Дар мақола роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва фаъолияти Сирки давлатии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ сухан меравад. Дар оғози мақола таърихи сирки тоҷик мухтасаран баррасӣ гардида, нақши муассири ин намуди санъат дар тарбияи ҳисси зебоипарастиву фарҳангдӯстии насли ҷавон ва боло бурдани маърифати ҷомеа нишон дода шудааст. Идомаи баҳси мақоларо масъалаҳои рушди санъати сирк дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар алоқамандӣ бо пешрафту тараққии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ва сиёсати фарҳангии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад.
Дар фарҷоми мақола фаъолияти пурсамари Сирки давлатии Тоҷикистон дар тӯли чанд соли охир таҳлилу арзёбӣ гардида, дастовардҳои аҳли ҳунари ин муассисаи фарҳангӣ дар дохил ва берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ нишон дода шудааст.
Муқаддима
Рисолати ҳама намуди санъат дар ҳама давру замон тарбияи маънавии инсон будаву ҳаст. Дар радифи дигар намудҳои санъат, сирк низ аз даврони пайдоиш то ба имрӯз ин рисолатро бар дӯш доштаву дорад. Гузашта аз ин, ҳама намуди санъату ҳунар, аз ҷумла сирк дар муаррифии шахсияти ҳунарманд ва миллате, ки ин шахсиятро ба олам овардаву парваридааст, нақши боризу носутурданӣ дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардаанд: “Мусаллам аст, ки мақому манзалати ҳар миллат ба андозаи саҳми он дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва маънавиёти башарӣ, илму адаб, ҳунару санъат ва пурғановат сохтани махзани арзишҳои олии инсонӣ муайян карда мешавад.
Аз ин нуқтаи назар, нақш ва маҳсули кору пайкори тоҷикон дар рушди фарҳанги оламиён ба эътирофи умум хеле назаррас аст. Ёдовар шудан кофист, ки тамаддуни мардуми ориёинажод, мероси маънавии аҷдоди фарҳангсозу фарҳангпарвари мо яке аз пояҳои тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Мо бояд аз ин ифтихор кунем ва ҳамеша саъю талош намоем, ки пайравони сазовор ва ворисони арзандаи абармардони миллатамон бошем ва чароғи илму маърифатро ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем” [1].
Воқеан, ниёгони тамаддунофари мо дар ҳама намуди санъату ҳунар, дар замони худ, шуҳратёр будаанд. Дар он замон, агарчи вожаи “сирк” дар забони мардум роиҷ набуд ва аз сӯйи ҳунармандон низ мавриди истифода қарор надошт, навъҳои гуногуни бозиҳои дилхушкунанда, ки имрӯз барномаҳои сиркро шавқовару диданӣ мекунанд, аз ҷониби ҳунармандони алоҳида ё гурӯҳи иборат аз 2-3 нафар дар ҷашну маросимҳо ва базми тараби шаҳриёрону подшоҳони замон ба иҷро расонида мешуд. Аҳли ҳунари Сирки давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз дар радифи дигар санъаткорону ҳунармандон муаррифгари фарҳангу ҳунари миллати бостониву фарҳангии тоҷик дар рӯи олам ҳастанд, пайравону ворисони ниёгони дар илму адаб ва санъату ҳунар шуҳратёри хеш маҳсуб мешаванд ва рисолати азалии худро дар ин ҷода бо дарки масъулият ба иҷро мерасонанд.
Сирки давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳампои замон бо сиркҳои давлатҳои мустақили дигари на танҳо пасошӯравӣ, балки ҷаҳони муосир дар ҷодаи фарҳангу ҳунар гомҳои устувор мегузорад ва ба дастовардҳои назаррас низ ноил шудааст. Аммо ҷойи нигаронист, ки фаъолияти он аз назари коршиносону муҳаққиқони соҳа дур афтодааст. Перомуни таъриху фаъолияти Сирки давлатии Тоҷикистон, чи дар даврони Шӯравӣ ва чи дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пажӯҳишу тадқиқоти мукаммале ба анҷом нарасидааст. Дар ин бобат танҳо китобе таҳти унвони “Цирки тоҷик” (муаллифон: Қ. С. Сатторов, И. К. Раҳимов) дар ҳаҷми 64 саҳифа, ба теъдоди 3000 нусха соли 1988 аз сӯйи нашриёти “Адиб” интишор шудаву чанд мақолаи илмӣ – оммавии ходими илмии ПИТФИ Ӽалима Аламова дар маҷаллаҳои “Паёмномаи фарҳанг” [2, с.58-66] ва “Фарҳанг ва ҳунар” [3, с.29-39] рӯйи чоп омадааст.
Дар қомусҳо ва дигар китобу мақолаҳои вобаста ба санъати сирк, ки олимони сиркшиноси Иттиҳоди Шӯравӣ дар замони мавҷудияти ин давлати абарқудрат ба нашр расонидаанд, сирки тоҷикро фақат ном бурдаанду халос. Оид ба таъриху фаъолияти он бошад, чанд рақаму сатри ғалату берабт рӯйи коғаз рехтаанд, ки таассуфангез аст. Муаллифони китоби “Сирки тоҷик” низ дар ҳамин андешаанд: “Дар энсиклопедияи хурди “Цирк” (нашри соли 1973) ба коллективи сирки тоҷик расо даҳ сатр ҷудо карда шудааст: “...соли 1970 ташкил ёфтааст: Премерааш 22 апрели 1970 дар цирки Душанбе барпо гардидааст. Муаллифони матн Р. Славский ва О. Фадеева, рассом – ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон К. Ефимов. Дар программа намудҳои дар Тоҷикистон анъанавии санъати халқӣ (баромади паҳлавонҳо, масхарабозҳо, намоиши курра, буз ва шутурҳои ромкардашуда, чойникбозӣ) истифода бурда шудааанд. Иҷрокунандагон – дорбозон Сатторовҳо, акробат-волтижёрҳо Зардаковҳо, роҳбар ва иштирокчии бозиҳои тоҷикӣ В. Валиев, йигитҳо бо роҳбарии Д. Барон” [7. с. 36].
Ба андешаи инҷониб вақти он расидааст, ки коршиносону муҳаққиқони соҳаи санъат ба пажӯҳишу таҳқиқи таърих ва вижагиҳову самтҳои фаъолияти Сирки давлатии Тоҷикистон дар замони истиқлолият рӯ оваранд, то таълифоти эшон дар оянда заминае барои таҳқиқотҳои илмии муҳаққиқони ҷавон ва дигар олимони соҳаи санъатшиносӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он гардад ва ба д-ин восита сирки тоҷик ба оламиён ҳарчи беҳтару бештар муаррифӣ шавад.
Чашмандозе ба таърихи сирки тоҷик
Чун бо чашми фаросату таҳқиқ ба дуриҳои таърих назар меафканем, ба хубӣ дармеёбем, ки ниёгони мо аз замонҳои бостон таваҷҷуҳи беш ба санъату мусиқӣ ва дигар бозиву ҳунарҳои шавқовару варзишӣ доштаанд. Мо метавонем, танҳо бо истифода аз ду сарчашмаи муътамад: бозёфтҳои бостоншиносони тоҷик, ки аз қаъри асрҳо ҳикоят мекунанд ва мероси бебаҳои фарҳангӣ, бавижа, китобҳои илмиву адабӣ ва таърихӣ, ки гузаштагонамон ба ёдгор гузоштаанд, мутмаин шавем, ки пойдевори бинои ҳама намуди санъату ҳунар, аз ҷумла сиркро, ҳанӯз дар даврони бостон, ниёгони тамаддунофари мо гузоштаанд. Яъне, дарахти илму адабу санъати на танҳо миллати тоҷик, балки қавму миллатҳои дигари олам низ, реша дар оби ин ду сарчашма дорад.
Боздид аз ду осрхона ва як китобхонаи ҷумҳуриявӣ: Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи таъриху бостоншиносӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон кофист, ки сухани мо дар худ тобиши илмӣ касб кунад. Расму тандисҳои хурд – хурди аз гил ва ё метал сохташудаи аспсаворон, дорбозон, ромишгарон, раққосон, масхарабозон, ҳамчунин тасвирҳои асбобҳои мусиқӣ: даф, нақора, уду чанг ва ғайраро, ки дар осорхонаҳо мебинем ва бозтоби ин ҳамаро, ҳангоми мутолиа, дар осори илмиву адабӣ ва таърихии Рӯдакӣ, Анварӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ибни Сино ва дигар фарҳехтагони миллат дармеёбем, имони комил бар он меоварем, ки сарзамини аҷдодии мо тоҷикон на танҳо зуҳургоҳи санъату ҳунари миллӣ, балки мазҳари тамаддуни умумибашарӣ низ будааст.
Даф, ки намуде аз асбоби мусиқии садоист ва дар осори классикони тоҷику форс зиёд ба чашм мерасад, дар байти зерини устод Лоиқ, ба хотири бозтоб кардани як суннати ҳаррӯзаи суғдиён истифода шудааст:
Суғдиён бар пешвози офтоб
Ӽар саҳар даф мезаданд.
Мавриди зикр аст, ки дар замонҳои пеш дорбозону ширинкорон ва раққосону масхарабозон, ки метавон эшонро аҳли санъати сирки он замон ном бурд, таҳти садои даф ҳунарнамоӣ мекарданд.
Устод Турсунзода бошад, дар яке аз шеърҳои худ ромишгарии устод Рӯдакиро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
Дар он рӯз Рӯдакӣ чун рӯд бинвохт,
Тамоми халқи олам гӯш андохт.
Аз муҳтавои ин байти устод Турсунзода бармеояд, ки устод Рӯдакӣ на танҳо шоири бузург, балки ромишгари беҳамто низ будааст. Гузашта аз ин, ӯ на танҳо барои миллати хеш, балки барои ҳама насли башар шеър навиштаву ромишгарӣ кардааст. Ин гуна мисолҳоро аз осори гузаштагону имрӯзиён зиёд метавон овард, ки башорат аз шуҳрати санъату ҳунари нотакрору оламгири тоҷикон дар имтидоди таърих аст.
Муаллифони китоби “Цирки тоҷик” перомуни як бозёфти бостоншиносон, ки аз таърихи қадимӣ доштани санъати сирк ҳикоят мекунад, чунин навиштаанд: “...Хусусан, бозёфтҳои археологии Панҷакент ҷолиби диққатанд: Аз ин ҷо муҷассамаи то миён бараҳнаи раққосае пайдо карда шудааст, ки рақси хеле мураккаберо иҷро мекунад. Вай дасти чапашро ба соид гузошта, пои росташро аз зону қат кардааст ва аз болои пои чапаш гузаронда, баданашро ба қафо тоб додааст. Ин рақси мураккаб элементҳои рақси сирки ҳозираро ба хотир меорад” [7. с. 10.]
Адибони забардасти асри XV-и тоҷику форс Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва Ӽусайн Воизи Кошифӣ дар асарҳои алоҳидаи хеш ҳунарнамоии тосбозон (шаъбадабозон), дорбозон, тақлидкорон, лӯъбатбозон, ҳуққабозон, чашмбандҳо ва морбозону маймунбозонро таърифу тавсиф кардаанд. Ӽунарнамоии ин зумра ҳунармандонро мо дар барномаву намоишномаҳои сирки имрӯз низ метавонем тамошо кунем. Фарқ миёни сиркчиёни он замон ва имрӯз дар он аст, ки онон дар ҷашну маросимҳо дар кӯчаву майдонҳо ва дар базму шабнишиниҳои ашрофону шоҳон дар қасру кушкҳо ҳунарнамоӣ мекарданду инон дар ҳар маврид дар саҳнаи махсус (бинои сирк).
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ҳикоёти фаровоне перомуни ҳунарнамоии тақлидкорон, масхарабозон, филбозону харбозон, бузбзону шутурбозон ва аспсаворон овардааст. Ҳангоми мутолиаи ин ҳикоёти аҷибу шавқангез саҳнаи сирк пеши назар меояд ва дар он ҳунарнамоии беҳтарин ҳунармандони сирк ҷилвагар мешавад.
Сиркшинос Ӽалима Аламова дар мақолаи хеш таҳти унвони “Бадоеъ- ул- вақоеъ” ва назаре ба оғозгоҳи сирки тоҷик” овардааст: “Аз маълумоти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ маълум мегардад, ки ҳунари ром кардани ҳайвонот дар ҳамаи давру замон во мехӯрад. Инро мо дар “Ӽикояти Бобоҷамол” дида мебароем:
... Ин Бобоҷамол харе ҳам дошт, ки онро Чамандар ном карда буд. Ӯ аз барои вай савте баста буд ва ҳар узве аз аъзои вайро ба чизе ташбеҳ карда, ки аҳли фазлу арбоби фасоҳату балоғат ӯро таҳсин менамуданд. Ӯ оҳанги “Чоргоҳ”-ро бо ғиччак менавохт ва он Чамандар усуле менамуд, ки ақли оқилон ҳайрон мешуд.
Дигар ин, ки ба хар муроҷиат карда мегуфт:
-Эй Чамандар, зани аҷузе, гандапире ошиқи ту шуда ва шефтаи ту гардидааст. Вай ба ҷои об – гулоб, ба ҷои ҷав – мағзи писта, бодоми қандӣ ба ту медиҳад ва туро дар сояи дарахте нигоҳ медорад, ки аз ту бохабар мешавад ва барои ту чули қиматбаҳое месозад, вай ҳаргиз туро бор намекунад, ва ҳамин орзӯ дорад, ки бар ту савор шаваду ба ҳаммом равад.
Ин суханро, ки хар мешунид, ларза бар вай меафтоду меғалтид ва чаҳор дасту пой дароз мекарду нафаси вай мунқатеъ мешуд. Дар ин вақт Бобоҷамол бар сари вай нишаста, навҳа оғоз мекард, ки фиғон аз халқ мебаромад. Баъд боз мегуфт:
-Эй Чамандар, зебое, раъное, болобаланде, абрӯкаманде, лабҳо чу қанде, пистадаҳоне, мурчамиёне, роҳати ҷоне аз ту талаб мекунад, ки аз кӯҳи Мухтор туро санг бор кунад ва ба ҷуволдӯзе пушту паҳлӯи туро фигор кунад ва ҳар ҷафое, ки аз он бадтар набошад, ба ту кунад. Чун аст? Қабул дорӣ?
Ба муҷарради гуфтани ин сухан аз ҷой меҷаст ва ар-ар мекашиду ба гирди маърака мегардид ва корҳое мекард, ки мардум аз ханда беҳӯш мешуданд” [2. с. 66].
Ин гуна мисолҳоро фаровон метавон аз “Футуватномаи султонӣ”-и Ӽусайн Воизи Кошифӣ низ овард. Ва ин ҳама далели он аст, ки ҳунари сиркбозӣ барои тоҷикон таърихи қадимӣ дорад.
Аз ёддоштҳои баъзе намояндагони санъату ҳунар, ки солҳои 1920 – 1930 дар баъзе рӯзномаву маҷалаҳо ва китобҳо чоп шудаанд, ба хулосае метавон омад, ки нахустин нишонаҳои сирки касбии тоҷик, пас аз пирӯзии Инқилоби Октябр ва таъсис ёфтани Республики худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон, дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа зуҳур кардаанд. Тавре муаллифони китоби “Цирки тоҷик зикр мекунанд: - “Солҳои1925-1926 дар Конибодом театри ҳаваскорон ташкил ёфт. Сонитар бо ташаббуси коркунони партиявию комсомолӣ ва муаллимон дар Хоруғ, Ғарм, Ӽоит, Тоҷикобод, Оби Гарм, Қалъаи Хумб ва дигар деҳаю посёлкаҳо театру кружокҳои ҳаваскорони бадеӣ барпо карда мешавад. Соли 1927 дар Душанбе дар назди баталони тирандозии Тоҷикистон ва мактаби советии партиявӣ кружокҳои ҳаваскорони бадеӣ ташкил карда шуданд.
Мо ин ҷо бесабаб аз театру кружокҳои халқӣ гап накушодем: дар он вақт репертуари театр ё кружоки ҳаваскорони бадеӣ танҳо аз номераҳои драмавию консертӣ иборат набуда, инчунин баромадҳои масхарабозон, раққосон ва жонглёрҳоро дар бар мегирифт” [7. с. 19].
Яъне, Сирки тоҷик ҳамзамон бо пешрафту тараққии дигар соҳаҳои санъату ҳунар рушд ёфт. Дар радифи намояндагони намудҳои гуногуни санъату ҳунар сиркбозонро низ мактабхои ҳунарии он замон (кружокҳову театрҳои халқӣ) тарбият карда, ба камол расониданд ва барои таъсис додани Сирки давлатӣ заминаи мусоид фароҳам омад. Бо ибтикори Комиссариати Халқии меҳнати республика ва Шуъбаи тоҷикистонии иттифоқи ходимони санъат 2 июни соли 1929 нахустин коллективи сиркӣ дар Душанбе таъсис меёбад, ки роҳбариашро Г. Роберт ном ҳунарманд бар дӯш доштааст. Сипас, яъне охири ҳамон моҳ “Комиссариати халқии маориф ба инкишофи босуръати санъат диққати калон дода, сирки худро барпо мекунад. Сирки Комиссариати халқии маориф ба зудӣ ҳамаи дастаҳои парокандаи сиркиро маттаҳид намуда, минбаъд расман номи Сирки 1-уми давлатиро гирифт” [7. с. 23].
Мавриди тазаккур аст, ки Сирки тоҷик тӯли мавҷудияти хеш дар замони шӯравӣ чандин маротиба маконашро дигар кард. Пас аз як соли таъсисёбӣ, яъне тобистони соли 1930 Сирки тоҷик ба бинои нав, ки дар шафати Боғи пештараи бинокорон сохта шуда буд, кӯчид. Пас аз он шумори ҳунармандони касбӣ дар он афзуд. Барномаву намоишномаҳои ҷолибу диданӣ таҳия шудаву пешниҳоди ҳаводорони ин намуди санъат гардонида мешуд. Ҳунармандони Сирки тоҷик ба сафарҳои хунарӣ мебаромаданд, сирки миллии тоҷикро ба қавму миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ мекарданд. Сиркҳои сайёри ҷумҳуриҳои дигар низ барои ҳунарнамоӣ ба Тоҷикистон меомаданд, бо барномаҳои ҷолиби сиркӣ хотири ҳавдорони санъати сиркро дар Душанбе шод мекарданд. Шумори дилбохтагону дӯстдорони ин намуди санъат рӯз то рӯз дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар меафзуд.
“Охири моҳи октябр (соли 1932) артисти хитоӣ – Ли-фу-шун ва гимнасти ҳавоӣ – Жорж Вильямс ба Душанбе омаданд. Жорж Вильямс дар ҳаво номераи “Ӽалқаи марг”-ро иҷро намуд. Ӯ сонитар директори Сирки давлатии Душанбе таъин гардид” [7. с. 28].
2 апрели соли 1935 Сирки давлатии Тоҷикистон ба бинои нав кӯчид, ки дар паҳлуи майдони варзишии “Спартак” ҷой гирифта буд. Моҳи декабри соли 1977 дар шаҳри Душанбе бинои нави муҳташами ҳозираи Cирки давлатии тоҷик дарҳои худро ба рӯйи мухлисонаш боз мекунад. Аз 23 июли соли 1970 то соли 1991 муассисаи Сирки давлатии шаҳри Душанбе ба системаи "Союзгосцирк" дохил карда шуда буд. Соли 1992 Сирки шаҳри Душанбе ба ихтиёри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт ва дар базаи он Иттиҳодияи давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷиксирк» таъсис дода шуд.
Бо такя ба маводҳои перомуни санъати сирк дар рӯзномаву маҷаллаву китобҳо ба нашррасида ва асноди маҳфуз дар бойгониҳо метавон ҳадс зад, ки дар замони шӯравӣ сирки тоҷик то ҷое пеш рафт, тараққӣ ёфт ва жанрҳои қадимии ин намуди санъат, аз ҷумла расанбозӣ ё дорбозӣ, тосбозӣ ё шаъбадабозӣ, чашмбандӣ, масхарабозӣ, морбозӣ, аспдавонӣ ва ғайраро, ки мероси фарҳангии мо – тоҷикон маҳсуб меёбанд, ба мадуми дигари маскуни Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ кард.
Чеҳраҳои ҳунари Сирки тоҷик дар даврони шӯравӣ
Дар рушди Сирки тоҷик дар даврони шӯравӣ устодони ҳунар: Ӽунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Пирназар Юсупов, Ӽунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Тағоймурод Давлатов, Ҷамолиддин Садриддинов, Назринисо Алиева, Сарват Беҳбудӣ, Абдуҷаббор Турдиев, Барон Даниел ва Вансих Владимир (коргардон), ҳунарпешагон – Раъно Ӯрунова, Оғулхон Тӯраева, Хоҷа Раҳматулло ва нафарони зиёди дигар саҳми босазои хешро гузоштаанд.
Устодони дигар, ба мисли В. Воробёв, В. Валиев, Н. П. Барзилович, А. Дашевский, артисти хизматнишондодаи РСС Молдавия К. Кох, артистон С. Понукалин, Д. Шнейдер, Д. Юмаев ва чанди дигар, пас аз кушода шудани студияи махсуси сиркӣ дар назди Сирки давлатии Душанбе (соли 1968), дар тарбия ва ба камол расонидани хунармандони сирк хидмати бузурге кардаанд.
Махз завқу истеъдоди худодод, заҳмату талошу такопӯи пайваста ва азхудгузаштанҳои эшон дар ҷодаи санъат буд, ки Сирки тоҷикро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ шинохтанду эътироф карданд ва ба ҳунари волои ин ҳунармандони нотакрор арҷ гузоштанд. Насли калонсоли имрӯз нағз дар хотир дорад, ки солҳои 70-ум, 80-уми асри гузашта Сирки тоҷик шуҳрати баланд касб карда буд ва ҳар мавсими намоиши барномаҳои онро мухлисону ҳаводорони ин намуди санъат бесаброна интизорӣ мекашиданд. Махсусан, ҳунарнамоиҳои ҳунармандон Н. Алиева, Т. Холматова, М. Қодирова, дорбозон Сатторовҳо, ширинкорон Ӽ. Ӽасанов, Ҷ. Олимов, Д. Садриддин, Ю. Зубов, жонглёрҳои аспсавор бо роҳбарии Сарват Беҳбудӣ ва ҳунарнамоии устоди Сирки тоҷик Пирназари Сорбон бо “Корвони Помир”-и хеш ҳаргиз аз ёду хотири дилбохтагони санъати сирк сутурда нахоҳад шуд.
Сирки давлатии Тоҷикистон дар замони истиқлол
Бо фаро расидани даврони соҳибистиқлолӣ, дар радифи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, намудҳои гуногуни санъат, аз ҷумла сирк дар Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳод. Мутаассифона, пас аз чанде мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешорӯйи Тоҷикистони тозаистиқлол қарор гирифт. Ба ин сабаб, бархе аз муассисаҳои фарҳангӣ натавонистанд фаъолияти мунтазаму пурсамар дошта бошанд, минҷумла Сирки тоҷик. Соли 1997 “Тоҷиксирк” аз фаъолият боз мемонад ва ҳунармандони он пароканда мешаванд. То соли 2000-ум вазъ ин гуна идома меёбад.
Бо фароҳам омадани шароити мусоид ва дарки он, ки бидуни рушди намудҳои гуногуни санъату ҳунар ягон миллату давлат наметавонад худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад, Ӽукумати ҶТ аз 7 сентябри соли 2001, таҳти № 431, ба хотири эҳёи санъати Сирки тоҷик, бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва таълими мутахассисони санъати сирк тавассути таъсиси Студияи назди Сирки давлатии Тоҷикистон, қарори худро ба тавсиб мерасонад, ки татбиқи он бар дӯши Вазорати фарҳанги ҶТ во гузошта мешавад. Ба хотири таъсиси студия ва татбиқи амалии қарори мазкури Ӽукумати ҶТ Ашӯр Раҷабов аз коллеҷи сиркию эстрадии шаҳри Тошканд ба Душанбе даъват карда мешавад ва рохбарии Студияи хунарҳои сирки миллиро ба уҳда мегирад. Дар муддати хеле кӯтоҳ ӯ ҷавонписарону духтарони зиёдеро тарбия намуда, ҳамчун мутахассиси санъати сирк ба камол мерасонад. Имрӯз шогирдони тарбиякардааш ҳунармандони варзидаи санъати сирк ҳастанд, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳунарнамоӣ мекунанд.
“Ашӯр Раҷабов устоди меҳрубон, вале хеле сахтгир аст. Ӯ худро бе сирк тасаввур карда наметавонад. Шогирдони зиёде дорад. Ба онҳо дарси маҳорат меомӯзонад. ...Ӯ саъйу кӯшиши зиёд дорад, то бо ин ҳунари волои худ ба халқу миллати азизаш хизмат кунад, санъати миллии сирки тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ нишон диҳад” [4. с. 30].
Воқеан, устод Ашӯр Раҷабов, ки имрӯз директори Сирки давлатии Тоҷикистон аст, шогирдони зиёдеро ба мисли Галина Моисенко тарбия кардаву ба воя расонидааст. Шогирдони ӯ, аз ҷумла Г. Моисенко на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар мамолики олам низ дили садҳо мухлисони ин намуди санъатро тасхир кардаву санъати сирки миллии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд”. ... Бо тоб хӯрдани ҳалқа пояшро рост мекунад ва бо пошнаи по ҳалқаро дошта меистад. Муддати чанд сония дар чунин ҳолат тоб мехӯрад. Садои мусиқӣ аз кинофилми “Титаник” дар офариниши ин нақши мураккаб – жанри санъати сирк эквилибристика низ алоқамандиеро дорад. Ӽар ҳаракати ба драматизми баланди бо мусиқӣ омезишёфта нақшро то нуқтаи баланди санъати иҷрокунандагӣ мерасонад. Тоб хӯрдани ҳалқа ва дар он овезон будани Галина таваҷҷӯҳу ҳайрати тамошобинонро боз ҳам зиёд менамояд ва ангушт мегазанду офаринаш мехонанд” [5, с.26].
Тайи чанд соли охир аҳли ҳунари Сирки давлатии Тоҷикистон дар бисёр озмунҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангии минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзида, ғолиб омадаанд ва сазовори ҷоизаву шоҳҷоизаҳо гардида, эътибору шуҳрати сирки миллии тоҷикро афзудаанд.
Дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо бидуни истифода аз равандҳои инноватсионӣ наметавон фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангӣ, бавижа Сирки давлатии Тоҷикистонро тасаввур кард. Бо дарки ин нукта, имрӯзҳо аҳли ҳунар ва дигар кормандони Сирки давлатии Тоҷикистон талош меварзанд, то бо истифода аз навгониҳои техникӣ барномаву намоишномаҳои хешро боз ҳам ҷолибтар таҳия намуда, пешниҳоди мухлисон гардонанд. Ба ин мақсад кормандони сирк на танҳо аз васоити иттилоотӣ – коммуникатсионии мавҷуд: компютер, шабакаи Интернет, принтер, сканер, дастгоҳи аксбардорӣ, дастгоҳи аудиовизуалӣ, таҷҳизоти садобаландкунӣ, созҳои барқии мусиқӣ, чароғҳои рӯшанидиҳанда ва фарофари саҳна дар фаъолияти хеш истифода мебаранд, балки таҷҳизоти ихтироъкардаи хешро бо робита ба талаботи жанрҳои анъанавии миллии сирк мавриди истифода қарор додаанд. “Имрӯз дар сирки тоҷик бисёр асбобҳо ва таҷҳизоте истифода мешавад, ки дар тарҳрезӣ ва сохтани он Ашӯр Раҷабов ҳиссагузор аст. Инҳо: перш, перши китфӣ, бағалӣ ва пешонӣ, тор, асбобҳои эквилибристикӣ, асбобҳои гимнастикӣ – ҳавоӣ, акробатӣ ва ғайраҳо мебошанд. Ӯ аввалин бор ҳамчун ихтироъкор барои гурӯҳи торбозон асбоби ҳимоявӣ сохтааст” [6. с.30-31].
Ба ин монанд навгониҳову ихтироъкориҳои зиёди кормандони дигарро низ метавон мисол овард, ки дар рангорангиву ҷавобгӯи тадаботи маънавии насли имрӯз шудани намоишномаҳои сирки миллии тоҷик мусоидат кадаанд.
Имрӯз шумори ҳайвоноти ромшуда дар сирки тоҷик афзуда, вазъи таъминашон бо ғизо низ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Охирсухан
Хулоса рисолати миллату давлати тоҷик дар замони муосир сохтани давлати мутамаддин аст ва давлати мутамаддинро бидуни рушду тараққии ҳама намуди санъату ҳунар на танҳо наметавон сохт, балки сохтани онро наметавон тасаввур кард. Санъати сирк ҳам чун дигар намудҳои санъату ҳунар дар боло бурдани маърифати ҷомеа ва ба ин васила сохтани давлати мутамаддин нақши бориз дорад ва талош варзидан ба хотири рушди ин намуди санъат дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар ногузир аст.
Натиҷаи омӯзишу пажӯхиши фаъолияти Сирки давлатии Тоҷикистон, моро итминон мебахшад, ки мардуми тоҷик санъати сиркро чун дигар намудҳои санъату ҳунар дӯст медоранд ва ин намуди санъат дар мамлакати мо фардои дурахшон хоҳад дошт.
Давлатов Фармон
мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносӣ