Интихоби арўс, хостгорӣ, фотиҳа – маросимҳои оғозу пайвастшавии оила

Дар бисёр маврид розигии духтардор сари вақт дода намешавад, зеро дар ҳолати зуд розӣ гардидани онҳо, гўё, қадри духтар паст мешуда бошад ва аз ҷониби дигар духтардор низ мехоҳад аз шахсият ва вазъи оилавии домодшаванда пурра огоҳ бошад. Аз ин рў, бо суханони махсуси таоруфӣ, ба монанди «Умед карда омадед, садқаи саратон, аммо аз мо калонтар бобою бибӣ, тағою амакошон ҳаст. Маслиҳати онҳоро гирифтан даркор» - гўён,  каме ба таъхир мегузоранд.

Ҷашни арўсии тоҷикон вобаста ба мавқеъи ҷуғрофӣ ва омилҳои дигар, аз ҷумла динию мазҳабӣ,  аз якдигар баъзе тафовутҳо доранд. Ҷашни арўсии тоҷикон ё худ тўйи арўсӣ фарогири суруду тарона, расму ойин, одатҳо, бовару ақидаҳо, рақсу мусиқӣ, лаҳзаҳои намоишӣ ва ғайра  мебошад, ки ҳар яке аз онҳо вазифа ва мавриду мавқеъи иҷрои худро дорад. Ин омехтагии фарҳангиро метавон ба истилоҳ контаминатсия ном бурд, ки аз давраҳои қадим ба маросиму ҷашнҳои ниёгони мо – тоҷикон хос будааст.

Яъне ҷашни арўсӣ ягона ҷашнест, ки нисбат ба дигар ҷашну идвораҳои миллӣ марҳилаи тўлониро дар бар мегирад. Зеро дар ин ҷашн тақдири минбаъдаи оилаи нав – арўсу домоди оянда ҳаллу фасл мегардад. Ҳар як маросиму анъанае, ки дар ҷашни арўсии тоҷикон баргузор мегардад таърихи пайдоиш ва сабабҳои ба вуҷудоии махсусе дорад ва мардум ба ҳар як ҷузъиёти он дақиқан назар андухта, вобаста ба бовару эътиқодҳое, ки аз гузаштагонашон мерос гирифтаанд нозукбинона амал менамоянд. Ин ҷо мехостем дар бораи се маросим – интихоби арўс, хостгорӣ, латтадарон ё фотиҳа, ки оғозбахшандаи ҷашни арўсии тоҷикон буда, сабаби дўстии ду авлод ва бунёди оилаи нав мегарданд, маълумот бидиҳем.

Интихоби арӯс

Марҳилаи интихоби арўс дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ ба таври гуногун сурат мегирад. Дар аксари ноҳияҳо ин расм дар дохили оила, ё ба ибораи дигар дар шакли маҷлиси оилавӣ гузаронида мешавад. Дар он тамоми хешовандони наздик, аз қабили падар, модар, бародарону хоҳарон ва агар дар қайди ҳаёт бошанд, бобою бибӣ низ  иштирок менамоянд. Ва ҳар як шахси ҳузурдошта ҳуқуқи пешниҳоди номзадии арўси ояндаи хонаводаро дорад. Албатта тамоми фазилату хислатҳои номзад аз тарафи иштирокчиён то он ҷое, ки дар борааш маълумот доранд, муҳокима мегардад. Қайд кардан бамаврид аст, ки ба ғайр аз хислатҳои арўсшаванда вазъияти сатҳи оилавии ў низ ба назар гирифта мешавад. Яъне аз рўи зарбулмасали «поятро ба қадикўрпаат дароз кун» амал менамоянд. Дар марҳилаи интихоби арўс волидайн кўшиш менамоянд, то аз хурдтарин ҷузъиёти хислатҳои ҳам арўсшаванда ва ҳам  волидайни ў огаҳие пайдо намоянд. Зеро онҳо намехоҳанд, ки ҳаёти писарашон талх гузарад ва аз ин рў, кўшиш мекунанд, то  барои ў ҷуфти муносибе пайдо намоянд. Дар ин машварати оилавӣ ё худ хонаводагӣ аввалан аз худи ҷавон пурсида мешавад, ки ў оё ягон арўси мувофиқ пайдо намудааст ё не? Зеро айни замон мувофиқи нақли гўяндаҳо, қариб 40-50%-и ҷавонон пешакӣ бо арўсшаванда шинос шуда, барои худ ҷуфти муносиб пайдо менамоянд ва ҳамдигарро нағзакак меомўзанд.

