Аз ҳунарҳои мардумӣ: КОРДСОЗӢ
Чоп шуд: 13/02/2019Раванди сохтани корд чунин аст: тахтапўлодро дар оташи кўра сурх карда, ба болға кўфта ба шакли теғ медароранд. Ҳамин тавр пўлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда бо болға кўфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пўлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мўйина) дошта тунуктару ҳамвор мекунанд.