Даф: сайри таърихӣ ва намудҳои он
Чоп шуд: 07/04/2017Даф, сози мусиқии зарбӣ буда, бо шаклу андоза ва номҳои гуногун дар саросари олам маълуму машҳур буда, дар ҳама ҷо тавассути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Даф асосан аз чанбар, пӯст, зангӯлаҳо, ҳалқаҳову шилшилаҳои филизӣ иборат буда, аслан панҷ навъ аст: Дафи зангӣ, маҳзар, мураббаъ, Дафи дурӯя ва дойра.
Чор навъи даф чанбараки мудаввар дошта, он аз чӯби тут, зардолу, чормағз ва баъзан аз чӯби яклухти ток сохта мешавад. Аслан чӯбҳои яклухти обутоб додашуда, вале