«ФАЛАК» - ПАДИДАИ БАРҶАСТАИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Мусиқии касбӣ-суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, ки аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофари  мо мерос мондааст, таърихи бою рангин дошта, решаҳои он ба умқи қарнҳо мерасад,  аз он ҷо сарчашма мегирад ва бо латофату рангомезии алҳонаш аз қадимулайём машҳур буда, дар он шодию сурур ва андўҳи халқ инъикос гардидааст. Ин мероси бебаҳо таҷассумгари софию покизагӣ, ваҳдату дўстӣ,  садоқату инсонпарварӣ ва орзую омоли мардуми тоҷик буда, тўли асрҳо чун ифодагари анъанаю маросимҳои халқ пойдор мондааст.

Мусиқӣ ва суруду тарона яке аз қадимтарин мероси фарҳангии тоҷикон буда, падидаи худовандӣ ба ҳисоб мерафт. Одамон  рў ба осмон оварда, тавассути он розу ниёзашонро ба офаридгори худ ифшо менамуданд.

«Фалак» дар луғат ба маънои афлок, осмон, сипеҳр, кайҳон омада, вожаҳои маҷозии чархи гардун, тақдир, сарнавишт низ ифодагари ин  маъно мебошад. Мафҳуми бадеиву фалсафии фалак дар адабиёти классикии форсу тоҷик бо ибораҳои «фалаки ҷомакабуд», «фалаки каҷрафтор», «сипеҳри бемурувват», «гардуни дун»,  «сипеҳри  сифлапарвар»,  «фалаки донокуш», «чархи золим» ва амсоли инҳо ифода гардидааст. 

Шоирон бо эҷоди рубоиёти шикваомез аз «фалаки каҷрафтор», аҳли хунё бо омезиш додани ин рубоиёт бо мусиқии дилангез сурудҳои фалакӣ эҷод менамуданд.

«Фалак» маҷмуи  оҳангу таронаҳои силсилавии мардуми тоҷик буда, бештар дар навоҳии куҳистон маъмул аст, зеро марди кўҳистонӣ аз дасткўтоҳиву нодорӣ, нобасомониҳои рўзгор ба танг омада, роҳ сўйи кўҳсор мегирифт ва рў ба осмон оварда, фарёд мезад, дарду ғам ва розу ниёзи худро тавассути «нолаву фарёди ҷигарсўз» алайҳи бедодиву нокомиҳои замона ба додрас – офаридгори оламу одам ифшо менамуд.

Мувофиқи нигоштаҳои як идда мусиқишиносони гузаштаву имрўза пайдоиши «Фалак» ба асрҳои IX-X рост меояд. Лекин ба пиндори мо ташаккули он аз ин ҳам пештар сурат гирифтааст, зеро манбаъҳои маншаъи ин мусиқии мардумӣ хело қадимтаранд.

Суруду навои Фалак ба рўди мусаффои кўҳӣ шабоҳат дорад, ки аз ҳазорон чашмаҳои поку зулоли аз синаи кўҳсорон фавворазананда ибтидову роҳ ба сўи водии дилҳо гирифтааст, то онро сабзу хуррам ва боғистони пургул гардонида, ба рўҳу ҷони мо роҳату тавон бахшад. Суруду навоҳои мусиқии мардумии «Фалак» аз манобеи зер сарчашма гирифтаанд:

  1. Готҳову Яштҳои Авасто, ки мўбадону муридони онҳо дар оташкадаҳо месуруданд.
  2. Суруду таронаҳои мардумии тоҷик, ки таърихи зиёда аз 4500 сола доранд.
  3. Мероси мусиқии замони Сосониён, бахусус эҷодиёти Борбади Марвазӣ: 360 суруд, 30 лаҳни борбадӣ, 7 дастон, фаҳлавиёт ва ғ.

Як зумра пажӯҳандагони таърихи мусиқии мардумӣ  оғози нишонаҳои Фалакро  бо адабиёти сӯфия вобаста дониста, падидаҳои оҳангии онро бо сурудаҳои Абусаиди Абулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Бобо Тоҳири Урён ва дигарон тавъам меҳисобанд. Ба ақидаи мо ҷараёни сўфия яке аз манобеи фалак набуда, балки аз он истифода намудааст ва албатта дар ташаккулу такомули вай саҳм гузоштааст. Шоирони сўфия бо рубоиҳои фалакии хеш арзи хокиёнро то фалакҳо расонидаанд. Матни «Фалак» асосан дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мешуд, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум буд ва нолаи пурсўзи онҳоро ба осмон мебурд.

Баъзе аз муҳаққиқон чунин ақида доранд, ки агар фалакро ба қолиби мусиқии классикӣ дарорем, аз ин бурд мекарда бошем. Баракс  «Фалак» жанри озод ва аз ҳар гуна қолибҳо орист, зода ва ифодагари рўҳи озодихоҳи инсонист, ки ҳамеша дар тапиш ва болу пар задан аст, то қафаси баданро пора сохта, ба асли хеш бипайвандад. Вай ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбӣ ва таҷрибаи кофиро тақозо менамояд. 

Агар ибтидо ва сарчашмаи сурудҳои мардумии тоҷик, аз ҷумла «Фалак» дар «Готҳо»-ву «Яштҳо» ва «Ясноҳо»-и Авасто бошад, пас он дар замони давлатдории Сосониён хело рушд кардааст. Асосгузори ин сулола Ардашери Бобакон (224-241) шоҳи донишманд ва адолатпеша буда, дар радифи комёбиҳои бузурги  иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии кишвараш ба  рушди илму фарҳанг ва ҳунар низ аҳамияти ҷиддӣ медод. Ў аз Ҳиндустону Юнон беҳтарин ромишгарону ҳофизон ва аҳли ҳунарро даъват менамуд. Ҳунармандони дарбор, аз имтиёзҳои фаровон бархурдор буданд.

Дар давраи ҳукмронии Хусрави Парвиз (590-628-38) низ мусиқӣ равнақ ёфт. Ҳунармандони машҳур Борбад, Бомшод, Саркаб, Саркаш, Ромтин, Накисову Озодвари Чангӣ, Гесўи Навогар дар инкишофи санъати мусиқии касбии замони худ ва минбаъд нақши бориз гузоштаанд. Дар ин бора муаррихони қадими аҷам Ибни Муқаффаъ (721-757), Ибни Ҷоҳиз (775-866), Ибни Қутайба (838-889), Абулфараҷи Исфаҳонӣ (897-967), Ал-Ҳамадонӣ (969-1007), Ибни Қифтӣ (1172-1248) дар нигоштаҳояшон маълумоти саҳеҳ додаанд.

Дар замони бузургтарин ҳофиз ва ромишгар, роҳбари дастаи хунёгарони дарбори Хусрави Парвиз Борбади Марвазӣ (590-628-38) суннатҳои замзама ва замзамахонӣ, божхонӣ, божхомўшӣ, фаҳлавиёт маъмул буданд. Шаклҳои гуногуни созию овозии локуӣ ё худ троник (тарона), чаковак (чакома, суруд), фаҳлавиёт (рубоиёти фалакӣ ё фалакиёт), рустактроник (таронаҳои халқӣ), чома, чакомак (чакома), вуҷуд доштанд, ки ҳангоми ҷашну тантанаҳои мавсимӣ, мазҳабӣ, оилавӣ иҷро мегардиданд. Бузургтарин ноқили «Фаҳлавиёт» Борбади Марвазӣ дониста шудааст, ки дар ин бора Абу Усмон ибни Ҷоҳиз дар асараш «Китоб-ут-тоҷ…» навиштааст: «Дар замони Хусрави Парвиз ва шоҳи мутрибони Аҷам Фаҳлабад (Борбад) санъати овозхонӣ ва навозандагӣ ба пояи хело баланд расид ва мақоми ромишгарон дар дараҷаи аввал буда ва ҳама савту суруде дар арса эҷод шуд, аз савту лаҳнҳои Фаҳлабадӣ (Борбадӣ) аст».

Донишманди тоҷик  (ох. ас. X ва ав. а. XI) Фахруддини Марвӣ дар рисолааш «Сабки фаҳлавиёти Хурусонӣ» нигоштааст: «Мардумони атрофу акнофи Хуросон бештар вақт аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд. Гоҳ аз шунидани бархе аз гунаи он сурудаҳо нанг мекарданд ва рў ба савту садои кўҳистон оварданд. Ин кор то бад-он ҷое расид, ки суруди фалакии Ятимии Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди куҳистонии Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои «Фироқномаи Юсуф», «Ҳаҷри Яъқуби Канъон», «Нолаи малакут», «Нидои хокиён», «Фарёди ҷон» ва «Розҳои ногуфта» дар забони мардум бимонд».

 Фалак жанри мусиқии шифоҳии ҳирфаӣ буда, дар тўли садсолаҳо аз гўш ба гўш, аз забон ба забон, ба тарзи мактаби «устод-шогирд» то ба имрўз расидааст.

Фалак асосан аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахшҳо сабки иҷроиширо дорост: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ.

Фалаки даштӣ шохаи қадимаи жанри мазкур буда, тарзи иҷроишаш аз фалаки роғӣ фарқ дорад, яъне фалаксаро дасти ростро ба бари гўш бурда, онро бо садои баланди пурсўзу изтироб ва бе ҳамсадоии мусиқӣ, озодона иҷро менамояд. Баъзан Фалаки даштиро фалаки ғарибӣ низ меноманд, зеро ангезааш ҳамеша андуҳ мебошад. Мусиқии Фалаки даштӣ  ба тарзи бадоҳавӣ иҷро гардида, вазни озод ва сохтори беқолиб дорад. Матни он аз рубоиву дубайтӣ созмон ёфтааст.

Фалаки роғӣ аз рўи шакл якқисма ва силсилавӣ (ду, чор ва панҷқисма) мешавад. Вобаста ба мавзўъ, мазмун ва зарбҳои гуногуни мусиқӣ фалаки роғиро ба фалаки равонӣ, фалаки паррон, фалаки ғарибӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ ҷудо менамоянд. Матнаш аз рубоӣ, дубайтӣ ва ғазал иборат аст.

Ба ақидаи олими мусиқишиноси тоҷик Ф. Азизӣ ташаккули пурраи фалаки роғӣ дар асри XVIII ва аввалҳои асри  XIX дар шаҳри Кўлоб, ки тобеи аморати Бухоро буд, сурат гирифтааст, зеро таъсири шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ба Кўлоб ва дигар марокизи ҳавзаҳои фарҳангии минтақа зиёд буда, ҳамзамон дар ин давра дар Бухоро ташаккули пурраву мукаммали Шашмақом низ ба вуқуъ пайвастааст. Тарзи иҷроиши шаҳрии фалаки роғӣ аз ҷиҳати устувории зарб, ҳамвориву форамӣ ва рангомезии оҳанг, ки қариб авҷи баланд надорад, аз иҷроиши дигар манотиқ фарқ мекунад. Дар оғоз суруди фалакиро бо суръати устувору зарби ягона гуруҳи ҳофизон бо навбат ва дар алоҳидагӣ иҷро мекунанд. Сипас зина ба зина тағири зарб ва тез гардидани суръат мушоҳида мегардад. Дар натиҷа яке аз хусусиятҳои асосии силсилаи Фалак, яъне гардиш ба миён меояд. Баъди гардиш зарбу лаҳну оҳанги ҳар як қисми иҷрошаванда бо тарзи нав зуҳур намуда, шакли силсилабандии фалакро ба вуҷуд меорад. Фалаки роғӣ низ, чун силсилаҳои асливу фаръии бахши овози Шашмақом Наср ва Савт бо Уфар ҷамъбаст мешавад.  Мусиқии он шўху муфарраҳ буда, мавзўи матнҳо низ бештар лирикӣ-ишқӣ мешаванд ва истифодаи зинаҳо озод буда, ба ҳайси матн аксар рубоӣ ва дар радифи он ғазалу мухаммас низ,  ба кор бурда мешавад  [“Фалак ва масъалаҳои таърихӣ–назариявии мусиқии тоҷик”. Мураттиб Ф. Азизӣ. – Душанбе: Адиб, 2009. – С. 9.].

Қисмҳои фалак дар 7 зина танзиму иҷро  мешавад: Фироқ, Нола, Ҳиҷрон, Фарёд, Фиғон, Роз Чарх.

Пай дар пай ва бефосила иҷро гардидани бахш ва сурудҳои фалакиро «силсилахонӣ» меноманд.

Аз рўи анъана Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дуторча (думбра), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ иҷро мекунанд. Зарби фалак бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) буда, бо ҳамсадоии созҳои зарбии дафу таблак ва дойра навохта мешавад.

 Жанри мусиқии фалак ғайр аз Тоҷикистон, дар шимоли Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон ва Чин маъмул аст.

Матни асосии Фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалу  мухаммасҳои баландмазмунро низ, аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрўзаи тоҷик истифода кардаанд. Ташаккулу такомули жанри фалаки роғӣ, низ ба монанди суруду таронаҳои Шашмақом дар зери таъсири бевоситаи қонунҳои бадеӣ-ахлоқии назми классикии тоҷикӣ-форсӣ сурат гирифтааст.

Албата замина, пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ онро фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ (бадахшонӣ) ва  фалаки кўҳистонӣ, низ ном мебаранд.

Ба ақидаи донанда ва иҷрокунандаи машҳури «Фалак», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Д. Хол намуди дигари иҷроии «Фалак» дар ҳолати лабҳои пўшида сароида мешавад, ки «Фалаки бунгак» меноманд. Онро ҳам мардон мехонанду ҳам занон. «Фалаки бунгак» нахустин ифодагари ин жанр, яъне шакли қадимтарини фалаксароӣ буда, дар пайдоиш ва ташаккули дигар намудҳои Фалак нақши муассир дорад ва онро «фалаки димоғӣ» низ мегўянд, ки хело аламнок ва бо сўз иҷро мешавад.

Байни мардуми Самарқанду Бухоро ва болооби водии Зарафшон низ, як намуди суруд бо номи «мунга» маълум аст ва асосан занҳо онро дар танҳоӣ, бо лабҳои баста ва сўзу гудоз замзама мекунанд ва тавассути он, дарду алами ниҳони худро ифода менамоянд…

Инчунин Фалак мардона ва занона мешавад.

Ҳангоми таҳлилу баррасӣ намудан бояд фаромўш насозем, ки Фалак пеш аз ҳама жанри мусиқист ва дар ин ҷода аз ҷониби олимони имрўзаи тоҷик Ф. Азизӣ, А.  Низомӣ, А. Раҷабов, муҳақиқон Қ. Қурбониён, Д. Холов  С. Каримов, корҳои мондагор ба сомон расидааст. Лекин тавассути матбуоти даврӣ, радиову телевизион баъзе таҳлилгарон, ҳатто иҷрокунандагони су рудҳои фалакӣ бештар ба таҳлили рубоӣ ва мазмуни матн саргарм шуда, аз баррасии мусиқии Фалак ва пайвастагии он бо матн фаромўш месозанд.

Дар осори мусиқӣ ва адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик жанри шеърию мусиқии «Фалак» ва анъанаҳои иҷроии он мавқеи хос дорад. Аз ахбори адабиёти хаттӣ пайдост, ки «Фалак» чун шакл, жанри шеърию мусиқӣ таърихи хеле бостонӣ дошта, дар тўли ҳазорсолаҳо анъанаҳои асили эҷодию иҷроии он аз дил ба дил, аз устод ба шогирд идомаю равнақ ёфтааст. Роҷеъ ба анъанаҳои эҷодию иҷроии «Фалак» ва фалаксароӣ таҳқиқоти ҷудогонае, ки таърихи таҳаввули ин хориқаи шеърию мусиқиро бар пояи санадҳои адабию таърихӣ, дар муқоиса ба эҷодиёти ҳунармандони мардумӣ таҳлилу баррасӣ карда бошад, то имрўз рўи кор наомадааст. Дар қисми зиёди навиштаҳо баёну тавсифи рўзноманигорӣ ҷой дошта, бештар ба нақли худи иҷрокунандагони «Фалак» такя шудааст, ки мутаассифона аксари гўяндаҳо аз ахбор, фаҳмиши таърихии таҳаввули шеърию мусқии «Фалак» бохабар нестанд ва хулосаҳои ишон ҳам мутобиқ ба салиқаи иҷроияшон шакл ёфтааст. Тавси­фи жанрии «Фалак» чун анвои шеърию мусиқӣ мушаххас нашудааст. Яъне то имрўз бисёр паҳлўҳои эҷодию иҷроии «Фа­лак» чун хориқаи муассири ҳунарӣ номаълум мондааст ва хонанда, эҷодкор ё пажўҳишгар бар пояи маводи шунидаю иҷрошуда нуктаронӣ кардаанд. Аммо таърихи ташаккул ва рушди ин жанр бо диди таҳқиқии бунёдӣ ба риштаи таҳлил наомадааст. Ин мавзўи муҳим, ки бояд моҳият, асолат, генезиси «Фалак»-ро чун як падидаи муассири ҳунарию эҷодӣ дар тамаддуни тоҷикон муайян намояд, таҳқиқоти ҷиддиро нигарон аст.

Нақш ва мавқеи иҷрокунандагони мардумии касбӣ ва ғайрикасбӣ  дар инкишофи жанри мазкур  хело бузург аст. Бо заҳмату кўшиши донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ мусиқии «Фалак» рушд намуда, имрўз ба самъи оламиён расид.

Аз ахбори адабиёти шифоҳӣ пайдост, ки дар барҷоият ва ривоҷи ин суннати эҷодию иҷроии шеърию мусиқӣ саҳми ҳунармандони мардумӣ Карими Шиш, Бобохалили Одина, Қосим Ҳо­шим, Акашариф Ҷўра, Иброҳим Кобулӣ, Абдулло Назрӣ, Одина Ҳошим, Гулчеҳраи Содиқ, Давлатманди Хол, Дона Баҳром, Сафар Мурод, Файзалӣ Ҳасан хело бузург аст. Ин ҳунармандони мардумӣ дар рангорангии ифодаҳои иҷроии «Фалак» ва таъсиромезии мавзўоти он дар ҷараёни фаъолияташон заҳмати зиёд ба харҷ додаанд.

Дар ҷараёни эҷод ва иҷрои «Фалак» ва рушду идомаи анъанаҳои он сабки иҷроии ин ё он ҳавза, сабк (шева), равияи ҳунарӣ нақши хоса дошта, маҳз тавассути кўшишу маҳорати ҳунармандони мардумӣ рангомезии мавзуоти ин жанри мусиқии шифоҳӣ то ҷое барҷо мондааст. Дар танаввуоти иҷроии шеърию мусиқии «Фалак» ва сабки хоси иҷроии он ҳавзаҳои ҳунарии Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум (Ҷам), Рашт нисбат ба ҳавзаҳои Хатлон (Кўлобу Муъминобод, Кангурту Балҷувон) тафовут дорад. Дар анъанаи фалаксароии Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум баробари истифодаи созҳои  хушсадои торӣ (сетор, баландзиком, рубоб, панҷтор), инчунин баён, ифодаи матну иҷро хеле нафису рангомез аст, ки инро метавон дар сабки иҷрои Акашарифи Ҷўра, Пири Садир, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулӣ, Мусаввари Минак, Наврўзшоҳи Қурбонҳусейн, Моҷони Назардод, Нусайрии Одина, Аслияи Искандар, Чанори Нобовар ва навозишҳои Мамадатои Тавалло, Иқболи Завқибек ба хубӣ эҳсос кард. Бахусус аз намояндагони ин ҳавза дар силсилабандиву иҷрои «Фалаки роғӣ» А. Назрӣ беҳамто буд. Тарзи иҷроиши ў саршор аз ифодаҳои созию тараннумӣ буда, мутобиқ ба мизонҳои ҳунари ҳирфаӣ қарор дошт. Сабки иҷроии силсилазанҷирии А. Назрӣ сабки талқину иҷроии А. Ҷўраро тақвият бахшидааст. Хуб аст, ки Дона Баҳрому Панҷшанбе Ҷорўб ва дигар иҷрокунандагони Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум ин суннати иҷроиро ҳифз намудаву идома медиҳанд.

Ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Кўлобу Муъминобод, Кангурт, Шамсиддини Шоҳину Ховалинг, Сарихосор дар иҷрои «Фалак» (бахусус Фалаки даштӣ) бештар шуҳрат доранд. Пешоҳангони ин ҳавзаҳои иҷроӣ Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Бароти Фалак, Холмаҳдмади Фалак, Абдии Шингонӣ, Сафари Байтгў, Абдурауфи Султон (Булбул), Ҳошим Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳраи Содиқ, Файзалӣ Ҳасан, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад   Мурод ва мутрибони машҳур Рустами   Абдураҳим, Достии Орзу, Ҳаким Маҳмуд, Пирназари Дуторӣ, Ҷумъахон Раҷаби Рубобӣ, Саидалии Дуторӣ дар пойдориву барҷоияти анъанаҳои иҷроии ин жанри шеърию мусиқӣ нақши муассир гузоштаанд.

Бори аввал бо ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи эҷодию иҷроии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол  дар бостоншаҳри Кўлоб ансам­бли «Фалак» таъсис ёфт. Нақшаи таъсиси ин дастаи ҳунарии касбӣ соли 1978 ба миён омада, 20 июли соли 1989 тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, зери сарпарастии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри мусиқӣ-драмавии ба номи С. Вализодаи бостоншаҳри Кўлоб, таҳти сарварии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол фаъолияти муттасили хешро оғоз намуд, ки дар рушди ин мусиқии нодири мардуми тоҷик аҳмияти муҳим дошт.

Анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дер боз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омўзиш қарор гирифта, устодону донандагони марду­мии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомӯзонанд.

Аз солҳои 70 асри сипаригардида сар карда, таъсири оҳангу таронаҳои фалакӣ ба дигар жанру намудҳои мусиқии муосири тоҷик назаррас гардид. Суруду навоҳои Фалак дар барномаҳои консертӣ ҷой дода шуда, тавассути яккахониву якканавозӣ, ансамблу оркестрҳои созҳои миллӣ, камеравӣ, симфонӣ, эстрадӣ ва гуруҳҳои хорсароӣ иҷро мегарданд. Бахусус жанри фалак дар эҷоди як қатор суруду оҳанг ва асарҳои дилрасу рангомези мусиқии касбӣ-композитории тоҷик ҳамчун замина ва сарчашма хизмат кардааст. Аз ҷумла композиторони тоҷик  Ф. Одина «Фалак» – барои думбра бо ҳамовозии оркестри симфонӣ, Х. Абдуллоев «Чархофалак» – барои яккахон, хор ва фортепиано, Т. Сатторов «Нолаҳо аз ёлаҳо» – соната барои скрипка ва фортепиано ва амсоли инҳоро дар такя ба анвои фалакӣ эҷод намудаанд. Ҳамзамон дигар композиторони тоҷик, Т. Шаҳидӣ, Қ. Ҳикматов, А. Мўсоев аз суруду навоҳои фалакӣ илҳом гирифта, асарҳо эҷод намудаанд. Дар замони мо низ, Ҳукумати Ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумўи жанри мусиқии «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси роҳбари давлат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди кумитаи радио ва телевизиони кишвар фаъолият дорад. Сарварии онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Д.Холов ба ўҳда дорад. Инчунин бо дастгириву ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10 октябр ҳамчун рўзи «Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва мо шоҳиди он мегардем, ки ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шаҳомати хос таҷлил мегардад. Аз ҳар гўшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.

«Фалак», ки дар ҳақиқат муаррифгари мусиқии суннатӣ ва адабиёти классикии пурғановати миллати фарҳангпарвари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, бояд бештару беҳтар омўхта, амиқтару дақиқтар таҳқиқ карда шавад ва пайваста тавассути васоити гуногуни ахбориву консертӣ тарғиб гардад.

Абубакр Зубайдӣ
Марде, ки «Фалак»-ро
ба фалакҳо бурдаст

Ў суруд мехонад, нола мекунад, фарёд мезанад, овои ҷигарсўз мекашад. Ҳангоми сурудан саропо ба муҷассамаи шеъру суруд табдил мегардад. Аз таҳти дилу мағзи ҷон, самимиву дардолуд замзама месозад. Сурудаш руҳро навозиш кардаву ба дилҳо сурур мебахшад. Ҳамроҳ бо сурудҳои фалакии ў руҳи сомеъ ба фалакҳо пар мекашад. Ин марди фарзонаву соҳибдил Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол мебошад, ки бо дидани чеҳраи кушоду қиёфаи табиатан моил ба табассуми ў дили кас рўшан ва табъаш болида мегардад. Марди фозилу хушгуфтор аст. Мазмуни шеърро хуб дарк мекунад. Дар интиҳоби шеър ва эҷоди оҳанги ба он мувофиқ зиёд заҳмат мекашад. Ҳангоми коркарди оҳанг ё таронаи ба тозагӣ эҷодгардида, нисбат ба худу шогирдон ва дастаи навозандагон сахтгиру серталаб аст. Хуни дил мехурад, то ин ки суруди наваш ба дилу руҳи шунаванда корагар бошад. Ҳунари воло ба акаи Давлатманд аз падару бобо мерос мондааст.

Бобои ў амаки Барот ва падараш сарояндаву навозандаи машҳур буданд. Амакаш Раҷабмади Валӣ (1880-1953) дар навохтани созҳои миллӣ ва сарояндагӣ ҳамто надошт. Ин буд, ки ў соли 1943 ба унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон шарафёб гардид. Раҷабмад соли 1880 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шўрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин), дар оилаи ҳофизи машҳур, амаки Валӣ ба дунё омадааст. Айёми хурдсолӣ  бо падар ва бародараш Мираҳмад дар маъракаҳо ба ҳайси навозандаи дойра ва таблак иштирок менамуд. Айёми ҷавонӣ ў ҳамчун навозандаи созҳои миллӣ ва сарояндаи сурудҳои фалакӣ машҳур шуда буд. Овози баланду пурқуввати марғуладор дошта, сурудҳои фалакиро бо сабку услуби хос иҷро менамуд. То соли 1933, ки сарҳади байнӣ Тоҷикистону Афғонистон кушода буд, ў ба он сўи дарёи Панҷ сафарҳои ҳунарӣ намуда, бо ҳофизони дар он замон машҳури афғон Назрӣ Оллоҳ ва Абдимади Шин якҷоя ҳунарнамоӣ менамуд. Дар сарзамини афғон низ мухлисони зиёд дошт.

Соли 1931 дар Кўлоб озмуни «Ҳунармандони халқӣ» баргузор гардид, ки дар он Раҷабмади Валӣ, Ҷўрахони Ятим, ансамбли оилавии Миркамоли бадахшонӣ ва дигар ҳунармандон ширкат доштанд. Дар ин озмун Р. Валӣ сурудҳои «Шудам дар оташи ишқат кабоб оҳиста-оҳиста», «Дил-дил» ва «Эй духтари оинагар»-ро иҷро намуда, сазовори ҷои якум гардид.

 Соли 1948 дар Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявии истеъдодҳои мардумӣ баргузор шуд. Раиси вақти комиҷроияи Шўрообод Бобо Носир бародарон Раҷабмад ва Мираҳмад Валиевҳоро ба Кўлоб фиристод ва онҳоро Ҳаким Маҳмуд ва Хайрулло Абдуллоев чанд муддат машқ доданд. Дар ин олимпиада Раҷабмад бо бародараш суруди «Шоду хандон омадем»-ро дар матни С. Вализода иҷро намуданд. Роҳбари вақти Ҷумҳурӣ Б. Ғафуров онҳоро табрик намуда, тўҳфа супорид. Бародарон Валиевҳо бо бузургони фарҳанги замон А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Б. Раҳимзода вохўрӣ гузарониданд. Бо супориши Б. Ғафуров Р. Валӣ сурудҳои «Муфлисӣ», «Султон Ҷам-ҷама», «Ҳазрати Бурхи Сармаст»-ро ба хазинаи радиои ҷумҳуриявӣ сабт намуд. Ў дар синни 63 солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт.

Айни замон давомдиҳандагони ҳунари волои овозхонии ў додарзодагонаш Давлатманди Хол ва бародарони ў Назаралӣ, Нурулло, Сайидалӣ мебошанд.

Имрўзҳо дар саросари кишвари азизамон яке аз беҳтарин донандаву иҷрокунандаи сурудҳои фалакӣ, бешубҳа Д.Хол аст. Падару амакаш дар созҳои миллии ғижаку думбура оҳангу таронаҳои фалакиро навохтаву месуруданд. Ў дар бисёр чорабиниҳои гуногун ҳамроҳи онҳо буд ва аз ҳунарнамоиашон баҳрабардор мегардид. Ҳунарварии падару амакаш ба инкишофи истеъдоди навозандагиву сарояндагии Давлатманди хурдсол бетаъсир намемонд ва меҳри санъату ҳунарварӣ тадриҷан дар дили кўчакаш лона мегузошт. Ў соҳиби овози худодод буда, истеъдоди модарзоди дарку шунавоии мусиқӣ дошт. Маҳз ҳамин омилҳо соли 1974 ўро ба даргоҳи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло ДДФСТ) ба номи М. Турсунзода овард. Солҳои донишҷўӣ дар факултети мусиқӣ-омўзгории донишкадаи мазкур (1974-1978) аз устодони ҳунар профессорон Аҳмад Бобоқулов, Карим Ҳалим ва дигарон дарси маҳорат омўхт. Ҳанўз дар ҳамон солҳо оҳангу таронаҳояш тавассути барномаҳои консертии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ пахш гардидаву дар саросари кишвар мухлисони зиёд дошт.

Пас аз хатми донишкадаи санъат Давлатманд ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кўлоб ба кор омада, то соли 1989 дар ин даргоҳи ҳунар фаъолият намуд, ки дар рушду такомули санъати навозандагиву сарояндагиаш нақши бузург гузошт. Дар ин даргоҳ ў бо ҳунармандони машҳур Одина Ҳошим, Файзалӣ Ҳасан, Қурбон Зардак, Сурайёи Қосим ҳамкорӣ намуда, ба шаҳру деҳот ва навоҳии гуногуни Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.

Такягоҳи асосии ў дар ҷодаи ҳунар истеъдоди фитриву авлодии ўст, ки аз гузаштагон, обову аҷдоди ҳунармандаш ба мерос гирифтааст. Бобову падар ва амаки ў таронаҳои фалакиро чунон дилрас ва бо маҳорат иҷро менамуданд, ки мардум сурудҳои «Фалак»-ро бо номи онҳо тавъам ба забон мебурданд. Масалан бо номи бобояш «Фалаки Баротӣ», бо номи падараш «Фалаки Хол», бо номи амакаш «Фалаки Раҷабмадӣ». Ба хотири пояндагии ному ҳунари ниёконаш ансамбли оилавии Холовҳоро ташкил намуд, ки бо равияву мактаби хосаш дар иҷрои оҳангу сурудҳои фалакӣ дар саросари кишвар ва бурун аз он маълуму машҳур гардида, ба дили ҳазорон мухлисон ҷой гирифт.

Бо ташаббусу заҳматҳои ў ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 дар Кўлоб ансамбли давлатии фолклорӣ-мардумии «Фалак» таъсис дода шуд.

Ў мегўяд, ки дар давоми фаъолияти ҳунариаш барои ҳаводоронаш барномаҳои зиёди консертӣ пешкаш кардааст, лекин барои худаш аз ҳама хотирмон  барномаи консертии «Ширу шакар», ҳамроҳи шоири бузурги миллати тоҷик, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ буд.

Дар ҳақиқат ў ба чандин шеърҳои устод Лоиқ оҳанг бастааст, ки сурудҳои беҳтарини гўшнавозу дилраси «Ману дарё», «Дилам месўзад» тавлид ёфтаанд. Инчунин таронаҳои «Дур машав» (Ҷ. Балхӣ), «Ёд накард» (Ҳофиз), «Зиндагӣ» (Бедил), «Таронаи «Шоҳнома» (Гулрухсор)» пуршўру марғубанд.

Ў ба кишварҳои Япония, Ҳиндустон, Эрон, Британияи Кабир, Олмон, Испания, Италия, Юнон, Австрия, Норвегия, мамолики Араб сафари ҳунарӣ намудааст.

Сафари ҳунармандони тоҷик ба Фаронса, ки соли 2005 бо ҳамроҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, хотирмон буд. Онҳо дар рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон, ки бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешуд, ба ин мамлакат омадаву ҳунарнамоӣ карданд, ки мақбули ҳамагон шуд. Чанде аз ҳунарварони тоҷик ба пазироии президенти вақти Фаронса Жак Шерак мушарраф гардиданд, ки дар байни онҳо Д. Хол низ буд. Жак Шерак соҳиби фарҳанги бою қадима будани халқи тоҷикро таъкид намуда, ба санъати пурғановати он, бахусус «Шашмақом»-у «Фалак» ва ҳунарварии ҳунармандони мо баҳои баланд дод.

Айни вақт Д. Хол дар баробари фаъолияти ҳунарӣ, ба омўзишу таҳқиқи илмӣ-назариявии оҳангу таронаҳои «Фалак» машғул буда, дар ин ҷода низ ба муваффақиятҳо ноил гаштааст. Ҳоло ў роҳбарии Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Абубакр Зубайдӣ