Мусиқии касбӣ-суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, ки аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофар мерос мондааст, бо таровату нафосаташ аз қадимулаём машҳур буда, дар он шодиву сурур, яъсу ноумедӣ ва баъзан ғаму андуҳи мардум инъикос инъикос гардида. Ин ганҷи ниёгон таҷассумгари софию покизагӣ, ваҳдату дӯстӣ, садоқату инсонпарварӣ ва орзуву омоли мардуми тоҷик буда, тӯли қарнҳо чун ифодагари анъанаю маросимҳо пойдор мондааст. Фалак дар «Готҳо»-ву «Яштҳо» ва «Ясноҳо»-и Авасто оғоз шуда, дар замони давлатдории Сосониён, асосан дар аҳди Ардашери Бобакон (224-241) ва Хусрави Парвиз (590-628-38) рушду равнақ ёфт.
Дар замони хунёгари дарбори Хусрави Парвиз Борбади Марвазӣ (590-628-38) суннатҳои замзама ва замзамахонӣ, божхонӣ, божхомӯшӣ, фаҳлавиёт(рубоиёти фалакӣ ё фалакиёт), маъмул буданд.
Нишонаҳои суруди Фалак аз адабиёти суфия баромада, дар эҷодиёти Абусаиди Абулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Боботоҳири Урён ва дигарон мушоҳада мешаванд. Боботоҳири Урён
Боботоҳири Урён дар фалакиёти худ роҷеъ ба мавзуъҳои гуногун ҳарф зада, бо баёни ғаму андӯҳи шахсии худ одамонро ба инсондӯстӣ, меҳрубонӣ ва қадршиносии ҳамдигар даъват мекунад. Аз кӯтоҳ будани умри инсон ва нопойдор будани зиндагӣ ёдрас мешавад:
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша,
Ба даргоҳи Худо нолам ҳамеша.
Азизун, қадри якдигар бидунен,
Аҷал санг асту одам мисли шиша.
Ӯ тамоми ғаму андуҳ, нокомиву носозгориҳои зиндагиро ба Худованд нисбат дода, пеши тақдири Илоҳӣ сари таслим хам мекунад ва ҳамин маънӣ асли Фалакиёт маҳсуб мегардад:
Гарам рунӣ, в-арам хунӣ, та дунӣ,
В-арам охир бисӯзунӣ, та дунӣ.
В-арам бар сар ниҳӣ Алванду Майманд,
Ҳамевожам, Худо, дунӣ, та дунӣ.
Донишманди охири асри 10 ва ибтидои асри 11 Фахриддини Марвӣ дар асари худ «Сабки фаҳлавиёти хуросонӣ» «аз парҳезӣ будани мардумони Хуросон аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ» ёдовар шуда, ба савту садои кӯҳистон рӯ овардани онҳоро ишорат мекунад. Дар идома чунин менигорад: «Ин кор то бад-он ҷое расид, ки суруди фалакии Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд».
Маънӣ ва мазмунҳои ахлоқии мусиқии фалак инсонро барои ноил шудан ба арзишҳое мисли ростӣ, эҳтиром ба муҳити атроф ва ҷомеа ҳидоят менамояд. Мусиқии фалак натанҳо ҳамчун як сабк, балки ҳамчун тарзи шукӯҳ ва осоиши маънавӣ низ фаҳмида мешавад. Дар шеъри фалак рамзҳои муҳимми ирфонӣ нақши марказӣ дорад ва ҳангоми иҷро ҳар як нота ё овоз барои инсон эҳсоси оромиш, тавозую парҳез ва ҷӯёи маърифат буданро тақозо менамояд.
Фарҳанг дар сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳаки асосии давлатдорӣ маҳсуб гардида, андешаҳои фарҳангпарваронаи ӯ қобили дастгириву арҷгузорист: “Беҳуда нест, ки мо сиёсати фарҳангиро як рукни муҳимми сиёсати далатдорӣ мешуморем. Фарҳанг ба назари ман оинааст, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ акс меёбад ва ин мизони дақиқи беминнат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърихӣ инъикос карда, саҳми ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд”.
Бо ташаббуси Роҳбари давлат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд. Ин рӯйдоди фарҳангӣ ҳунармадону оҳангсозонро дар ҷодаи эҷоди суруду оҳангҳои дилпазир илҳоми тоза эҳдо намуд. Шомил гаштани “ Фалак” ба мероси ғайримоддии ЮНЕСКО (15-уми декабри соли 2021) аз ташаббусҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат дар самти арҷгузорӣ ба ин санъати бузурги аҷдодӣ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ба тасвиб расидани «Барномаи давлатии рушди Шашмақому Фалак ва мактаби устоду шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» аз 28 октябри соли 2023 барои рушди санъати Шашмақому Фалак шароити мусоид фароҳам овард.
Вожаи «фалак» ҳомили маънии осмон, чархи гардун ва сарнавишт аст. Он ҳамчун жанри оҳангу суруди қадимӣ ифодагари дарду ғам, розу ниёз ва фалсафаи зиндагии инсони кӯҳистонӣ мебошад, ки рӯ ба кӯҳу осмон оварда, фарёди худро ба гӯши Офаридгор мерасонд.
Фалак аз рӯи созу овоз ба фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ тақсим мешавад.. Фалаки даштиро фалаки ғарибӣ низ меноманд. Фалаки роғӣ бошад, бо номҳои гуногун, мисли фалаки равонӣ, фалаки паррон, фалаки ғарибӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ ва ғ. ёдовар мешавад.
Сайри Фалак дар масири таърих тӯли қарнҳо аз насл ба насл, аз забон ба забон тавассути мактаби суннатии “устод-шогирд” бо таровату нафосати гуворои аҷдодӣ то ба замони мо омада расидааст. Фалаксароёни тоҷик аз қабили Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, ва дигарон, мусиқии Фалакро ривоҷу равнақ дода, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.
Фаъолияти ҳунарии устод Одина Ҳошим доманадор буда, дар фалаксароии тоҷик нақши хоное гузоштааст. Фалаксароии Одина Ҳошим вижагиҳои хосси худро дорад. Ӯ бори нахуст дар фалаксароӣ ба тариқи силсилабандӣ сароидани фалакро ворид намуда, таҳаввулоти ҷиддие ба ин жанр ворид сохт. Фалак асосан аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бошад, бо суруд, яъне бо сози рубоб иҷро карда мешавад.Ҳар яки ин бахшҳо сабки иҷрои хоссаро дорост.
Қисмҳои фалак дар 7 зина танзиму иҷро мешавад: Фироқ, Нола, Ҳиҷрон, Фарёд, Фиғон, Роз ва Чарх. Тибқи анъана “Фалак”-ро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дуторча (думбра), най, (тӯтак), сетор ва рубоби бадахшонӣ иҷро мекунанд.
Оғози расмии парвози “Фалак” 20 июли 1989 буд. Дар ин рӯз тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарпарастии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри мусиқӣ-драмавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ансамбли “Фалак” таъсис ёфт. Минбаъд, дар замони истиқлол бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд, ки кунун дар назди кумитаи радио ва телевизиони кишвар фаъолият дорад. Бо дастгириву ғамхории бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ба тасвиб расид, ки мутобиқи он ҳар сол, 10 октябр ҳамчун рӯзи “Фалак” дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Имрӯз дар даврони истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Пешвои муаззами миллат баро рушду равнақи мусиқии ҳирфавии тоҷик “Шашмақом” ва “Фалак” тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки фарҳанги миллӣ ҳаматарафа ҳифз карда шавад ва ворид гаштани фарҳанги бегона ва мусиқиҳои ғайр метавонад насли ҷавонро аз муҳаббат ба фарҳанги миллӣ, бахусус ба мусиқии суннатӣ коста гардонад.
Хушбахтона масоили тақвият бахшидани сифати таълим дар муассисаҳои касбии мусиқӣ, Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ҳалли худро пайдо кардаанд ва дар ин боргоҳҳои ҳунар анъанаҳои эҷодию иҷроии фалаксароӣ мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифтааст. Устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба наслҳои ҷавони ҳунарманд асрори онро мемӯзанд.
Саъдӣ Мирзоев
Ходими калони Шуъбаи
Фарҳанг ва санъатшиносӣ

