Оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп шуд: 13/11/201912 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат баргузор гардид. Дар маросими расмӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр