Расму ойинҳои арўсии тоҷикон: дирӯз ва имрӯз

Дар байни мардуми ноҳияи Варзоб расме буд, ки ба ҳавлии домод даромадани арўс дар пеши пойи ў буз ё гўсфандеро сар мезаданд. Сипас, сари ҷонварро аз танаш ҷудо карда, ҷасадашро ба ҷавонон медоданд. Дар байни ҷавонони деҳа ва меҳмонони омада, бузкашии пиёда сурат мегирифт, ки онро «пиёдаулоқ» меномиданд. Гурўҳи ғолиб ҷонвари қурбониро бурда, дар хонаи яке аз дўстон бирён карда мехўрданд.
Расму оинҳои миллӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг буда, бозгуйи орзуву омоли мардуми тоҷик мебошанд. Дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ расму оинҳои гуногун роиҷанд, ки моломоли аносири фарҳангию ҳунарӣ ва адабию фолклорӣмебошанд. Аммо бар замми суннатҳои хуби фарҳангӣ мардум ҳангоми гузаронидани маъракаҳо маблағҳои зиёд сарф карда, ба исрофкориҳо роҳ медиҳанд. Яъне ҷанбаи фарҳангии онҳо ба дараҷаи дуюм гузашта, харҷҳои барзиёду миёншикан ва ҷанбаи худнамоиву шуҳратҷўйии баъзе ашхоси сарватманд ба назар мерасанд.

Бо ташаббуси  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз 8 июни соли 2007  таҷлили ин ҷашнҳоро то андозае маҳдуд кард, ки ин қонун барои манфиати аҳли ҷомеа истифода гардид. Ин дастур барои боздошти хароҷотҳои зиёдатӣ ба маросимҳои суру азо мусоидат кард.

Маросим ва маъракаҳои кишварамон дар маҳалҳо бо ном як бошанд ҳам дар асл аз якдигар фарқ доранд. Ин фарқиятҳо баъ­зан  ҳангоми аз як маҳал ба маҳали дигар хостгорӣ кардани келин сабаби ба миён омадани нофаҳмиҳо мешавад. Ҷараёни баргузории  тўйи арӯсу домод аз хостгорӣ шурўъ шуда, то барпо гаштани маъракаи асосӣ идома меёбад. Пеш аз хонадор кардани домоду арўс ҳоло ҳам маъмулан дар баъзе минтақаҳо усулҳои «гаҳворабахш» ва «гуфтамонӣ»-ро истифода мекунанд.

Гаҳворабахш кардан аз замони тифлии духтару писар, ки ин ҳам яке аз ҷузъҳои маъракаи хонадоршавӣ мебошад, оғоз мешавад. Муҳлати гаҳворабахш кардан дар минтақаҳои мухталиф гуногун ме­бошад. Дар Бухоро агар то чилрӯзагии кўдакон гаҳворабахш кардан ҷоиз бошад, ин мўҳлат дар Хуҷанд то синни 3-4 солагии писар аст. Остонаи хонаро бо кулоҳи писар ё руймоли худ рўфтани модар нишони он аст, ки ў хостори духтари соҳибхона аст. Инчунин модарон пеш аз таваллуд шудани фарзандонашон ба ҳамдигар аҳд мебанданд, ки агар фарзандонашон писару духтар таваллуд шаванд ба ҳамдигар қудо мешаванд. Дар бисёр ҳолат гаҳворабахш байни дугонаҳо ва хешу ақрабо ба сурат мегирад.

«Гуфтамонӣ» ҷузъи дигари хостгорист, ки баъди 12-солагии духтару писар гyзаронида мешавад. «Гуфтамонӣ» қарордодест байни волидони писару духтар. То замони баргузории тўй дар рўзҳои иду ҷашнҳо ин хонадонҳо барои фарзандони якдигар тўҳфаҳо мебаранд. Баъзан агар пеш аз туй нофаҳмие байни ин хонаводаҳо ба миён ояд, тўҳфаҳои овардаашонро бармегардонанд. Агар аҳд аз ҷониби духтардор вайрон карда шавад, бояд чизҳои овардаи писардорро баргардонад, вале  агар аҳд аз тарафи писар шикаста шавад, молҳои бурдаашро бозпас намегирад. Инҳо расмҳое мебошанд, ки амалӣ карда­нашон ҳатмӣ нест, яъне бе «гаҳворабахш»-у «гуфтамонӣ» низ фарзандонро оиладор кардан мумкин аст. Агар усулҳои номбурда истифода нашавад, домод падару модарашро ба хонаи арӯси хушкардааш барои хостгорӣ равон мекунад. Баъди хостгорӣ силсилаи маросимҳои арўси оғоз мешавад, ки аввалини онҳо фотиҳа ё фотиҳатўй аст.

