Activities calendar

05 ноября 2019

Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро

Асрори маҳорат: нақши Алломаи Адҳам дар иҷрои Ато Муҳаммадҷонов

 Ато Муҳаммадҷонов

Намоиши «Алломаи Адҳам ва дигарон» яке аз қуллаҳои театри муосири тоҷик, классикии ўст. Ба замми он ин падидаи бузурги фарҳанги мост. Намоишро кас борҳо дидан мехоҳад, чунки инсон ба асари ҳақиқӣ мўҳтоҷ буда, неруи маънавӣ пайдо мекунад, дар ў ҷараёни тозашавӣ ва нав шудан ба вуҷуд меояд, ки аз қадим дар як қатор вазифаҳои муҳимми санъат ворид гардидааст. Намоиш имкон медиҳад,ки аз ҷозибияти шарҳнопазир ва асрорангези олами ҳайратоваронаи ҳаяҷонбахш ва мафтункунандаи театр лаззат барем.