Ҳаштод сол пеш дар ин рӯзҳо...
Чоп шуд: 21/11/2019Ҳаштод сол пеш дар чунин рӯзҳо аввалин операи тоҷик рӯйи саҳна омад ва аз таҳаввулоти ҷадид дар санъати театрии тоҷик ово дод. Ин операи “Шӯриши Восеъ” буд, ки агар имрӯз ҳам аз таърихи театри тоҷик сухан равад, бешак аз он ёд мекунанд. Солҳои навиштани опера дар байни мардуми кўҳистон ривояту ҳикояҳои таърихие ба Восеи қаҳрамон бахшида шуда буданд. Дар санъати мусиқӣ низ суруду рубоёти фаровоне эҷод гардид. Ба муаллифони опера ҳатто муяссар гардид, ки бо духтари Восеъ – Гулизор вохўрда аз сароиши ў байту