“Ба номи Ҳурмуз” аввалин филми мустанади тоҷикӣ дар бораи Наврӯз

Таърихи Наврӯз куҳан аст. Аммо Наврӯзи замони мо ҳам таърихи худро дорад. Замони Шӯравӣ на ҳамеша ин ҷашни ниёкон таҷлил мешуд ва дар баъзе мавридҳо ҳатто ба мушкил аз он ёдовар мешуданд.
Аввалин филми мустанад дар Тоҷикистон дар бораи бораи Наврӯзро коргардони маъруф Сафарбеки Солеҳ ба навор бардоштааст. Ин ҳам замоне буд, ки Наврӯз дар Тоҷикистони сотсиалистӣ эҳё мешуд. Бо талошҳои пайгирона филми мазкур бо унвони “Ба номи Ҳурмуз” рӯи навор омад. Ду сол пештар суҳбате доштам бо коргардон Сафарбеки Солеҳ ва дар оғоз пурсидам, ки  ин филм бо пешниҳоди кӣ ба навор гирифта шуд?

Сафарбеки Солеҳ:  -  Аз замоне, ки даст ба офариниши филмҳо задам, ҳамеша талош мекнунам бо ибтикори худ бошад. Бароям он чизе хуш аст, ки худам хоҳиш дошта бошам. Аз ин рӯ ҳамеша барои филмҳоям худам сенария менависам, худам коргардонӣ мекунам. Ва он сол ҳам хостам дар бораи Наврӯз филм бардорам, чун касе то он замон инчунин кореро анҷом надода буд.

Баъди суҳбат бо донишмандони маъруфи кишвар, ки воқеъан ҳам дар бораи Наврӯз тасаввуроти комилу назари олимона доштанд, сенарияи онро навиштам. Ва албатта, аз осори таърихӣ дар мавриди Наврӯз мавод пайдо кардам. Бахусус, аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, аз “Наврӯзнома”-и Хайём, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Гардезӣ ва ғайра истифода бурдам. Чанд гурӯҳи корӣ созмон додам, ки якбора дар манотиқи мухталиф ҳамзамон ҷашни Наврӯзро, ки нав иҷозаи таҷлилаш содир шуда буд, филмбардорӣ кунанд.

  - Филбардор кӣ буд?

Сафарбеки Солеҳ: - Филмбардори асосӣ Анвар Мансуров буданд, ки дар ҳақиқат он замон яке аз беҳтарин филмбардорон маҳсуб мешуданд.  Филми "Марги судхӯр" -ро ҳам он кас ба навор гирифтаанд ва боиси ифтихор аст, ки то имрӯз дар Донишгоҳи Синамои Маскав аз рӯи ин филм ҳунари филмбардорӣ омухта мешавад.

  - Гуруҳҳо чӣ корҳоро анҷом доданд?

Сафарбеки Солеҳ: - Барои он ки филм диданӣ бошад, мо дар Бадахшону, Суғду Зарафшон ва ҳатто Бухорову Самарканду Афғонистону Ирону Озарбойҷон наворҳо бардоштем. Бо шоири шинохтаи эронӣ марҳум Сиёвуши Касроӣ суҳбати наврӯзӣ анҷом додам. Ва умуман ин филм хеле вақтро гирифт ва тамоми соли 1989 наворбардориву танзимаш идома дошт.

  - Ороиши мусиқӣ аз кӣ буд?

Сафарбеки Солеҳ: - Далер Назаров ба он оҳанг навишт ва филм бо ғазали Мавлонои Балхӣ “На шабам на шабпарастам, ки ҳадиси хоб гӯям” оғоз мешуд, ки онро Далер Назар басо марғуб суруда буд. Ва нуктаи дигар: дар таърихи синамои кишвар бори аввал дар “Тоҷикфилм” навиштаҳои филмро ба хати форсӣ таҳия намудем.

Аввалин бор марҳум Сайфи Раҳимзоди Афардӣ, нависандаи хуби мо дар ин филм ҳамчу ровӣ матнро хонд ва билкулл вориди ҷаҳони синамо шуд.

   - Нахустнамоиши он кай баргузор шуд?

Сафарбеки Солеҳ: - Моҳи феврали соли 1990  Иттифоқи Синамогарони Қазоқистон як фестивали филмҳои мустанади Осиёи Миёнаро доир намуд ва дар доираи он нахустнамоиши филми ман он ҷо сурат гирифт ва чун беҳтарин мустанад пазируфта шуд.

  - Дар Душанбе чӣ?

Сафарбеки Солеҳ: - Дар пойтахти кишвар онро дар Наврӯзи ҳамон сол, яъне марти соли 1990 намоиш додем.  Ҳамон сол мо як ҷашнвораи филм дар Душанбе доир намудем ва ин филм ҷоизаи беҳтарин филми мустанадро гирифт. Филм 50 дақиқа буда, аз ҷониби "Совэкспортфилм" ба англисӣ тарҷума ва ба кишварҳои мухталиф фурӯхта шуд.

 Наврӯзи 1991 дар Қасри Синамои Иттифоқи Синамогарои Шуравӣ дар Маскав ва кинотеатри Москва намоиш дода шуд. Ба ин филм мо Наврӯзро ҳамчу ҷашни тоҷикӣ ба ҳамагон матраҳ намудем. Дар аксари Донишгоҳҳои Амрико ин филмро диданд. Аммо дар Тоҷикистон ҳатто номашро намегиранд.

  - Агар бо англисӣ тарҷума шуда бошаду дар кишварҳои хориҷӣ ба фурӯш рафта бошад, пас хеле сармоя ҳам ғун шудааст?

Сафарбеки Солеҳ: - Шояд. Вале азбаски саромягузори он маркази  Кумитаи Синамои Шуравӣ, аз Маскав буд, мо дигар иттилое дар бораи маблағҳои омада надоштем ва дошта ҳам наметонистем. Чун системаи он замон дигар буд

Суҳбати Б. Шафеъ

барчасп: