Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ

    Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги пурғановати моддию ғайримоддӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаҳои илму фарҳанг, маориф, санъат, муассисаҳои давлатию ғайридавлатии кишвар шароиту имкониятҳои ҳамҷониба ба вуҷуд овард, то ки дар муаррифии илму фарҳанг ва адаби миллати тоҷик корҳои беназир сурат бигиранд. Соли 2003 Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ қабул шуд ва то ба имрӯз мамлакатҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон (с. 2010) шомили он гашта, тибқи дастури ин Конвенсия (Қисми 3, моддаи 12) феҳристҳои миллии кишварҳои худро тартибу таҳия кардаанд. Яке аз талаботи номинатсияҳои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пеш аз ҳама мавҷуд будани феҳристи миллӣ ва сабт будани унсури матлуби фарҳангӣ дар он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи аввалини “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик” соли 2013 тартиб дода шуд, ки он 48 унсурро дар бар мегирифт.

        Яке аз шартҳои феҳристсозӣ, мутобиқи Конвенсияи мазкур, дар ин аст, ки феҳрист бояд мунтазам таҷдид шавад. Соли 2014 нусхаи нисбатан васеътари он аз ҷониби фарҳангшиносон, мардумшиносон ва дигар мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) тартиб дода шуд. Он фарогири 286 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик буда, сохтори феҳристи такмилёфта низ аз феҳристи нахустин фарқ мекард. Пас аз ду сол (2016) “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” боз танзиму такмил шуд, ки аз 515 унсури фарҳанги маънавии тоҷик иборат буд. Инак ду сол сипарӣ гашту нусхаи такмилёфтаи Феҳрист омода шуд. Дар он баъзе тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд, унсурҳое, ки мазмунан як буда, бо ду ном сабт гашта буданд, пас аз таҳқиқот аз Феҳрист хориҷ гаштанд. Инчунин баъзе унсурҳое, ки дигар фаъол нестанд, низ аз Феҳрист берун карда шуданд. Ба ҷойи онҳо унсурҳои тозаи ба қайд гирифташуда вориди Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик шуданд. Такмил дар асоси маводи инвентаризатсионии ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ гирдоваришуда сурат гирифтааст. Дар мукаммал намудани он мутахассисон аз ПИТФИ, Академияи илмҳо ва муассисаҳои дигари фарҳангӣ ширкат намуда, он аввал дар маҷлиси гурўҳи корӣ, сипас дар ҷаласаи Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи мазкур бо иштироки олимон, аҳли фарҳанг, намояндаҳои касбу ҳунарҳои гуногун баррасӣ гашта, баъзе эроду пешниҳодҳо ба назар гирифта шудаанд. Феҳристи такмилёфтаи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз бахшҳои зерин иборат мебошад: Бахши 1. Анъанаи шифоҳӣ – А000 (29 унсур) .

Бахши 2. Ҳунарҳои иҷроӣ – B000 (103 унсур) .

Бахши 3. Ҷашну маросимҳо – C000 (47 унсур).

Бахши 4. Расму одатҳо, таҷрибаҳои иҷтимоӣ – D000 (20 унсур).

Бахши 5. Касбу ҳунарҳои мардумӣ – E000 (105 унсур).

Бахши 6. Хӯрокҳои миллӣ – F000 (147 унсур).

Бахши 7. Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона – G000 (82 унсур).

 

Шакли комили феҳрист ин ҷост.

Дарёфти феҳрист