Пагоҳ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамоиш баргузор мегардад.
Дар суҳбат Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Бӯриев, директори Хонаи китоби Тоҷикистон ва Сироҷиддин Икромӣ, директори КДТС «Китоб» дар мавзӯъҳои «Зарурат ва аҳамияти омӯзиши мероси фарҳангии миллати тоҷик», «Нақши муассисаҳои фарҳангӣ ва ташаккули марифати ҷомеа», «Ҷавонон ва ҷойгоҳи онҳо дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза мекунанд.
Дар хотимаи ҳамоиш байни иштирокдорони ҷамъомад дар мавзӯъҳои зикршуда мубодилаи афкор сурат мегирад.
Манба: www.khovar.tj