Activities calendar

12 апреля 2017

Мероси падар хоҳи илми падар омўз! Ё қиссаи созтароше, ки умрашро ба сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ бахшидааст.

Ҳақиқати ҳолро агар гирем дар асл чунин аст. Дар саросари кишвар мушоҳида кардам, ба ҷуз Саидисломи Устоғулом шахсе пайдо нашуд, ки дар сохтани асбобҳои мусиқӣ муваффақу дастболо бошад. Имрӯзҳо дар тамоми ансамблҳои давлатӣ, ҳамчунин навозандаҳое, ки дар барномаҳои мусиқии телевизион иштирок мекунанд, аз дуторҳои Саидисломи Устоғулом истифода мекунанд. Дуторҳое, ки ин шахс месозад, нуқсон надошта, ба мисли асбобҳои мусиқие, ки дар корхонаҳо тайёр карда мешаванд, сохта мешаванд

барчасп: 

Афкори танқидии устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик”

Аз ин баёноти таҳқиқиии устод Айнӣ маълум мегардад, ки бо вуҷуди аҳаммияти таърихиву иҷтимоии “Бадоеъ-ул-вақоеъ” баёни бепардаи онро аз назокати адабӣ дур шудан медонад ва ин албатта таҳсин нест. Ҳамчунин маълум мешавад, ки хеле аз назариёти устод Айнӣ дар “Намуна” хислати барномавӣ доштааст. Чунончӣ баъдан мебинем ӯ китоби “Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва мухтасари “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и ӯ”-ро навишт.
Таҳия, танзим ва муаррифии осори адибон ва шарҳи ҳоли онҳо, ки аз ҷумла дар тазкира