Даф, сози мусиқии зарбӣ буда, бо шаклу андоза ва номҳои гуногун дар саросари олам маълуму машҳур буда, дар ҳама ҷо тавассути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Даф асосан аз чанбар, пӯст, зангӯлаҳо, ҳалқаҳову шилшилаҳои филизӣ иборат буда, аслан панҷ навъ аст: Дафи зангӣ, маҳзар, мураббаъ, Дафи дурӯя ва дойра.
Чор навъи даф чанбараки мудаввар дошта, он аз чӯби тут, зардолу, чормағз ва баъзан аз чӯби яклухти ток сохта мешавад. Аслан чӯбҳои яклухти обутоб додашуда, вале баъзан 2 – 3 қабат тахтаҳои тунуки ба ҳам часпонидашуда барои таҳияи чанбари даф истифода мегарданд. Қутри доираи чанбарашон гуногун (аз 35 то 50 мм) мешавад. Ба рӯи чанбараи даф одатан пӯсти буз, той, гӯсола мекашанд, ки садои ҳар кадоми онҳо аз ҳам фарқ мекунад.
Даф таърихи қадима дорад. Мувофиқи маълумоти бостоншиносон ва мутобиқи шаҳодати ҳафриёт дар қадимтарин нигористони нақшҳои рӯйи - сангии Соймалитоши Фарғона, ки дорои 40 ҳазор нақшу нигор мебошад, саҳнаи рақсе тасвир ёфтааст, ки шахсе дар мобайн истода даф мезанад. Ин нигористон ба ҳазораи 2 то милод мансуб аст.
Ҳамчунин дар деворнигораҳои Тӯпроққалъа дар Хоразм (асрҳои III – IY) ва арақаҳои қасри шаҳри Нисо (наздики Ишқобод) дафи дурӯяе акс ёфтааст, ки ба соати қадимаи регӣ шабоҳат дорад.
Интишори будпарастӣ дар аҳди Кушониён (асрҳои I-III) ба сохтмони қасрҳои пуршукӯҳ асос гузоштааст. Дар арақаи аз ҳафриёти Айртом (Ҳайратон, ҳаволии ш. Тирмиз экспедитсияи Массон) бадастомада гурӯҳи навозандагоне тасвир ёфтаанд, ки дар байнашон яке даф ба даст дорад.
Аз ҳафриёти Балаликтеппа (ҳаволии Тирмиз, асрҳои 6 – 7), Ҳисор, Панҷакенти Қадим (охири асри 8) низ дар хусуси даф маълумот ба даст омадаанд. Вале минбаъд баробари пайдо шудани рисолаҳои мусиқии «Китобу-л-мусиқӣ-ул-кабир»и Абунасри Форобӣ (вафот 950) «Рисолаи шарафия»-и Абдулмӯъмини Урмавӣ, «Канзу-л-туҳаф»-и Муҳаммади Ҳусайнӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и А. Ҷомӣ, «Тӯҳфату-с-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ ва ғайра аз хусуси ин сози мусиқӣ маълумот афзуд.
Ба вуҷуд омадани услубу равияҳои гуногуни минётурнигорӣ ва ташаккули мактабҳои минётур қадимӣ будани ин навъи созро бори дигар собит намуд. Дар қадимтарин минётури «Шоҳнома» (1353), дар чандин мусаввараҳо сози мусиқии даф акс ёфтааст. Ҳамчунин дар минётурҳои Мираки Хуросонӣ (охири асри 14 ва аввали асри 15) ва Ҷунайди Султонӣ (а. 15) ансамблҳои дафнавоз акс ёфтаанд.
Дар давоми мавҷудияти хеш ин сози мусиқӣ такмилу тағйир ёфта, ҳамеша ҳамқадами ҳаёти мусиқӣ буд. Дафи мураббаъ (чоргӯша) дар Миср ва Ироқу Шом маъмул будааст. Чунин дафҳо шакли дарозрӯяву баробартараф ва андозаи хурду бузург доштаанд. Дафи мураббаъ аз дафи мудаввар аввал бо шакли зоҳирӣ ва баъд бо зангӯлаву торҳои дохилаш фарқ мекунад. Зангӯлачаҳои ин навъи даф аз беруни чаҳорчӯба устувор карда мешаванд ва зери пӯст аз дарун торҳои танонӣ кашида мешаванд. Ба рӯи чунин дафҳо ҳамчун дигар навъҳо пӯсти оҳу, буз, гӯсфанд ва баъзан гӯсола мекашанд. Ҳоло ҳам чунин навъи даф дар санъати мусиқии мамлакатҳои зикршуда вуҷуд дорад.
Дафи мудаввар низ аз қадимулайём дар байни аксари халқҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон маъмул буда, вобаста ба маҳал дар шаклу маводи он тағйирот ба амал омадаанд. Байни мардуми Кӯҳистони Бадахшон ва қисман шимолу шарқии Афғонистон барои ангушти калони дасти чап дар васати чанбара сӯрох мегузоранд. Ҳамчунин панҷ ё шаш ҷойи чанбараро сӯрохи чоркунҷа карда, зангҳои филизӣ мегузаронанд, ки ду тарафи чанбара ба андозаи 1 – 2 см барҷаста менамоянд. Зангҳо аз мобайн як ё ду сӯрох дошта, дар ҳар ошёна ба теъдоди 3 – 4-донагӣ тавассути мехҳо насбанд ва ҳангоми усул ба ҳамдигар ва ё чанбараи даф бархӯрда, садо мебароранд.
Навъи дафи зангӣ аз чанбараи яклухт сохта шуда, пӯсти рӯи он нисбатан ғафстар ва бари чанбараи он низ васеъ (16 – 18 см) аст.
Маҳзар навъи дафест, ки на занг дораду на ҳалқа ва дар байни мардуми Осиёи Миёна ҳоло ба нудрат истифода мешавад.
Дафи дурӯя навъи дафест, ки аз ду тарафи он пӯст кашида шудааст ва ҳоло маъмул нест.
Дойра аз маъмултарин анвои муосири даф мебошад. Чанбараи онро, ки гоҳо аз пластмасса низ месозанд, баъзан хотамкорӣ ҳам мекунанд. Ба рӯи дойра бештар пӯсти нафистари буз, гӯсола ва ё тойчаро мекашанд. Аз дохили чанбара тавассути гироҳои филизӣ ҳалқаҳо насб карда мешаванд, ки ҳангоми навохтан ба чанбара бархӯрда, ба садои дойра мутаносибан ҳамнаво мегарданд.
Садои дойра вобаста ба ҳаҷми чанбара ва сифати қабати пӯст «бам»(паст) ва«зер»(баланд) мешавад. Дар санъати мусиқӣ даф ҳамчун сози танзимкунандаи ҷараёни оҳангӣ ва дар санъати хореография ҳамчун ҷузъи асбоби танзими ҳаракот нақши бузург дорад. Усулҳои зиёд ва имкониятҳои васеъи сози дойра қариб дар ҳамаи жанрҳо ва шаклҳои мусиқӣ зарур аст. Усулҳои дойра аз ду овози якҳиҷоии «бум»-и паст аз маркази парда ва наздикиҳои он бо зарби кафи дасту панҷаҳо ва «бак»-и баланд аз канори дойра бо зарби нӯги ангуштон ҳосил мешавад. Маҷмӯи ҳиҷоҳои «бум» ва «бака» ин ё он усули дойраро ифода намуда, ҳамчун ченаки дарозии оҳанг истифода мешаванд.
Дар санъати мусиқии имрӯзаи тоҷик анъанаи гузаштаи дойразанӣ нигох дошта шудааст ва усулҳои он рӯзафзун дар ҳоли такмиланд.