Чуноне ки таҳқиқотҳои баъзе фолклоршиносон нишон медиҳад, солҳои пеш падару модар баъди ба балоғат расидани писарашон як чанд вақт байни худ маслиҳат карда, вобаста ба сатҳи зиндагиашон, арўси мувофиқи фарзандашонро интихоб менамуданд. Мувофиқи анъана, аввал арўсшавандаро аз дохили хонаводаи хешовандон меҷустанд, зеро ўро аз наздик мешиносанд ва аз тамоми хулқу атвор ва тарзи зиндагии якдигар огаҳӣ доштанд ва дар сурати сар задании носозгориҳои оилавӣ якдигарро бахшида тавонанд. Аммо баръакс, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар саросари кишвар аз дохили хешовандон арўс интихоб намудан хеле кам шудааст. Ҳангоми баррасии ин мавзўъ муайян гардид, ки масъалаи аз миёни хешовандон интихоб нагардидани арўс сабабҳои зерин дорад:

1. Сатҳи дониши мардуми имрўза боло рафтааст ва онҳо аз нигоҳи илми тиб огаҳие доранд, ки дар ҳолати наздик будани гурўҳи хуни хонадоршавандагон аз онҳо фарзандони солим ба дунё намеояд.

2. Агар пештар мардум ба он хотир, ки риштаи хешутаборӣ гусаста нашавад, аз дохили хешовандон арўс интихоб мекарданд, пас имрўз, баръакс, намехоҳанд, ки дар ҳолати мабодо вайрон шудани оилаи ҷавон муносибати хешутабори бурида гардад. Барои мисол, пештар мақолҳои халқии «Девор афтад дар хона, хока хўрад бегона» ё худ «Аввал хеш баъд дарвеш»-ро истифода мекарданд. Имрўзҳо аз рўи рубоии зерин салоҳи корро пеша менамоянд:

                   Дар ҷигари сухтагим зади теша,

                   Лаънат ба касе, ёр мегира хеша.

                   Хеш як гапи хуб мегаву сад таганда,

                   Бегона хубай, мекуната андеша.

3. Қисме аз ҷавонон ба шаҳр барои хондан меоянд ва як гурўҳи дигар бо сабаби шароити иқтисодӣ аз ночорӣ ба шаҳрҳои гуногуни Русия ва ҷойҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аз маданияти аврупоӣ огаҳ мегарданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки худи ҷавонон низ аз дохили хонаводаи хешовандон интихоби арўсро рад менамоянд.

Илова бар ин, дар замонҳои қадим ҳангоми интихоби арўсшаванда ҳафт пушти ўро ба назар мегирифтанд. Агар мабодо дар хонаводаи ин ва ё он духтар ягон авлодаш бадном шуда бошад ва ё шахси хуб набошад, бо чунин оила қудо шуданро салоҳ намедонистанд. Мардум мегуфтанд, ки «Агар хок гирӣ, аз хоктўдаи баланд гир», «Модарашро бину духтарашро келин кун», ё худ «Модар чӣ гуна, духтар намуна». Яъне, дар оилаи арўсшаванда зане бадрафтор, ба истилоҳи мардум «бероҳа» ё «тардоман» шуда бошад, аз издивоҷ бо духтари он хонавода худдорӣ менамоянд.

Чуноне ки мебинем, маросими мазкур имрўзҳо то як андоза ба худ шакли замонавӣ гирифтааст, ки тағйири шакл намудани ин маросим аз як ҷониб манфӣ ва аз ҷониби дигар мусбат арзёбӣ мегардад. Сабаби манфӣ буданаш дар он аст, ки бисёре аз суннатҳое, ки дар ин маросим аз ҷониби занон иҷро мешуданд, аз байн  рафтаанд. Ва ҷиҳати мусбаташ он аст, ки шакли замонавиаш камхарҷ буда,  ба волидайн сабукӣ меорад. Масалан, агар дар даврони пеш занҳои тарафи домод деҳа ба деҳа барои интихоби арўси мувофиқ саргардон мешуда бошанд, имрўзҳо тавассути наворе, ки шояд яке аз хешовандон аз ҳамон деҳа бошад, дастрас намуда, арўсро пешакӣ мебинанд ва ҳатто баъзан саволу ҷавобҳо, яъне розигии волидайни арўсшавандаро тавассути телефон мешунаванд, зеро айни ҳол воситаи аз ҳама қулай ва судманд барои мардум хизматрасонии шабакаҳои гуногугни алоқаҳои мабилӣ мебошад ва дар ҳар хонаи тоҷик на камтар аз ду телефони ҳамроҳӣ вуҷуд дорад. Ё баракс худи ҷавонҳо арўсшавандаро дида, пешакӣ ҳатто бо волидайни ў масъаларо пазонида, ба хонаи онҳо танҳо барои гузаронидани маросими расмии «Хостгорӣ» меоянд ва вақту соати хостгориро муайян менамоянд, ки ин навъи муомила ба кори падару модар сабукиҳои зиёдеро ба бор меорад.

Хостгорӣ

Хостгорӣ расмест, ки пас аз марҳилаи интихоби арўс барпо мешавад ва онро марҳилаи нахустини вохўриҳои хешовандон ба муносибати ҳамхона гардонидани ҷавонон шумурдан мумкин аст. Хостгориро дар баъзе деҳоти минтақаҳо гапзанон низ меноманд.  Маросими хостгорӣ марҳилаи ҳасостарини ҷашни арўсӣ ба шумор меравад. Зеро на ҳама вақт хостгорҳо бо сари баланд аз хонаи духтардор бармегарданд. Дар маросими хостгорӣ 3-4 нафар марду зан бо дастархонҳо ба хонаи арўс мераванд. Дар дастархон кулчаҳои бо ширу равған пухташуда, қанду шириниҳо, инчунин ҳамчун сафедӣ болои онҳо матоъ ё рўймоле гузошта мешавад. Волидайни духтар барои онҳо дастурхони махсусе мекушоянд. Пас аз хўрдани зиёфат суолу ҷавоби анъанавӣ оғоз мегардад. Одатан пурсиш аз ҷониби соҳибхона шурўъ мешавад. Ва суолҳо низ дар шакли ҷумлаҳои қолабӣ мебошанд, ки аксаран дар ҳама маросимҳои хостгорӣ ҳамин ҷумлаҳо истифода мегарданд. Масалан:

- «Меҳмон атои Худост», мегўянд. «Кадом шамолҳо шуморо ба манзили мо овард»? «Пурсидан айб нест гуфтаанд», бо кадом мақсад  ба хонаи мо омадед? … ва монанди инҳо.

Дар навбати худ хостгорҳо низ ҷавобҳои махсуси рамзӣ доранд. Масалан: «Шунидем, ки духтари қадрас доред. Омадем, бо шумо хешӣ кунем». Ва ё «овозаи духтаратон моро ба манзили шумо овард, оё шумо моро хеш мегирифта бошед ё не

Чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар сурати розӣ нагардидани духтардор як андоза обрўву эътибори хостгорҳо паст мешавад. Бинобар ин ҳамеша ба хостгорӣ шахси ботаҷриба ва сухандонеро ҳамроҳ мебаранд, то ин ки аз маҳорати сухандониаш истифода намуда, падари духтарро розӣ намояд. Барои дили онҳоро нарм сохтан хостгорҳо то як андоза духтар ва волидайни ўро тавсиф менамоянд. Ин навъи муомила низ ҷумлаҳои қолабии махсусе дорад. Чунончӣ:

- «Духтар бисёраю неке овозаи ҳунармандиву қаду басти духтари шумора шунида, гуфтем брем ку хешмон мегирен. «Очаша бин духтарша хуш кун» гуфтиян, таърифои хушгапиву меҳмодўстии хута шунида, гуфтем қатит хешӣ кунем. Барои хушругии бачам духтарора ҷангай, неке ҳами духтари шуморо дар куҷое дидай, ки мега бтенмам ҳаму, натенмам ҳаму…».

Дар бисёр маврид розигии духтардор сари вақт дода намешавад, зеро дар ҳолати зуд розӣ гардидани онҳо, гўё, қадри духтар паст мешуда бошад ва аз ҷониби дигар духтардор низ мехоҳад аз шахсият ва вазъи оилавии домодшаванда пурра огоҳ бошад. Аз ин рў, бо суханони махсуси таоруфӣ, ба монанди «Умед карда омадед, садқаи саратон, аммо аз мо калонтар бобою бибӣ, тағою амакошон ҳаст. Маслиҳати онҳоро гирифтан даркор» - гўён,  каме ба таъхир мегузоранд.

 Мувофиқи нақли гўяндагон розигии духтардорро дар ноҳияи Файзобод танҳо баъди ба хона омадан мефаҳманд. «Агар кулчаву сафедиҳои дастархона гирифта ба ҷош дута нону ягон сафедӣ ай худшон монан, маълум мешава, ки розиян. Агар дастархона нарасида равон карда бошан, розӣ нестан».
Аз навиштаҳои дигар муҳаққиқон маълум мешавад, чунин тарзи муомила кардани духтардор дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ маъмул будааст.  Чуноне ки  Н.А. Кисляков навиштааст: «Дар рустои Сафедорон (водии Хингоб) ҳангоми зиёфати хостгорон ҳатман таоми ширруған меоранд. Ширруғанро одатан дар як зарф мекашанд, ки онро бо даст тановул мекунанд. Бинобар ин зарурати дастшўӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид агар оби барои дастшўӣ додашуда гарм бошад, аз он дарак медиҳад, ки ҳадафи омадагон ба нишон расидааст. Агар акси ҳол бошад, барои хосгорон ягон умеде намемонад» (6,112).

Маросими хостгорӣ ва ҷараёни розиигии волидайни арўс қариб дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои тоҷикнишини Ҷумҳури Ўзбекистон бо вуҷуди баъзе тафовутҳои ҷузъӣ қариб якранг сурат мегирад. Аз ҷумла, Е.М. Пешерева низ ҳангоми таҳқиқи ҷашни арўсии мардуми Қаратоғ чунин навиштааст: «Дар водии Ҳисор (Қаратоғ) падари арўс ба хостгорҳо яктогӣ футта (миёнбанд) ҳадя медиҳад, ки ин рамзи розигии онҳоро дорад. Ин футтаҳоро хостгорон то рўзи никоҳ нигоҳ медоранд, зеро агар раваду тарафи духтар қавли худро шиканад, он футтаҳо ҳамчун далели шайъӣ хизмат менамояд» (7,178).

Чуноне ки мебинем, дар маросими хостгорӣ масъалаи аз ҳама ҷиддӣ розигии духтардор мебошад, ки онро тамоми тоҷикон ба таври рамзомез баргузор менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки то шунидани хабари хуш аз ҷараёни баргузории маросими мазкур ба ғайр аз хешовандони наздики  домод каси дигар аз он огоҳ намешудааст ва онро одатан пинҳонӣ ва шабона баргузор менамоянд. Инчунин барои барор гирифтани корашон рўзҳои махсуси ҳафтаро интихоб менамуданд, ки одатан дар ноҳияи Файзобод бегоҳии ҷумъа мебошад. Агар раваду тарафи духтар розигии худро надиҳанд, барои дар оянда ба дигар ҷой ба хостгорӣ рафтан низ монеаҳо ба вуҷуд меовардааст.

Муҳақиқ М. Шарифова ҳангоми таҳқиқи ҷашни арўсии ноҳияи Мастчоҳ дар ин хусус чунин навиштааст: «…Агар аз як ё ду хонадон боз гарданду ба дари сеюм ба хостгорӣ раванд, сарварони он хонадон низ онҳоро қабул намекунанд ва мегўянд: «Барои чӣ фалониҳо ба онҳо духтар надоданд, мо низ намедиҳем». Барои он, ки чунин корҳо нашавад, яъне сарсону ноумед барнагарданд, мардум дар рўзҳои муайян ба хостгорӣ мераванд. Рўзи чоршанбе рўзи муборак ва омади корҳост. Бинобар ин аксари мардум дар рўзи чоршанбе бегоҳи панҷшанбе ба хостгорӣ мераванд»  (11,9).

