Ҳуҷҷатикунонии мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз Маркази рассомии миниатюравии "Мино"- клуби ЮНЕСКО
Чоп шуд: 15/06/2017Кормандони шуъбаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо роҳбарии муовини директори Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимов, Н. Қличева, З. Холмуродов ва Ш. Бердиева дар доираи мавзўи илмии шуъба таҳти унвони «Таҳқиқ ва ҳуҷҷатикунонии унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар (барои солҳои 2016–2020)» ба Маркази рассомии миниатюравии "Мино"-клуби ЮНЕСКО рафтанд ва бо ҳунарманди машҳури миниатюрнигор Олим Камолов вохўрда, маълумот дар бораи эҷодиёташ ва фаъолияти марказ мавод ҷамъоварӣ намуданд.