«Кашшофӣ» дар шеъри устод Рӯдакӣ
Чоп шуд: 20/05/2017Дар бораи пайванди шеър ва мусиқӣ назари олимонро бори дигар ёдрас мешавем: «Дар ҳақиқат мусиқӣ ва шеър, - мегўяд олими эронӣ Ҳусейн Алии Маллоҳ, - ду ҳамзоданд, ки дар домони ду доя парвариш ёфтаанд». Ба ақидаи композитори бузурги олмонӣ, дирижёр ва нависандаи соҳаи мусиқӣ Рихард Вагнер: «Мусиқӣ ибтидо ва интиҳои сухан… ва муғозала (ишқ) оғоз ва хатми шеър аст».
Билохира, шеър ва оҳанг мисли ду навдаи як ниҳоланд, ки ҳар дуро як тана медорад ва