Инчунин М. Шарифова дар таҳқиқоти хеш баъди бобарор анҷом ёфтани маросими хостгорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ анъанаи дигареро бо номи ошиҳовгўён шарҳ додаст, ки дар ин раванд, гўё, писардор зиёфат ороста ба хешу табор ва ҳамсояҳо аз пирўзии хеш дарак медодаанд. Гарчанде дар ноҳияи Файзобод ин анъана роиҷ набошад ҳам, писардорон баъди бомуваффақият анҷом ёфтани маросими хостгорӣ фурсат ёфта ба ҳаққу ҳамсояҳо хабарро мерасонанд. Чуноне ки гўянда Набиева М. нақл мекунад: «Баъди хостгорира гузарондан, очаи шаҳ ё дар лави ов, ё дар қади куча, ё дар ягон маърака гапа сар карда мардума хавардор мекард. «Мисол, мегуфт, ки:

- Ҳамсояҳо, муборакбодим ньмекьнен?» Мепьрсиданьш, ки:

- Тенҷияай?

Охи меган, ки:

- Ай хона бьромадьм, тутум пухтай,

Бачаҳакма зан додам, фукум чухтай.

Дина бегаҳӣ бачама дар духтари фалони гавзанон кардем. Насиб боша ба наздикӣ тўй дорем».

Аз ин бармеояд, ки маросими хостгорӣ бо вуҷуди баъзе тафовутҳои ҷузъӣ дар саросари кишвар якранг сурат мегирад ва марҳилаи ҳалкунандаи ҷашни арўсист. Бинобар ҷиддӣ будани он мардум ҳамчун саҳнаи театрӣ  дар ин маросим «сенария»-и муайяни табодули суханро сохтаанд.

Латтадаррон ё фотиҳа

Ин мафҳум аз рўи нақли гўяндаҳо дар ноҳияи Файзобод пештар осқолӣ («оқсақолӣ») номида мешудааст, ки ҳоло низ дар шакли пешинааш барпо мегардад. Маросими мазкур баъд аз оне, ки пурра маслиҳату розигии тарафайн (баъди хостгорӣ)  сурат мегирад, дар ягон шаби муайян, одатан бегоҳи ҷумъа, дар хонаи арўс гузаронида мешавад, зеро мувофиқи боварҳои мардумӣ «шаби одина шаби бобарор ва бахосият аст»[5]

Ин маросим аслан ба мардҳо таалуқ дорад. Яъне падари домод дар якҷоягӣ бо се-чор нафар шахсони  обрўманди деҳа ва раиси маҳала, ки пештар бо номи «осқоли деҳа» маъмул буд, ба хостгорӣ мераванд. Дар хонаи арўсшаванда низ хешу табори наздики арўс ва раисони маҳалаашон даъват карда мешаванд. Гуфтан ба маврид аст, ки худи мафҳуми осқолӣ (оқсақолӣ) аз ҳамин ҷо маншаъ гирифтааст, зеро дар он оқсақолони ҳар ду тараф маслиҳат намуда, мувофиқи анъанаи ҳамон маҳал ҷиҳози арўс (дар ноҳияи Файзобод бо номи туқуз маъмул аст) ва қалини  духтарро муайян менамоянд. Яъне хўҷаини асосии ин маросим оқсақолон (раисони маҳалаҳо) мебошанд. Шарти асосии ин маросим дар он аст, ки баъди хўрдани зиёфат мувофиқи муқарарот сарварони деҳа рўйхат тартиб дода, ҷиҳози арўс ва хароҷоти тўи хонаи арўсро ба падари домод медиҳанд. Вазифаи раисони маҳаллаҳо аз он иборат аст, ки шароити ҳар ду тарафро ба назар гирифта, баъзан рўйхатро каму зиёд менамоянд. «Дар бисёре аз деҳаҳои ноҳияи Файзобод айни замон рўйхати  зикршуда, аз ҷониби раисони маҳаллаҳо, ки  пешакӣ омода ва тайёр аст, аз ҳамон истифода мебаранд».

Чуноне ки муҳақиқони дигар ишора кардаанд, ин маросим дар дигар шаҳру ноҳияҳо номҳои гуногун дорад. Масалан, дар ­Ҳисор – фотиҳадиҳӣ, Хуҷанд, Бухоро ва Самарқанд – тўйи фотиҳа меноманд. Мувофиқи иттиллои мардумшинос Ф. Зеҳниева, дар Хуҷанд ва ноҳияҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Ўзбекистон ин маросим хеле бо дабдаба баргузор мегардад. Ва ҳатто дар тўйи фотиҳа сурнайчию сарояндагон даъват мешудаанд. Зеҳниева Ф. аз ҷумла, менависад: «Дар маросими тўйи фотиҳа то 7 хел таом пухта, чоршарбат мекашанд. Чоршарбат аз навъҳои гуногуни ширинӣ иборат буда, миқдори онҳо ба 50-60 хел мерасад, ки онро дар Бухоро, Ўротеппа, Ленинобод – боркаш ва дар Самарқанд – лаъликашӣ меноманд. Навъи таомҳо масалан, дар Самарқанд чунин аст: оши палав, угро, ширбиринҷ, барак, ҳасиб, тухм, самбўса ва ғайра, дар Нурато, Фориш чалпаку қатлама, дар Исфара бурак ва ғайраҳо тайёр карда мешаванд» (4,21-22).

Ба мисли мардумони шаҳру навоҳии номбурда дар ноҳияи Файзобод низ дар маросимҳое, ки хоси занон аст, хурокҳои гуногун – оши угро, оши палов, кабоб, шўрбо, таҳмол ё қатлама ва ғайрамепазанд. Аммо иштироки сурнайчӣ ва мутрибон дар маросими фотиҳа роиҷ набудааст ва то имрўз нест. Мувофиқи нақли гўяндагон, дар тамоми деҳаҳои ноҳияи Файзобод дар маросимҳои гуногуни ҷашни арўсӣ зане, ки маҳорати доиранавозӣ ва сарояндагӣ дорад, омада бо занон вақтхушӣ менамояд, вале доиранавозии онҳо танҳо дар дохили хона сурат мегирад. Дар ноҳияи Файзобод низ дар ҳама маросимҳои ҷашни арўсӣ ба назди занон анъанаи лаъликашӣ маҳз бо ҳамин ном маъмул аст. Чуноне ки аз муқоиса бармеояд, баъзе анъанаҳои мардуми Файзобод бо суннатҳои арўсии тоҷикони Самарқанд умумият доштаанд. 

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки новобаста аз ихтиёри мо, бо таъсири пешравии босуръати илму техника ва технология имуосир маросиму анъанаҳои миллии мо низ тағйири шакл менамоянд ва ботадриҷ дигаргун шудан мегиранд. Аз ин рў моро зарур аст, ки ҳар яки онҳоро дар алоҳидагӣ таҳлилу баррасӣ намоем, то насли оянда аз фарҳангу анъанаҳои ниёгони хеш огаҳӣ дошта бошанд.

Рўйхати адабиёти истифодашуда.

  1. Аминов А. Гулбазм ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-фарҳангии солҳои 90-уми асри гузашта // Маҷмўаи гузоришҳои конференсияи илмии «Ваҳдати миллӣ ва инъикоси он дар фолклори  тоҷик». Душанбе: Деваштич, 2007.
  2. Амонов Р. Лирикаи халки тоҷик. Душанбе. Дониш.1968.
  3. Аюбзода С. Гулбазм, Душанбе: Ирфон, 2003.
  4. Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тўи тоҷикон. Душанбе: Дониш, 1978.
  5. Зеҳниева Ф. Маросимҳои тўи арўсии тоҷикон. Душанбе, 1991.
  6. Кисляков Н.А. Семья и брак у таджиков, по материалам конца XIX-начала XX века. М.: Изд-во АН СССР, 1959.
  7. Пещерева Е.М. Свадьба в ремесленних кругах Каратага // Семья и семейные обряды у народов Средней Азии и Казахистана. – Москва. Наука, 1978. с. 176-188.
  8. Раҳимов Д. Фолклори тоҷик. Душанбе, Эҷод, 2009.
  1. Ҷумъаев Р. Этнопоэтикаи ҷашни арўсии тоҷикони водии Ҳисор. Душанбе, 2008,
  2. 11. Шарифова М. Маросимҳои тўи арўсии мардуми ноҳияи Мастчоҳ. Душанбе, 2005.

Абдулфаттоҳ Аминов
мудири шуъбаи
муассисаҳои таълимӣ