Фарҳангшиносони тоҷик дар Семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Татбиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ» ширкат карданд.
Дар таърихи 19-23 июни соли 2017 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Татбиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гашт.
Дар семинар-тренинг асосан мутахассисони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) даъват шуда буданд.
Тренерҳо Сюзанна, Ҳелена Дробна, Расул Самедов аз Дафтари намояндагии ЮНЕСКО, Наила аз Ховартия, Иля Фетисов аз Украина муддати 5 рўз ба коршиносон машғулиятҳо доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ гузарониданд.
Созмондиҳандагони семинар-тренинг Бюрои кластерии ЮНЕСКО оид ба кишварҳои Осии Марказӣ (воқеъ дар шаҳри Олмотӣ) ва созмони CRIHAP (Маркази таҳқиқотии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар Чин) буданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст 5 нафар – Д. Раҳимов – Муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.Қличева – мудири шуъбаи санъатшиносии ПИТФИ, С. Хоҷиева – директори маркази миниатюранигории “Мино”, А. Отамбеков – намояндаи Фонди Кристенсен дар Тоҷикистон, Ё. Одинамамадов – директори созмони ғайридавлатии “Аша” ширкат намуданд.
Мақсади семинар-тренинг тайёр кардани коршиносон ва мураббиёни миллӣ доир ба гузаронидани семинару машғулиятҳо дар дохили ҳар кишвар ва минтақа мебошад. Дар давоми 5 рўз омӯзгорон аз Штаб-квартираи ЮНЕСКО ба коршиносон масъалаҳои вобаста ба Конвенсияи ЮНЕСКО (2003), идентификатсия ва инвентаризатсияи МФҒ, таҳияи номинатсияҳои миллӣ ва муштарак, қавоиди феҳристсозӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро омӯзиш доданд.
Дар доираи машғулиятҳо фарҳангшиносони тоҷик бо Ҳелена Дробна ва Расул Самедов – кормандони ЮНЕСКО мулоқот анҷом дода, оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон дар миқёси ҷаҳонӣ, пешниҳоди номинатсияҳои нав ба рўйхатҳои ЮНЕСКО, дастгирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ суҳбат карданд.
Семинар-тренинг ба иштирокчиён донишу маҳорат ва таҷрибаи тоза дода, робитаи дўстию ҳамкориро миёни намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ боз ҳам устувортар намуд.
Дар поёни семинар ба иштирокдорон сертификати махсуси ЮНЕСКО супорида шуд.
Шамсуддин Абдуллоев
Котиби илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг
Ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон