Activities calendar

24 марта 2017

“Ба номи Ҳурмуз” аввалин филми мустанади тоҷикӣ дар бораи Наврӯз

Таърихи Наврӯз куҳан аст. Аммо Наврӯзи замони мо ҳам таърихи худро дорад. Замони Шӯравӣ на ҳамеша ин ҷашни ниёкон таҷлил мешуд ва дар баъзе мавридҳо ҳатто ба мушкил аз он ёдовар мешуданд.
Аввалин филми мустанад дар Тоҷикистон дар бораи бораи Наврӯзро коргардони маъруф Сафарбеки Солеҳ ба навор бардоштааст. Ин ҳам замоне буд, ки Наврӯз дар Тоҷикистони сотсиалистӣ эҳё мешуд. Бо талошҳои пайгирона филми мазкур бо унвони “Ба номи Ҳурмуз” рӯи навор омад.

барчасп: