Як соли корҳои интишоротии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Соли 2016 аз ҷониби олимони ПИТФИ Д. Раҳимов ва А. Аминов маводи эмпирикӣ ҷиҳати таҳияи номинатсияи “Чавгон” ҷамъоварӣ карда шуда, дар якҷоягӣ бо комиссияи корӣ матни номинатсия таҳия гардид. Ҳамзамон бо Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО-и Тоҷикистон ходимони илмии ПИТФИ, саволнома ва ҳуҷҷатҳои зарурии чавгонбозиро таҳия карда, ба забони инглисӣ тарҷума намуда, ба Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО фиристоданд.
Соли 2016 кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  297 адад корҳои илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методиро ба анҷмом расониданд. Дар ин сол 21 китоб, рисолаи илмӣ, китобнома, барнома, китоби дарсӣ, тақвим ва 276 мақолаи илмӣ ба табъ расид.
Кормандони шуъбаи муассисаҳои таълимӣ барои тартиб додани «Луғати тасвирии мусиқӣ» дар маҷмўъ 1435 истилоҳоти соҳавӣ, аз ҷумла, 123 истилоҳот бо ҳарфи «Н», 59 мафҳум бо ҳарфи «О», 80 истилоҳ бо ҳарфи «П», ба 40 истилоҳ ба ҳарфҳои «А» ва «Б» ва ғайраро шарҳ додаанд. Инчунин дар заминаи омўзиши китобҳои илмӣ, таълимӣ ва дастурӣ, ҳамчунин таҷрибаи эҷодӣ  95 истилоҳ  бо ҳарфи «Р» ва 175 истилоҳот бо ҳарфи «С» ба таври маълумоти обзорӣ ташреҳ ва ҳуруфчинӣ гардид.
Ҳамзамон мувофиқи нақшаи пажўҳиши «Махсусияти истилоҳот ва фарҳанги рўзноманигорӣ» аз ҷониби шуъбаи ахбори омма ва табъу нашр 272 истилоҳоти рўзноманигорӣ бо теъдоди 4 ҷузъи чопӣ тавзеҳ шуд. То ин вақт коркарду баррасии истилоҳоти рўзноманигорӣ доир ба ҳарфҳои «У, Ф ва Х» амалӣ шуда буд, иловатан 20 истилоҳот бо ҳарфи «У», 78 мафҳум бо ҳарфи «Ф» ва 44 истилоҳ бо ҳарфи «Х»  шарҳ ёфтанд ва чопи компютерӣ шуданд.
Тибқи супориши Вазорати фарҳанг бори нахуст аз ҷониби ходимони ПИТФИ Низомномаи ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” таҳия гардид.
Намунаи сенарияи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони “Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод” аз ҷониби ходими пешбари илмии ПИТФИ  Ҳ. Муҳаммадинов таҳияву нашр шуда ба муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ бо таври ройгон фиристода шуд. 
Маротибаи аввал номгўйи осори васфии қаламкашони тоҷик дар ситоиши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли феҳрист омода гардид ва таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” ба табъ расид.
Нашри дуюми мукаммали Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ”, ки 515 унсурҳои фарҳанги ғайримодии миллати тоҷикро фаро мегирад, бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба табъ расид.
Бори нахуст натиҷаи экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии ходимони илмии Пажўҳишгоҳ дар шакли китоби алоҳида таҳти унвони “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” дар ҳаҷми 9, 75 ҷузъи чопӣ, интишор ёфт.
Ходимони илмӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаи Энсиклопедияи миллии тоҷик дар таҳия ва интишори ҷилди дувуми “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” саҳми муносиб гузошта, беш аз 300 мақолаҳои илмии хешро доир ба анъанаҳои шифоҳӣ, санъати иҷрокунандагӣ, урфу одот, маросим, ҷашнҳо ба табъ расониданд.
Соли 2016 аз ҷониби олимони ПИТФИ Д. Раҳимов ва А. Аминов маводи эмпирикӣ ҷиҳати таҳияи номинатсияи “Чавгон” ҷамъоварӣ карда шуда, дар якҷоягӣ бо комиссияи корӣ матни номинатсия таҳия гардид. Ҳамзамон бо Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО-и Тоҷикистон ходимони илмии ПИТФИ, саволнома ва ҳуҷҷатҳои зарурии чавгонбозиро таҳия карда, ба забони инглисӣ тарҷума намуда, ба Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО фиристоданд. Инчунин дар ин ҳамкорӣ бо студияи “Тоҷикфилм” аз рўйи сенарияи навиштаи Д. Раҳимов филми ҳуҷҷатӣ оид ба бозиҳои бачагона ба навор гирифта шуд.
Аз ҷониби олимон, ходимони илмии пажўҳишгоҳ Консепсияи “Устод ва шогирд”-тайёр гардида, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар соли ҳисоботӣ ходимони илмии пажўҳишгоҳ “Оинномаи намунавии Марказҳои фарҳангӣ-фароғатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Соли ҷорӣ 3 шумораи маҷаллаи илмии «Паёмномаи фарҳанг» аз чоп баромад. Шумораи чоруми маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг”  ба нашр супорида шуд. Ҷилди 3-юми «Осор» дар соли 2016 ба табъ расид.“Тақвими рўйдод ва санаҳои муҳими фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон дар соли 2017”
дар 2 ҷ. омода гардид, ки дар пешбурди кору фаъолият дастури методиест ба кормандони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ дар соли 2017.

барчасп: