Ҷуроббофӣ дар Бадахшон

Занони ҳунарманди халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар нақшу нигори ҷуроб олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Нақши ҷуробҳои ин минтақа аз минтақаҳои дигари кишвар тафовут доранд.
Ҳунари дастӣ яке аз намудҳои оммавӣ ва халқии санъат буда, аҳамияти он аз ҳеҷ кас пўшида нест. Ҳар як ашёи рўзгор талаботи эстетики одамонро баланд бардошта, ҳамчун василаи таъсири бадеӣ хидмат мекунад. Ҷуроббофӣ яке аз ҳунарҳои суннатии мардуми Бадахшон мебошад, ки ба коркард ва сохтани маҳсулоти пашмин марбут аст. Ин ҳунар бештар дар ноҳияҳои минтақаи мазкур рушд ёфта, маҳсулоти омоданамудаи онҳо нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо аст.
Ҷуроб, ҷураб, як навъ пойпўши маъмулан пашмин (ё пахтагини) халқҳои Осиёи Марказиро гўянд. Ҷуробро аз қадимулайём тоҷикони кўҳистон аз ҷумла Помир дар рўзҳои тўй, ид ба меҳмон тўҳфа мекарданд, ки ин анъана то имрўз давом дорад. Ҷуроб аз қисми соқ, пошна ва пешпанҷа иборат аст. Ҷуробро ҳар бофанда мувофиқи завқу маҳораташ гулпарто карда, мебофад.
Ҷуробҳои маҳалҳои кўҳистон бисёртар дароз буда, ба иқлими ҳамон ҷо мутобиқ карда шудаанд. Ҷуробҳое ҳастанд, ки то зону мерасанд. Дўхти яклухти ҷуробҳоро танҳо дар ноҳияи Ишкошим дучор омадан мумкин аст.
Ҷўробҳо дар шаклҳои гуногун бофта мешаванд, баъзан бофандаҳо онҳоро то зону ва аз зону боло низ мебофанд. Ҷуробҳое, ки аз зону боло бофта мешаванд, танҳо аз рўи фармоиш махсус барои чўпонону шикорчиён таҳия мегарданд. Дар замонҳои пеш дар таги ҷуробҳо мисли кафш пораи алоҳидаи бофташударо илова мекарданд. Баъди ба вуҷуд омадани пойафзол омода намудани ин қисм оҳиста-оҳиста аз байр рафт. Ҷуробҳои ороиширо асосан барои ҷашнҳои калони оилавӣ, махсусан барои тӯйҳо ва тўҳфа, ки дар ҳаёти халқ мақоми хосе доранд, тайёр менамоянд.
Фарҳанги ҷуроббофии мардуми Бадахшон аз нигоҳи олимону муҳаққиқон махсусияти худро дорад. Ҷуроб яке аз либосҳои миллии мардуми Бадахшон буда, ҳоло ҳам онро ба таври васеъ истифода мекунанд.Ҷуробҳо асосан ба воситаи сихҳои худсохт (чўби дарахтҳои мевадори кўҳӣ),дусиха, сесиха, чорсиха, бофта мешаванд.
Ҳангоми суҳбат бо ҳунармандон маълум гардид, ки барои бофтани ҷўроб танҳо пашми дар фасли баҳор тарошида шуда истифода мешавад.Чунки он мулоим буда, ресиданаш ҳам қулай ва ҷуробе, ки аз ин гуна ришта бофта мешавад, босифат аст.
Муҳаққиқони зиёде дар мақолаву китобҳояшон оид ба ҷуроб ва санъати бофтани он маълумоти муфассал додаанд.Аз ҷумла, М.С. Андреев менависад, ки ҷуроб ҳамчун навъи бофандагӣ дар ноҳияҳои минтақаи Бадахшон маъмул аст. Ҳунари ҷуроббофӣ ниҳоят қадима буда, аз замонҳои пеш барои бофтани он асосан пашми гўсфандро истифода мебурданд.
Мардуми Бадахшон аз зумраи ҳунармандоне мебошанд, ки бо ҳунари дастии худ мақоми хоса касб кардаанд. Ҷуроббофӣ аз қабили ҳамин гуна намунаҳои барҷастаи ҳунари дастӣ мебошад. Занони ҳунарманди халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар нақшу нигори ҷуроб олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Нақши ҷуробҳои ин минтақа аз минтақаҳои дигари кишвар тафовут доранд.
Қимматшо Парпишоев мегўяд, ки тибқи анъана ҳар як бонуи бадахшонӣ салиқаи ҷуроббофӣ дорад, аммо ҷуробҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати сифат ва нақшунигор куллан фарқ мекунанд ва онҳо маҳсули дастони ҳунармандони касбӣ мебошанд ва чун намунаи санъат пазируфта мешаванд.
Дар ҳақиқат ҳар як бонуи бадахшонӣ аз уҳдаи бофтани ҷуроб ба хубӣ баромада метавонад. Бинобар ин ҳар як, зани бадахшӣ ҳанӯз аз айёми кӯдакии фарзандаш ба ў бофтани ҷуробро меомўзонад. Бо ин мақсад духтаронро ба кори ҷуроббофӣ аз синни 10-12 солагӣ ҷалб менамоянд. Аз замони гузашта то имрўз ҷуроббофӣ қариб машғулияти ягонаи занони Бадахшон аст ва омӯхтани ин ҳунар барои духтарон ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони ҳозира аз ин қоида (махсусан дар шаҳри Хоруғ ва) то андозае сарфи назар кардаанд.
Гулҳои дар ҷўроб инъикосшуда хело возеҳ ва дорои тағйиротҳои бепоёнро дар нақшу нигори гулпартоиҳои ҷўробҳо моликанд. Онҳо дар зебогӣ яке аз дигаре гўё фарқкунанда буда, ҳалли моҳиронаи ҳунари бофандагиро дар худ таҷассум менамоянд.
Баъзе занҳои ҷуроббоф баъд аз қисман бофтани ҷуроб бо риштаҳои ранга маҳсулоти худро бо тасвирҳои гулу баргҳо ва хатҳои мавҷнок оро медиҳанд. Дар байни ҷўробҳо нақшу нигорҳои гуногун дида мешаванд, ки ба номашон хеле мувофиқанд. Масалан, «Ажда пайкар», «Аловгул», «Паритовус», «Синаи боз», «Чархгардонак», «Паи пишак», «Гандумак», «Чапу рост», «Далқангул» (кўзагул), «Чехтакгул», «Хеяк», «Лолагул», «Садбарг», «Палосак» ва ғайраҳо.
Махсусан гули «Аждар» ва «Алов» дар санъати ҷуроббофии мардуми Бадахшон нақши муҳим мебозад. Мувофиқи маълумоти бонувони ҳунарманди калонсол гули «Аждар» ва «Алов» нишонаи ориёӣ, ориёнгул, мебошад. Дар ҷуробҳои пешина ва ҳозираи ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Рўшон тасвири ин ду нақш фаровон ба назар мерасад.
Дар ноҳияи Шуғнон ҳунари ҷуроббофӣ бештар рушд кардааст ва онро дар забони шуғнонӣ “ҷириб” мегўянд. Мувофиқи маълумоти Б. Қурбонбекова ҷуробҳои ин маҳалро аз рўи нақшу нигорашон номгузорӣ мекардаанд, ки ин дар дигар ноҳияҳо ҳам дида мешавад. Ғайр аз ин дар ноҳияи мазкур ҷуробҳои барои арўсон ва наврасон таҳия мешуда аз ҷуробҳои маъмулӣ фарқ мекунад. Барои арўсон дар ҷуроб ба ҷуз нақшу нигор навиштаҷот ва риштаҳои симин ҳам илова мекунанд. Дар ҷуробҳои кўдакону наврасон бошад, гулҳои майда-майда тасвир шудаанд. Ҷуроби занона аз ҷуроби мардона бо нақшу нигор ва андозааш фарқ мекунад.
Дар ҷўробҳои бонувони Бартанги поёни ноҳияи Рўшон бошад, ин намуди ҷуробҳоро дар шакли гуногун вохўрдан мумкин аст. Дар қисми зиёди ҷўробҳо нақши салиб хело равшану возеҳ бофта шудааст. Ғайр аз ин дар ҷуробҳои ноҳияи Рўшон тасвири алов ва гули садбарг хеле маъмул аст, ки ин аз табиати бою рангин доштани ноҳияи мазкур шаҳодат медиҳад.
Ҳангоми сафарвақте ки бо ҳунармандони ҷамоати деҳоти Вранг вохўрӣ гузаронидам,аз суҳбати онҳо маълум шуд, ки ҳунари ҷуроббофӣ дар ин минтақаҳам аз солҳои пеш то инҷониб идома дорад. Ҷавондухтарон аз хурдсолӣ ба ҷуроббофӣ машғул ҳастанд. Сабаби то имрўз боқӣ мондани ин ҳунар пеш аз ҳама, фаровон будани ашёи хом ва таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ва хориҷиён аст.
Аз иттилои ҳунарманд Мавҷигул  Тиллоева (сокини деҳаи Қалъаи ноҳияи Роштқалъа) маълум гардид, ки имрўз сабаби тағир ёфтани нақшу нигорҳои миллӣ дар ҷуробҳо ин завқу хоҳиши фармоишгарон (махсусан ҷавонон) мебошад.Дар ноҳияи Роштқалъа низ ҷуробро “ҷириб” ном мебаранд. Дар ин ноҳия ҳунармандон аз ҳисоби чунин корҳо ҳунари хешро сайқал дода, сатҳи зиндагиашонро беҳбуд месозанд. Асоси зебоии ҷуробро занони Бадахшон дар доштани нақшунигори он медонанд.
Аммо имрўзҳо қисме аз ҳунармандони ҷуроббоф бо маҳсулоти аз риштаҳои сунъиву пастсифат бофтаи худ бозори ҳунари ҷуроббофиро коста мегардонанд. Мақсади асосии ин қабил ҳунармандон танҳо ба фурўш баровардани маҳсулоти тайёрнамудаашон аст. Дуруст аст, ки дар аввалҳои асри гузашта дар водии Хуф низ мисли дигар ноҳияҳои кўҳӣ ҳунари ҷуроббофӣ бештар вақт барои савдо кардан истифода мешуд.
Ин падида метавонад ҳам сифат ва ҳам арзиши ҷуробҳои асил таъсири манфӣ расонад.
Таҷрибаи аз гиёҳҳои табиӣ тайёр кардани рангҳои гуногун барои риштаҳои ҷўроб ҳазорсолаҳо боз аз як насл гузашта, то ба наслҳои мо омада расидааст. Аз ин лиҳоз, ҳарчанд гулдўзии ҷуроб аз рўи нусхаи тайёр дўхта шавад ҳам, ҳар як дўзанда бо тарзи иҷрои амал ва рангубори истифодакардаи худ ба он чизи тозае илова мекунад. Бинобарин чунин ҷуробҳо хеле табиӣ ба назар мерасанд.
Ҳунари ҷуроббофӣ дар байни тоҷикон, махсусан Бадахшон то имрўз маъмул бошад ҳам, аммо бо пайдо шудани ҷуробҳои пастсифату корхонагӣ доираи истеъмоли маҳсулоти маҳаллӣ танг шудаи стодааст.





Лайло Носирова,

корманди Пажуҳишгоҳи
фарҳанг ва
иттилооти
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

барчасп: