Интихоби арўс, хостгорӣ, фотиҳа – маросимҳои оғозу пайвастшавии оила
Чоп шуд: 05/07/2017Дар бисёр маврид розигии духтардор сари вақт дода намешавад, зеро дар ҳолати зуд розӣ гардидани онҳо, гўё, қадри духтар паст мешуда бошад ва аз ҷониби дигар духтардор низ мехоҳад аз шахсият ва вазъи оилавии домодшаванда пурра огоҳ бошад. Аз ин рў, бо суханони махсуси таоруфӣ, ба монанди «Умед карда омадед, садқаи саратон, аммо аз мо калонтар бобою бибӣ, тағою амакошон ҳаст. Маслиҳати онҳоро гирифтан даркор» - гўён, каме ба таъхир мегузоранд.