Орзуву омоли мардум на танҳо ба тарзи шифоҳӣ бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё намодҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихӣ, унсурҳои асотири бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.
Рамз як навъ баёни иҷтимоӣ маҳсуб аст, ки дар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, иҷроӣ ва моддӣ унсурҳои асотирию мазҳабӣ, адабӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли баъдӣ интиқол ёфтааст. (Тресиддер – 2001, с. 5).
Рамзҳои ин ё он ҷашнҳоро аз лиҳози шакл ва навъу намудҳо метавон ба гурўҳҳо табақабандӣ кард ва ба таври ҷудогона баррасӣ кард. Дар ин мақола мо мехоҳем, чанде аз рамзҳои марбут ба ҷашни Наврўзро шарҳ диҳем ва мавқеи онҳоро дар контексти таърихи ин ҷашни бошукўҳи ниёгон нишон диҳем.
Сафедӣ – рамзи покӣ ва бегуноҳӣ
Аз маълумоти гирдовардаи мардумшиносону муаррихон ва пажўҳишҳои муҳаққиқони фолклор бармеояд, ки дар ҷашни Наврўз ва ойинҳову суннатҳои марбути он ранги сафед аҳамияти бештар доштааст. Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кўшиш менамуданд, ки ҳар чи бештар ин ранг дар айёми Наврўз ба назарҳо расад. Масалан, хонаҳоро қабл аз фарорасии Соли Нав сафед мекарданд, ҳангоми таҳвили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар рўйи суфраи наврўзӣ шакар, шир, ҷурғот ва хўрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гўшти ҷонварон, асосан, мурғ ва моҳиро рўи дастархон мениҳоданд, ки онҳо сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санҷид ҳам ҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.
Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мўсо ибни Исо Ал-Кисравӣ, шоҳони сосонӣ пагоҳии рўзи Наврўз бози сафедеро парвоз медоданд ва субҳи Наврўзро бо ошомидани шири навдўшида ва ё хўрдани порае панири тоза оғоз мекарданд. Ва дар ин рўзи Наврўз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд. (Иностранцев 1992, с.68).
Мо дар бисёр тасвирҳои мардумшиносӣ ва фолклории пажўҳишгароне, ки роҷеъ ба Наврўз ва расму одатҳои марбути он китобу мақолаҳо таълиф кардаанд, шоҳиди он мешавем, ки то ба имрўз ранги сафед яке аз муҳимтарин рангҳои рамзомези ин ҷашн мебошад.
Дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон дар айёми Наврўз аслан ғизоҳои ширӣ, ба мисли ширбиринҷ, ширҷўш, ширравған, ширбат омода мекарданд. Мардум ин хўрокҳоро дар хона таҳия карда, сипас ба табақу зарфҳо бардошта ба идгоҳ мебурданд ва бо ҳам тановул мекарданд.
Тоҷикони ноҳияи Сўхи вилояти Фарғона дар суфраи идона суманакро дар зарфи сафедранг мегузоранд, ҳатто хонаи ҳамсоя ва хешу ақрабо низ дар зарфи сафед мебаранд. Кадбону ба сари шахси суманак оварда рўмоли сафед баста, ба зарфаш одатан дар иваз – орд, қанд ё тухми мурғ мениҳад» (Сўфиев 1995-96, с.39).
Дар Бадахшони Тоҷикистон дар рўзи Наврўз агар мардум ба хонаи якдигар оянд, дар вақти ба хона даромадан шахси воридшавада дар даст шохчаи тару тозаи бедро дошта мегўяд: “Шогуни баҳор муборак!”. Ва мизбон дар ҷавоб: “Бо рўи шумо муборак!” гуфта, камтар ордро гирифта, китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи ҳаёти осоишта буда, фоли нек ба шумор меравад. Инчунин онҳо дар арафаи ҷашн ба деворҳо бо орди боқило нақшҳои гуногун тасвир мекунанд, махсусан, нақши панҷгўша, ки рамзи мазҳаби исмоилия ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, ранги сафед ба ҳайси намоди покию беолоишӣ ва бегуноҳӣ дар айёми ҷашни Наврўз мавқеи барҷастае дорад. Мардумони эронитабор соли навро бо тани поку либосҳои тоза ва ғизою ашёи рамзии сафед пазироӣ мекарданд. Аз нигоҳи дигар, чун фалсафаи эрониёни қадим аз муборизаи ду қувваи мутазод, ду қутби ахлоқовар, яъне тазоди шабу рўз, некию бадӣ, гармою сармо ва рамзан сафеду сиёҳ иборат буд, таъсири ин консепсия ба намунаҳои фарҳангӣ ба таври назаррас бозтоб шудааст.
Ифодаҳои рамзи тандурустӣ ва шодкомӣ
Орзуи саломатию шодкомӣ, ширину бофароғат гузаштани сол, кушоиши кор ва заволнопазирӣ дар якчанд амалҳои суннатии наврўзӣ таҷассум ёфтаанд. Мардуми тоҷик қабл аз фарорасии соли нав ва лаҳзаҳои аввали он баъзе расму одатҳоро иҷро мекарданд, ки ба тандурустию амният ва хушвақтии онҳо дар тўли сол мутааллиқ буданд.
То ба миёнаҳои асри гузашта мардумони Ҳисору Қаратоғ, Истаравшану Хуҷанд ва Самарқанду Бухоро ва дигар ҷойҳо пеш аз Наврўз косаю табақ, кўза ва дигар зарфҳои лабшикаста, ҷағоварда, ё сирпаридаро шикаста мепартофтанд, ки он як одати қадимии зардуштиён буд. Ин ойин чунин маънӣ дошт, ки ҳамаи чизҳои шикаста бо соли кўҳна бебозгашт бираванд ва мардум дар соли нав орзуи тандурустиву зиндагии бешикастро таманно мекарданд.
Инчунин бо мақсади тандурустӣ дар чоршанбеи охири сол маросими чоршанбеи охирон гузаронида мешуд. Дар паскўча ва ё боғҳо се гулхани начандон калон афрўхта хурду калон аз болояш меҷаҳиданд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо иҷрои ин амал онҳо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онҳо тандуруст хоҳанд буд. Мувофиқи бовари дигар, ҳар нафаре, ки аз болои оташ ҷаҳида гузарад, гуноҳҳояш мерехтааст ё дар оташ месўхтааст.
Инчунин дар шаҳру деҳоти Мовроуннаҳр дар арафаи Наврўз ба ҳамдигар гул тақдим мекарданд, гулоб мепошиданд ва ширинӣ мечашониданд, ки ҷумлагӣ бо орзуи саломатию хушрўзӣ ва шодмониҳо амалӣ мегаштанд. Бо иҷрои ин амалҳо мардум қабл аз фарорасии соли нав на танҳо хонаву дар ва ашёву анҷоми хонаро тоза мекарданд, балки тавассути обпошӣ ва аз оташ ҷаҳидан рўҳан худро тозаву озода менамуданд.
Дар Бухорои шариф муллоҳо дар як ҳафта қабл аз вуруди Наврўз дар коғазҳо бо заъфарон «Ҳафтсалом» навишта ба мардум медоданд. «Ҳафтсалом» аз оёти қуръоние иборат буд, ки дар он саломҳо бар Нўҳ, Мўсо, Илёси набӣ ва дигар паёмбарон зикр шуда буданд. «Ҳафтсалом»-ро рўзи Наврўз дар ғулунгоб ё оби тоза тар карда, оби онро аҳли оила менўшиданд. Тибқи ақоиди мардум, ин маҳлул хусусияти шифоӣ дошта, касро аз нохушӣ ва бемориҳо наҷот медодааст. (Аҳмадов 2007, с. 265).
Ба ин тадбир, мардуми тоҷик саъю кўшиш менамуданд, ки соли навро дар хонаву дари тамизу ботартиб, бо либосҳои тозаву озода ва рўҳи беолоишу андешаи пок пазироӣ кунанд.
Рамзи баракат ва фаровонӣ
Чун Наврўз пешонаи фасли баҳор аст, мардуми кўҳистон асосан дар айёми Наврўз шўрўъ ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ мекарданд. Дар аксари навоҳии Тоҷикистон ва шаҳру вилоёти тоҷикнишини Ўзбекистон то ба даҳсолаҳои наздик дар айёми Наврўз маросими ҷуфтбаророн барпо мешуд. Дар рўзи ҷуфтбаророн деҳқонон аввал дар хонае ҷамъ омада, зиёфате ороста бо ҳам медиданд ва сипас аз Қуръони шариф сураҳо қироат мекарданд ва ба ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуою фотиҳа мехонданд. Баъдан онҳо барзагову олоти ҷуфтрониро ба саҳро, ба мавзеи киштукор мебароварданд, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд ва ба сару бадани говҳо орд мепошиданд, ки разми баракату фаровонии ҳосилро ифода мекард.
