«Кашшофӣ» дар шеъри устод Рӯдакӣ

Дар бораи пайванди шеър ва мусиқӣ назари олимонро бори дигар ёдрас мешавем: «Дар ҳақиқат мусиқӣ ва шеър, - мегўяд олими эронӣ Ҳусейн Алии Маллоҳ, - ду ҳамзоданд, ки дар домони ду доя парвариш ёфтаанд». Ба ақидаи композитори бузурги олмонӣ, дирижёр ва нависандаи соҳаи мусиқӣ Рихард Вагнер: «Мусиқӣ ибтидо ва интиҳои сухан… ва муғозала (ишқ) оғоз ва хатми шеър аст».
Билохира, шеър ва оҳанг мисли ду навдаи як ниҳоланд, ки ҳар дуро як тана медорад ва як реша ғизо медиҳад. Ин танаву реша - ритм, усул мебошанд, ки асоси эҷоди ҳам оҳанг ва ҳам шеъранд. Ба ибораи дигар, шеър оҳанг аст ва усули онро набояд коста сохт!

Ҳақ ба ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдист, ки лаҳзае бошад ҳам, норавониву хории забонро мушоҳида карда, фармудааст:

Агар як лаҳза хории забон бинам,

Суханҳои равонро норавон бинам,

Ба дасти нотавоне нотавон бинам,

Дилам бар Рўдакӣ сўзад,

Ба ҳоли зиндагӣ сўзад.

Мо низ дар фуроварди рисола ба арўзиён (вазншиносон) аз рўйи инсоф мегўем:

Чу бихонӣ шеърро, лаб во макун, ки он хатост,

Ту наӣ вазншинос, дон, ки хато дар ин ҷост!

Дили мо низ бар шеъри устод Рўдакӣ сўхт!!!

Ин порае буд аз рисолаи профессор Ҷӯрахон Обидпур “Кашшофӣ” дар шеъри устод Рӯдакӣ. Пурратар аз ин ҷо метавонед ошно шавед.

Тегӣ: интишорот

барчасп: