», соли 1983), «Алибобо ва чил роҳзан» (соли 1979), «Суғдиён макони худоён» нақши Туграк (истеҳсоли киностудияи «Ӯзбекфилм»), «Чор тан аз Чорсанг» нақши Давлат (соли 1972), «Вохӯрии кӯтоҳ дар ҷангҳои дурудароз» нақши Умар ( соли 1975), «Ҷаҳиш» («Бросок», соли 1981) нақши Иматшоев, ҳамчунин дар филмҳои «Асрори гузаргоҳи фаромӯшшуда» (Тайна забытой переправы», соли 1973), «Баромад ба Ганг» («Всход над Гангом», соли 1975), «Оромӣ дар хонадони шумо» («Мир вашему дому») (соли 1981 иборат аз 3 қисм), «Дар ағба намепарронанд» («На перевале не стрелять», соли 1983), «Писарбача гум шуд» («Пропал мальчик», соли 1979), «Рангинии ишқ» («Узоры любви», соли 1983) ва ғ.

Коргардонҳои киностудияҳои «Ленфилм», «Қазоқфилм», «Ӯзбекфилм», «Белорсфилм», «Сурияфилм» ва синамоҳи Афғонистону Эрон Ғ. Исломовро барои ҳамкорӣ кардан, дар нақшҳои мувофиқ даъват мекарданд. Филмҳои «Алибобо ва чил роҳзан» киностудияи «Ӯзбекфилм», «Сарҳади давлатӣ» киностудияи «Белорусфилм» намунаи ин ҳамкориҳост.

Ғолиб Исломов дар марҳилаи солҳои 1970-1985, ки давраи аз ҳама сермаҳсул ва бо муваффақияти кинои тоҷик ба шумор меравад, дар боло бурдани санъати кинои тоҷик бо офаридани нақшҳои марказӣ то ҳадде саҳми худро гузоштааст.

Санъати кино ба худ хусусиятҳои хос дорад, ки ҳангоми филмофарӣ аз назари коргардонҳои филм дур намемонад. Ин аз қабили мувофиқати ҷинс, синну сол, қиёфа (шарқӣ, ғарбӣ ва ғ.), қаду қомат ва хислати қаҳрамон мебошад. Аз интихоби коргардонҳои филм Ғ. Исломов рӯафтода намешавад, аз худ боварӣ дорад, ки дар интихоб муваффақ мегардад ва ба ҳайси қаҳрамони филм амал карда, образи пурмазмун меофарад.

Ғ. Исломов он малакае, ки аз коргардонҳои филмҳо омӯхтаю ба зинаи устодӣ расидааст, имрӯзҳо дар тарбияи шогирдони саҳнаи театру майдонҳои кино бахшида истодааст. Ӯ дар филмҳои ҳунарии «Ширин», «Шумқадам», «Худкуш», «Гули санг», «Арӯси хапак», «Мутақарнай», «Вафодор» саҳми худро ҳамчун коргардони дуюм гузоштааст. Инчунин нақшеро дар филми «Гули санг» бозидааст, ки то дараҷае дар офаридани он муваффақ гардидааст.

Филми телевизионии «Пӯлод ва Гулрӯ» соли 1974 аз рӯйи сенарияи М. Миршакар ба навор гирифта шудааст. Дар ин филм Ғолиб Исломов нақши Пӯлодро офаридааст ва дар нақш ӯ қаҳрамонашро ба ҳақиқати зиндагӣ омехта, пайванди ботиниву ҷисмонии онро дар саҳна нишон дода тавонист.

Дар саҳнаи театр ва ё синамо ҳунарманд Ғ. Исломов як қатор нақшҳоро ду нафарӣ бо ҳамкасбонаш иҷро мекард ва бо ин восита ҳунари олиашро ба тамошобин муаррифӣ мекард, ҳамчунин бо ин роҳ ҳамкасбон аз ӯ сабақи касбият меомӯхтанд.

Фаъолияти ҳунарии ҳунарманд Ғ. Исломов, ки таърихи беш аз нимасраро дар саҳнаи театр, телевизион ва синамо дар бар мегирад аз тарафи давлат қадршиносӣ гардидааст. Ин аст, ки ӯро соли 1991 бо унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, соли 2002 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон қадр намуданд. Ӯ аз соли 1982 аъзои Иттифиқи кинематографистони Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) мебошад.

Бобоҷон РАҲИМОВ,

ходими пешбари илмии

шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

барчасп: