Манораи Конибодом
Чоп шуд: 27/05/2017МАНОРАИ КОНИБОДОМ, ки як ёдгории меъморӣ ва амали санъати бинокорони халқист, ибтидои асри 20 дар паҳлӯи намозгоҳи майдони Машҳад (ҳоло дар боғи шаҳрӣ) аз хишти пухта сохта шудааст.
Баландии он 24 метр, қутраш 4, 2 метр аст. Манора аз 6 қисм иборат буд. Бунёдгарон ба мустаҳкамӣ ва устувории манора аҳамияти зиёд медоданд, то ки ба зилзила тобовар бошад. Устоҳо барои таҳкурсии манора хандақи 6 – 7-метра кофтанд, ба зери он санги