Даричаи ошноӣ бо Романс
Чоп шуд: 20/12/2016Романс (аз исп.romance-романӣ) асари мусиқии камеравӣ барои овоз бо ҳамовозии созҳо. Истилоҳи мазкур дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, аввалан сурудҳои дунявӣ бо забони испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудҳои калисоӣ, ки ба лотинӣ иҷро мешуданд). Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул гардид.
Романс бо шеър нисбат ба суруд робитаи зичтаре дошта, дар худ натанхо хусусияти умумӣ ва сохти бадеӣ, балки воситаҳои ифодаи алоҳида ва ҷузъҳои оҳангию вазнии