Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки номҳои такрор дар муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ дар шаҳри Душанберо барҳам занад.
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе бо судури чанд фармон номи боз чанд “Пойтахт”-ро иваз намуд. Бино ба иттилои сомонаи расми шаҳрдорӣ муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» номгузорӣ шудааст. Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» бошад номи «Бозори Меҳргон»-ро гирифт.
Бо қарори дигари Рустами Эмомалӣ корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» «Маркази ҷавонон» ва «Маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатии Наврӯзгоҳи пойтахт»-ро «Наврӯзгоҳ» иваз намуд.
Бино бар гузориши вебгоҳи расмии шаҳрдории Душанбе, мӯҳру санадҳои ин муассисаҳо бар асоси ин номгардонӣ дигаргун карда мешаванд ва байни расонаҳо ин хабар паҳн карда мешавад. Шаҳрдор Рустам Эмомалӣ пеш аз ин, аниқтараш 20-уми марти соли равон шабакаи телевизюнии «Пойтахт» ва меҳмонхонаи «Пойтахт»-ро низ номгардон карда буд.
Бино ба омори мавҷуда то ин дам 8 муассисаи шаҳри Душанбе номи “Пойтахт” дошт ва то кунун Рустами Эмомалӣ иқдом ба иваз намудани панҷтои он кард.