Ҷуроббофӣ дар Бадахшон
Чоп шуд: 20/04/2017Занони ҳунарманди халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар нақшу нигори ҷуроб олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Нақши ҷуробҳои ин минтақа аз минтақаҳои дигари кишвар тафовут доранд.
Ҳунари дастӣ яке аз намудҳои оммавӣ ва халқии санъат буда, аҳамияти он аз ҳеҷ кас пўшида нест. Ҳар як ашёи рўзгор талаботи эстетики одамонро баланд бардошта, ҳамчун василаи таъсири бадеӣ хидмат мекунад. Ҷуроббофӣ яке аз ҳунарҳои суннатии мардуми