Аз гӯшвора ҳикоят кунем
Чоп шуд: 12/12/2016ГӮШВОРА, гӯшвор, ҳалқа, ашёи зинати занона, ки ба гӯш меовезан. Гӯшвора аз замонҳои қадим байни мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон маълум буд. Дар дахмаи Куркат (а-ҳои 1 – 7, ноҳияи Спитамени ҳозира) ба туфайли ҳафриётҳои археологӣ аввалин гӯшвораҳо (аз асрҳои 3 – 7) ёфт шуданд. Аз ҳафриёти Шаҳристон низ гӯшвораҳое ба даст омадаанд, ки ба асрҳои 12 – 13 мансубанд.
Гӯшвора одатан маҳсули кори заргарист. Гӯшвораҳои оддӣ аз 2 – 4 овеза (поя) иборатанд. Гӯшвораҳои қиматбаҳоро дар тӯю ид меовезанд