"Фотиҳа" маънои ба таври расмӣ хостгор шудани духтарро дорад. Баъд аз ин рўз духтарро нисбатдор меноманд. Фотиҳа анҷоми хостгорӣ мебошад. Баргузории ин маросим дар тамоми гўшаву канори кишварамон қариб, ки бо як тарз гузаронида ме­шавад. Дар Самарқанд ва Истаравшан ин маросимро маъракаи "ноншиканон", дар Ҳисор ва Кўлоб "рўймолдаронӣ", дар баъзе деҳаҳои ноҳияи Айнӣ "оқсақолмонӣ" меноманд. Баъд аз он ки волидайни писару духтар ба хулосаи муайяне биёянд, аз ҷониби домод мардҳои бообрўи хешу табораш ба хонаи арўс мераванд. Дар шаҳри Кўлоб ва атрофи он ҷониби домод дар матоъи сафеди овардаашон нон ва ширинӣ баста, дастовез мегиранд. Дар водии Зарафшон ба фотиҳа ду ё се нафар мера­ванд. Ҷониби арўс ба мардҳои омада, ки оқсақолашон мегўянд, ҷома, курта ва тоқӣ медиҳанд. Дар ин маросим рўзи тўй ва миқдори маҳр (қалин) муайян карда мешавад.

 Рўзи никоҳ ва ё домодбарон

"Рўзи никоҳ"ва ё"Домодбарон"баъд аз он ки маросимҳои пешаз туйӣ гузаронида шавад, дар рўзи муқарраргардида духтару писарро ни­коҳ  мекунанд. Никоҳ дар минтақаҳо дар хонаи арўс бо урфу одатҳои маъмулии ҳамон ма­ҳал гузаронда мешавад.

Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла дар водии Ҳисор ҳан- гоми хутбаи никоҳро хондани домулло ба ҷомаи домод ҷўрааш сўзан мезанад, бояд риштаи аз паси сўзан буда гиреҳ наафтад, то ҳаёти минбаъдаи навхонадорон мисли ҳамон бе гиреҳ бошад, нафари дигар дона мерезад, ки ин донаҳоро пас аз никоҳ баҳри хушрўзии оилаи навбунёд дар гирди хона пош медиҳанд. Ҳангоми никоҳ духтар дар хонаи алоҳида мешинад, розигии ўро бошад шоҳиде ба домулло арз мекунад, баъд мулло никоҳ мекунад.

Дар Самарқанд ҳангоми никоҳ одати донарезӣ нест. Дар он ҷо баъд аз никоҳ дар таги тор ба назди навхонадорон тухм, ҳамели мағзу мавиз, асал, ширбиринҷ ва кўлча меоранд. Домод ба даҳони арўс бо ангушташ бо нияти ши­рин гаштани зиндагиашон, ширбиринҷу асал мехўронад. Дар баъзе ноҳияҳо бошад, аз коса оби ширин менўшонанд, бо умеди он ки оби ширин рўзгори ояндаашонро ширин намояд. Баъди маросими никоҳ фардои ҳамон рўз ё баъ­ди якчанд соат тарафи домод ба хонаи арўс меравад, ки инро байни халқ «Арўсбиёрон», «Арўсбарон», «Арўсбаророн» меноманд, ки маънояш расмӣ бурдани арўс ба хонаи домод мебошад.

Арӯсбарон

Арўсбарон дар гузашта бо аспҳо (имрўз бо қофилаи мошинҳо), бо тантанаву шодӣ, мусиқинавозӣ ва рақсу сурдухонӣ сурат мегирад. Аспи арўсро орову торо медоданд, ба лаҷоми он рўймолакҳои сафеду сурх мебастанд. Арўсро ба асп тағояш (ё бародари калонӣ) менишонд ва боз дар хонаи домод худи ў аз асп мефуровард. Дар аспҳои дигар сару либос, сандуқ, чойнику пиёла, кўрпаву болишт ва дигар лавозимоти арўсро бор мекарданд.

Дар водии Ҳисор, одатан, арўсро пас аз дамидани субҳ мебурданд. Пеш аз тарк намудани хонаи падар арўс бо падараш хайрухуш карда, хам шуда пойи падарашро бўсиданӣ мешавад. Аммо падар ба ў ин имконро надода, ўро аз ҷой мехезонад ва дуои нек медиҳад. Ин амалро мардум «поипадарбўсӣ» меноманд. Сипас ба бағали арўс кўдакеро бо нияти серфарзанд шуданаш медиҳанд.

Ҳангоми ба роҳ баромадани қофила санъаткорон пеш-пеш рафта, доираву таблак менавохтанд ва суруду таронаҳо мехонданд. Ҳофизон аз номи арўс ба мардум шунавонида чунин мехонданд:

Эй бобо, намераме! Эй оча, намераме!
Моли мардум хўрдае, ночор мондам, мераме.

Дар ноҳияи Дарвоз дар вақти арўсбаророн хондани чунин суруд маъмул буд:

Бурор, бурориш, хола,
Кай мебурориш, хола?
Моли мардум хурдай,
Кай мебарориш, хола?
Афтов ба суйи қарздор рафтаст,
Кай мебарориш, хола?

Дар байни мардуми Мастчоҳ ҳангоми аз хона баровардани арўс суруди зеринро мехонанд:

 Буро, буро аз хуна,
Э гул, буро аз хуна.
Гул, буро аз хуна,
Булбул, буро аз хуна.
Дўстон ҳама ҷамъ умаданд,
Тезтар буро аз хуна.

Қофилаи арўсӣ серодам мешуд. Ба ғайр аз падару модари арўс, инчунин бародару хоҳар, хешу таборҳои наздик ва баъзе ҳамсояҳову дугонаҳои арўс низ ҳамроҳ мешуданд. Дар хонаи домод онҳоро бо хурсандиҳо пешвоз мегирифтанд. Ду-се нафар занҳо дойира зада, сурудхонӣ мекарданд.

Вақте ки аспи арўс ба ҳавлии домод ворид шуд, сарҷилав – шахси наздики арўс (тағо, бародар) касе сабр карда, ба арўс иҷозати фуромадан намедиҳад. Пас аз оне ки ба ў ягон туҳфаи муносиб, сарупо (куртаву шалвор), ё ҷомаву миёнбанд оварда, тақдим карданд, ў арўсро аз асп мефурорад.

Дар байни мардуми ноҳияи Варзоб расме буд, ки ба ҳавлии домод даромадани арўс дар пеши пойи ў буз ё гўсфандеро сар мезаданд. Сипас, сари ҷонварро аз танаш ҷудо карда, ҷасадашро ба ҷавонон медоданд. Дар байни ҷавонони деҳа ва меҳмонони омада, бузкашии пиёда сурат мегирифт, ки онро «пиёдаулоқ» меномиданд. Гурўҳи ғолиб ҷонвари қурбониро бурда, дар хонаи яке аз дўстон бирён карда мехўрданд.

Дар ҳавлӣ гулхане меафрўхтанд, ки арўс бо дугонаҳову наздиконаш се маротиба гирди он давр мезад ва сипас хонаи бахт қадам мегузошт. Чунин гулханафрўзӣ дар байни тоҷикони водиҳои Ҳисору Зарафшон, Фарғона, Самарқанду Бухоро, Хуҷанд ва ғайра маъмул буд.

Дар баъзе маҳалҳо (Бухоро, Фарғона, Ашт) арўсро пас аз шом ба хонаи домод мебурданд. Дар дастҳо машъалҳоро фурўзон карда, зери навои доира корвони арўсӣ ба роҳ мебаромад.

Дар ноҳияи Айнӣ пеш аз баровардани арўс аз хонаи падараш азон мегўянд, ҳама менишинанд, зане аз ҷониби до­мод ба дастҳои ҳозирин нигариста меистад, то ки ҳама дастонашро дар болои зонуҳояшон нигаҳ доранд ва ягон нафар набояд панчаҳояшро ба ҳам ҷафс кунад. Агар нафаре дасташро ҷафс намояд, ба ақидаи мардум пеши бахти навхо­надорон гуё баста мешудааст.  Арўс назди бародаронаш як-як capхам мекунад, пас аз ҳама ба назди падараш. Бо дуои падар арўс аз хона берун мешавад. Ҳангоме ки арўсро аз мошин фароварданӣ мешаванд, бародари арўс, ки дар пеши мо­шин нишастааст, иҷозаи бе­рун кардани хоҳарашро наме- дихад ва барои ин аз хешовандони домод гўсфанд ё маблағе талаб мекунад. Агар арўсро шаб ба ҳавлии домод биёранд, аввалан арўсу домод ба гирди оташ се бор давр мезананд ва бо ин васила домоду арӯсро аз шарри деву парӣ эмин нигоҳ медоштаанд, баъд аз гардиш ба атрофи оташ ба хона ме- дароянд.

Дар Самарқанд арўсро аз мошин домод бардошта мефарорад. Баъд аз ин то рўзи рўбинон домод назди арўс намеояд. Пеш аз оне ки арўс ба ҳавлии домод дарояд, дар назди дарвоза дар атрофи гулхан давр мезанад ва аз косае, ки дар болояш нонро сурох намуда мондаанд, шир менўшад. Арўс ба хонаи шавҳараш ба пойи росташ қадам мениҳад.

Дар шимоли Тоҷикистон, аз ҷумла дар Исфара ба омадани шаҳ бо ҷўраҳояш ба хонаи арўс ба наздаш кундаи дарахтеро мемонанд, домод танҳо баъд аз майда кардани ҳезум ба хона медарояд.До­мод мавриде ки ба хонаи арўс медарояд, то ин ки падари арўс ягон чиз ваъда накунад, ба ҷои муайян шудааш наменишинад. Аҷобати кор дар он аст, ки дар ҳамин минтақа баъд аз тўй домод ва арўсаш аз ду то ҳафт рўз дар хонаи пада­ри арўс зиндагӣ мекунанд. Дар Исфара шаби аввали арӯсӣ дар хонае чодар мекашанд, аз як тараф арўсу домод дар ҷониби дигар кампиракон шабро бо "посбонӣ" рўз менамоянд.

Дар баробари ин ҳангоми арӯсбиёрон дар баъзе  минтақaҳo дар хонаи арўс, дар баъзе ноҳияхои дигар дар хонаи до­мод пойзеркунӣ ном маросиме ҳатман баргузор мегардад. Аз рўи гуфтаи мардум касе, ки аввал пои тарафи муқобилро зер мекунад, дар оянда сарвари оила мешавад. Масалан, дар Бадахшон "позеркунӣ" бо ном ва равиши дигар баргузор мегардад. Вақте ки до­мод ба хонаи арўс  меояд, ба назди арўс нанишаста ҳарду кўшиш мекунанд, ки либоси якдигарро зер кунанд, ки инро «либосзеркунӣ»  мегўянд.  Касе ки либоси дигариашро пахш кунад, нишони он аст, ки сарвари оила ҳамон аст.

Оинабинон, рӯбинак, рӯкушоён, келинсалом...

"Оинабинон" низ яке аз оинҳои роиҷтаринест, ки дар байни навхонадорон баргузориаш анъана шудааст."Оина­бинон" чунин одатест, ки зани солхурдае, ки соҳиби фарзанду набера аст, оинаеро рост медорад, ки арўсу домод дарон якдигарро бубинанд, то ин ки дар оянда низ чунин зебо бимонанд.

Ҳангоми ба арўсхона ворид шудани арўс аз ҷониби бибихалифа «Саломнома» хонда мешавад. Занҳои дигар пас аз ҳар як сатр хондани ў ҳама якҷоя «ҳазор алек» гуфта, ҷавоб медиҳанд. Дар ноҳияи Ҳисор пеш аз воридашавии арўс ба таги чодар маросими «кампирмурд» гузаронида мешавад.

Хушдоман ё хушдоманкалони арўс ба пеши пойи арўс худро партофта чун мурда вонамуд мекунад. Арўс бояд рафта ўро бардошта ба пой рост кунад. Кампир сипас ба арўс дуои нек медиҳад.

Пас аз рафтан ба таги чодар бо рамзу ниятҳо чароғ рўшан мекунанд, испанд дуд мекунанд ва ба арўс ширинӣ мехўронанд. Баъд аз ин одати дигаре иҷро мешавад, ки онро «келиншинонӣ» меноманд.

Маъракаи ҷамъбастии тўй «рўбинон» ба шумор меравад. «Рўбинон» маъракаест, ки барои дидани арўс баъд аз як рўзи тўй баргузор меку­нанд. Дар  Ҳисор ва Кўлоб ин маросимро "рўбинак", дар Самарқанд "рўбинон" ва "оши занҳо", дар Мастчоҳ "рўкушоён", дар Хуҷанд ва атрофи он "келинсалом" ном мебаранд. Ҳар як амале ки дар ин маросимҳо ба ҷо оварда ме­шавад, ба он нигаронида шу­дааст, ки оилаи навбунёд ҳа­меша хушбахту хонаобод бошад.
Имрўз агар мо барои нигоҳ доштани арзишҳои миллиамон ин амалҳоро ба ҷо орем, амри хайр аст, вале агар ин анъанаҳо ба мақсади дигар барпо шаванд, ба ҷуз осеб чизе дигар ҳосил нахоҳад шуд.

Зафар Холмуродов
Мудири шуъбаи мероси
фарҳанги ғайримоддӣ