Рамзи баракту фаровонӣ дар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми тоҷик мунъакис гаштааст. Тавре ки пажўҳишгар Нисор Шакармамадов дар китоби «Наврўзи Бадахшон» овардааст, «соҳибхоназан ё марди кадхудо субҳгоҳон ба чашма барои об меравад. Ў бояд аз хона то сари чашма ё рўд ва аз он ҷо то хона ба касе сухан нагўяд. Ў ҳангоми обгирӣ аз чашма чандто сангчаро гирифта ба даруни сатил меандозад, ки ин сангчаҳо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Чун ба хона расид сангчаҳоро ҳамроҳи як даста сабзае, ки аз атрофи чашма чидааст аз равзанаи бом ба даруни хона (пойгаҳ) меандозад. Сангрезаҳо ва сабзаро пас аз се рўз аз пойгаҳи хона чида, онҳоро дар зери дарахти калону сершох мегузорад. Ин расми қадим орзуи мардумро аз ояндаи неку фархунда ва бофайзу баркатшавии корҳо бозгўӣ мекунад». (Шакармамадов 2003, с. 32)
Чунин сангчаҳоро, ки миқдорашон ҳафт адад аст, занҳои тоҷик ҳангоми пухтани ғизои наврўзӣ – суманак ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар деҳаи Қаратоғ ба деги суманак ба ҷои сангчаҳо 7 дона чормағз меандохтаанд. (Аҳмадов 2007, с. 194).
Хўрокҳои анъанавии наврўзии тоҷикон аслан ғизоҳоянд, ки аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Чунончи, дар ноҳияи Ҳисор аз гандуми кўфта, нахўд, лубиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтақаҳо далда (Кўлоб), кашк (Яғноб), боҷ (Бадахшон) ва гўҷа (дар Панҷакент) ғайра меноманд. Хўроки мазкур, ки аз ҳубубиёт ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи фаровонии ҳосили кишоварзи соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад.
Рўзи Наврўз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкўча мепухтанд ва бо ин амал онҳо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад.
Рамзи эҳёи табиат ва сарсабзию хуррамӣ
Мувофиқи ривоятҳо ва асотири халқҳои гуногун, Худованд офариниши ҷаҳонро дар оғози баҳор, яъне дар айёми Наврўз шурўъ кардааст. Офаридгор оламро бар пояи ақлу мантиқ дар фасли нахустини табиат халқ намудааст, на дар ягон анбўҳи тираву тор, на дар сармову тўфони зимистон, на дар тобистони сўзон ва на дар тирамоҳи пур аз хазону гиёҳони пажмурда. Балки бегумон бо рўшноии фаровон, бо фурўғи ҳаётбахши хуршед, бо сабзаву гулҳои тарабафзои баҳорӣ ба ҷунбишҳо ва рўишҳо оғоз бахшидааст. (Абдулло 2010, с. 13).
Дар расму ойин ва боварҳои мардуми тоҷик фарорасии баҳор, зиндашавии табиат ва оғози кишту кори деҳқон дар шаклҳои гуногун таҷассум ёфтаанд.
Аз омадани Наврўз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврўз гурўҳ шуда, ба кўҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгўш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврўзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахўд медиҳанд.
Сабзаи ҷав ва ё гандум, ки зинатбахши суфраи «ҳафт син» ва масолеҳи асосии суманак аст, дар асл рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт мебошад. Дар рустоҳои водии Яғноб субҳи Наврўз сабзаи суманакро ҳафт духтар дар табақҳо гирифта болои сар мегузоранд ва ба маҳалли пазандагон мебаранд ва то ба пухта расидани суманак ва дигар ғизоҳои идона ба пазандагон кўмак мерасонанд . (Ёрзода 2007, с. 296)
Ба ғайр аз сабза шохчаҳои дарахтони гуногун низ аз зиндашавии табиат дарак медиҳанд. Чунончи, дар Бадахшони Тоҷикистон дар рўзи Наврўз мардум ҳангоми ба хонаи якдигар мераванд, шохчаи тару тозаи бедро ба даст мегиранд.
Дар водии Вахони ноҳияи Ишкошим дар айёми Наврўз аз пўсти тозаи бед занҷиракҳо месозанд, ки номи онро калаколок меноманд ва дар вассаву болорҳо ва шифти хона меовезанд. Онҳо дар шифти хона то иди ояндаи шудгори баҳорӣ мемонанд. (Писарчик 1987, с. 7).
Расми дигари марбути шохаи тари бед дар байни духтарони навоҳии мухталифи Тоҷикистон ва манотиқи тоҷикнишини Ўзбакистон маъмул аст, ки маҳз дар шабу рўзи фарорасии Наврўз иҷро мешавад. Вақте ки занону духтарон ва махсусан, наварўсон ба идгоҳ мерафтанд, аз пўсти навдаи бед ба шакли силсила кокул месохтанд ва ҳамчун ороиш ба мўяшон ҳамроҳ мекарданд. Дарозии ҳар як силсила 30-40 см буд.
Ҳамчунин дар Самарқанду Бухоро, Фарғона, Хуҷанду Истаравшан, Исфара, водии Ҳисор ва дигар ҷойҳо аз навдаи беду пўсти он чамбаракҳои салламонанд месохтанд ва онҳоро бо гулҳои баҳорӣ зебу зинат медоданд.
Дар водии Сўхи Ўзбекистон духтарон кокулҳоро аз пўсти навдаи маҷнунбед тайёр мекарданд ва бо иловаи чамбараке ба сар мегузоштанд. Шумораи кокулҳо бисёр мешуд, аз ҳама зиёдаш то чил адад мерасид. (Писарчик 1987, с. 7).
Аз ин мисолҳо пайдост, ки рамзи эҳёи табиат ва сарсабзию хуррамӣ низ дар фарҳанги мардуми тоҷик, алалхусус дар ҷашни Наврўз, мавқеи муҳим дошта, дар шаклу намудҳои гуногун зоҳир мегардад.
Ҳамин тариқ дар айёми ҷашни Наврўз расму ойинҳои мармузу пурасрор хеле зиёданд, ки ин ҷашнро боз ҳам зебову шукўҳманд мегардонанд. Дар таркибу мазмуни ҳар амалу ҳолат, шакл ва рангу сурат пораҳои фарҳанги ниёгон нуҳуфтаанд. Таҳқиқ ва ошкор кардани ин рамзу розҳо моро ба сўйи тафаҳҳуми воқеият ва моҳияти аслии Наврўз бурда, ба масъалаҳои муносибати инсону табиат ва ҷанбаҳои зебопарастии мардум дар фарҳанги мардумони эронитабор равшанӣ меандозад.
Феҳристи манобеъ:
- Абдуллоҳ Ф., Рўзе ки ҷаҳон офариниш ёфт // Мино, №9, 25.03.2010, с.13.
- Атоӣ С., Бозоров Б., Наврўзи Тоҷикистон // Ҷомеа. №6, 19.03.2009, с.5.
- Аҳмадов Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Душанбе: Дониш, 2007.
- Ёрзода Т. Фолклори Яғноб. Душанбе: Империал-групп, 2007.
- Иностранцев К.А. Қадимтарин ахбори сарчашмаҳои арабӣ оид ба ҷашнгирии Наврўз дар замони Сосониён (чопи нахуст СПб –1904). Дар китоби Мирраҳим М. «Ҷашни Наврўз ва ҷаҳоншиносӣ» Душанбе: Ирфон: 1992.
- Мухиддинов И. Обряды и обычаи припамирских народностей связанные с циклом сельскохозяйственных работ // Древные обряды верования и культы народов Средней Азии. М.: 1986, с. 75.
- Қодиров Р. Фолклори маросимии торреволюционии тоҷикони водии Қашқадарё. Д.: 1963.
- Охониёзов В. Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми класссикии форси тоҷикӣ. Душанбе: Дониш, 2010.
- Писарчик А. Навдаи бед дар Наврўз // Адабиёт ва санъат, 19.03.1987.
- Раҳимов Д. Баргузории ҷашни Наврўз ва расму ойинҳои таркиби он // Олами ҳунар, январ-марти 2010. с.44-48.
- Раҳимов Д. Пайванди устураи Сиёвуш бо ҷашни Наврўз // Адабиёт ва санъат, 19.03.2008, № 12 (1411).
- Сўфиев Ў. Наврўзи Сўх // Мардумгиёҳ, №1-2, 1995-96, с.36-41.
- Тресиддер Д., Словарь символов. Москва: Издательско-торговый дом ГРАНД, 2001.
- Шакармамадов Н., Шакармамадов О., Наврўзи Бадахшон. Хоруғ: Маърифат. 2003, с.20
Дилшод Раҳимов Фолклоршинос