Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони «Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷамъомад доир гардид.
Дар суҳбат директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода иброз дошт, ки Паёми имсола ҳуҷҷати муҳими стратегие мебошад, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
«Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар Паёми Пешвои миллат махсус таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили муассисаҳои истироҳатию тандурустӣ, сохтмони иншооти санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ имкониятҳои калон дорад ва самаранок истифода бурдану инкишоф додани ҳамаи инҳо вазифаи асосии давлату ҳукумат ва соҳибкорон мебошад»,- зикр кард Шариф Комилзода ва илова намуд, ки «Паёми имсола ҳама самтҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил намуда, вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар барои ноил шудан ба зиндагии шоиста муайян намуд».
Муовини директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов доир ба «Зарурат ва аҳамияти омӯзиши мероси фарҳангии миллати тоҷик» иброз дошт, ки Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои намояндагони тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аҳамияти назариявӣ, амалӣ ва дастурӣ дошта, барои рушду тараққии кишвар аҳамияти хосса дорад.