Донишманди пуркори тоҷик Атахон Сайфуллоев дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт
Чоп шуд: 17/03/2017Атахон Сайфуллоев, як тан аз адабиётшиносони шинохтаи кишвар, шоир, нависанда, драматург, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон субҳи имрӯз, 17-уми март дар синни 84-солагӣ дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дида аз олам барбаст. Соати 12 имрӯз маросими видоъ бо марҳум дар назди ҳавлиаш баргуор шуд. Атахон Сайфуллоев замоне сарварии Кумитаи радио ва телевизиони мамлакатро ҳам ба уҳда дошт, вале фаъолияти ӯ дар пажуҳишҳои илмиаш барҷастатаранд, то ки дар маҳорату