Таомҳои ширӣ – хўроки субҳгоҳии мардуми тоҷик
Чоп шуд: 04/05/2017Дар мақола доир ба чанд таоми маъмулие, ки мардуми тоҷик аз шир омода намуда, аксаран дар субҳ истеъмол мекунанд, сухан рафтааст. Шир таркибан серғизо буда, аз қадим тоҷикон онро фаровон истеъмол менамоянд. Аз ҷониби дигар, шир ғизоест, ки мардум онро бидуни коркард дар ягон корхона аз он маҳсулоти зиёдеро ба вуҷуд меоранд. Бинобар ин халқи тоҷик, ба хусус чорводорон аз қадимулаём ба шир ва маҳсулотҳои ширӣ ихлос доранд.
Фарҳанги ғайримоддии ҳар як қавму халқ аз бахшҳои гуногун такриб ёфтааст.