ГӮШВОРА, гӯшвор, ҳалқа, ашёи зинати занона, ки ба гӯш меовезан. Гӯшвора аз замонҳои қадим байни мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон маълум буд. Дар дахмаи Куркат (а-ҳои 1 – 7, ноҳияи Спитамени ҳозира) ба туфайли ҳафриётҳои археологӣ аввалин гӯшвораҳо (аз асрҳои 3 – 7) ёфт шуданд. Аз ҳафриёти Шаҳристон низ гӯшвораҳое ба даст омадаанд, ки ба асрҳои 12 – 13 мансубанд.
Гӯшвора одатан маҳсули кори заргарист. Гӯшвораҳои оддӣ аз 2 – 4 овеза (поя) иборатанд. Гӯшвораҳои қиматбаҳоро дар тӯю ид меовезанд ва онҳо чандин овеза дошта, бо сангу шаддаҳои марҷон ороиш дода мешаванд.
Гӯшвораҳои овезадорро дар ҳар ҷо ҳар хел меноманд. Гӯшвораҳои чапарак, қафасӣ, қуббанок (Кӯлоб), маҳмадӣ (Зарафшон, Кӯлоб, Ҳисор), ёрбедоркунак (Панҷакент) ва ғайра вобаста ба миқдори овезаҳо гӯшвораи сепочика, панҷпочика мегӯянд.
Овезаи гӯшвора дар деҳаҳо баъзан аз шаддаи майда, марворид, тангаи нуқрагин ва садаф сохта мешавад. Гӯшвораҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: гӯшвораҳои овезадорро гӯшвор ё гӯшпор, гӯшвораҳои шакли доирадоштаи бе овезаро ҳалқа мегӯянд. Лекин ин номгӯй на ҳамеша риоя мешавад. Дар аксари маҳалҳо – вилояти Хуҷанд, Кӯлоб, Қаротегину Дарвоз, Вахшу Ҳисор ва ғайра ҳамаи намуди гӯшвораҳоро ҳалқа мегӯянд.
Замонҳои пеш дар Кӯлоб ва деҳаҳои болои Зарафшон ба бинӣ овехтани гӯшвора низ расм буд, ки онро пати бинӣ ё холбинӣ меноманд. Дар даҳсолаҳои охир овехтани ин ороишот аз байн рафта бошад ҳам, дар баъзе деҳаҳо ҳанӯз боқист. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳо бештар гӯшвораҳои фабрикӣ маълум аст. Гӯшворсозони касбӣ миёни мардум ҳоло хеле каманд ва одамон бештар аз тавлидоти корхонаҳои азими гӯшворсозӣ истифода мебаранд.
Адабиёти мавриди истифода:
Широкава З. А., Традиционая ин соврименная одежда женщин горного Таджикистана, Д., 1976.