Оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат баргузор гардид. Дар маросими  расмӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов,   ҳайати расмии ду давлат, инчунин аҳли ҳунари тоҷику ӯзбек иштирок намуданд. Пеш аз ифтитоҳи расмӣ дар даромадгоҳи театр намоиши аксҳо дар мавзӯи «Ӯзбекистони муосир» доир гардид, ки меҳмонон аз он дидан намуданд.

Намоишгоҳро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хушомадед гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки «дӯстӣ ҳеҷ вақт пир намешавад ва ҳамеша ҷавон боқӣ мемонад. Ҳамин тавр дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамеша пояндаю ҷовидона мемонад».

Ҳамчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев иброз намуд, ки «расму оин, фарҳанг ва анъанаҳои  ин ду миллатро аз ҳамдигар фарқ карда намешавад. Зеро тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими мо ба ҳамдигар хеле монанд мебошанд. Барои ташкили чунин маросими Рӯзҳо аз шумо минатдорам».

Дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов ва ансамбли «Мақом», «Тошкент зеболари» ҳунари волои санъаткорони ӯзбекро ба намоиш гузоштанд, ки дар сатҳи хеле баланд гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки сафари  давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти 2018 сурат гирифт,  дар таҳкими муносиботи ду давлати дӯсту бародар саҳифаи нав боз кард. Зимни ин сафар 27 санади байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд.

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 августи соли 2018 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд, ки зимни он 26 санад ба тавсиб расид. Ин созишномаҳо барои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории байни ду давлат ва мардум, инчунин барои сулҳ, субот, амният ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат менамоянд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар барномаи «Шоми дӯстӣ» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иброз намуданд,  «халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд. Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанданд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории  тоҷику ӯзбек мебошанд. Ниёгони шарафманди мо давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавӣ буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем».

Дар назар аст, ки 13 ноябр ҳайати расмии  Рӯзҳои фарҳангӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намояд.

Манбаъ: “Ховар”

барчасп: