Муҳтавои ин китоб ҳамин як мисраъ аст. Яъне, сухан ҳар гоҳ “аз сари андеша ояд” ва ҳарфу ҳиҷо ба муроди дили инсон бошад, посух чунин хоҳад буд.
Аммо сухан гуфтан ин худ санъат аст. Як маъноро метавон ба гунаҳои гуногун ифода кард, ки гоҳ хашин ба гӯш расад ва гоҳи дигар форам. Ин аз маҳорати гӯяндаи он вобаста аст, ки хабарро чӣ гуна мерасонад.
Заҳмате, ки олими суханшинос Қурбон Хоҷаев кашидааст, арзиши воло дорад. Дар як китоб талош кардааст маҳорати сухан гуфтан ва сухан шунидану посух доданро биёмӯзад. Ва ҳама мисолҳои ӯ аз ганҷинаи ҳикмати ниёгони некманиши мост, ки бо гузашти ҳатто асрҳо чун дурри гарон боқӣ мондаву ҳамеша вирди забони хосу ом будаанд.
Суханро ба дарозо намекашем ва шуморо ба мутолиаи китоби Қурбон Хоҷаев “Суханварӣ” даъват мекунем. Аммо қабл аз ин маълумотномае дар бораи муаллиф дорем.
Хоҷаев Қурбон Тоҳирович (тав. 7.09.1947, деҳаи Ҳафтқадии хоҷагии ба номи Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат). Олими варзидаи соҳаи усули таълим ва таърихи педагогика. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Соли 1965 мактаби миёнаи рақами 9 ноҳияи Ваҳдат, соли 1970 шуъбаи рўзонаи факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1971 – 1973 мудири бахши адаби Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ. Солҳои 1973–1980 муаллими мактабҳои миёна (52, 43)-и шаҳри Душанбе, 1981-83 методисти кабинети методии республикавӣ, 1983-1990 ходими пешбари ИТИИПТ ва аз соли 1991 то соли 2013 ба ҳайси мудири кафедраи адаб ва фарҳанги Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат адои вазифа намудааст.
Муаллифи китобҳои дарсии:
«Адабиёти тоҷик» барои синфи 6 (1986, 1990, 1994, 2010);
«Адабиёти тоҷик» барои синфи 8 (литсейҳои туркӣ - тоҷикӣ);
«Суханварӣ» барои синфҳои 10, 11 (1997);«Методикаи таълими адабиёти тоҷик»
(1989);«Афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷик дар асри XI»
(2004);«Педагогические взгляды Унсурмаали Кайковуса и Носира Хусрава» (2009) мебошад.
Рисолаи номзадиро дар мавзўи «Таълими асарҳои лирикӣ дар мактабҳои миёна» 23 феврали соли 1989 дар Маскав дифоъ намудааст.
Соли 2006 дар мавзўи «Афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷик дар асри XI» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогиро мушарраф гардидааст.
Дорандаи ордени ба номи Крупская, медали ба номи Бобоҷон Ғафуров, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дарёфти китоб: СУХАНВАРӢ