Вобаста ба бўрё дар байни мардум маросиме бо номи «бўрёкўбон» роиҷ мебошад. Бўрёкўбон ҳангоми ба хонаи нав кўчидани оила созмон дода мешавад. Дар гузашта ин маросим ба монанди ҳашар баргузор мегардид. Соҳибхона дўстон ва наздикони худро ба хона даъват мекард. Онҳо ба фарши хона бўрё андохта, аз болояш гилему палосро паҳн карда, бо пойҳояшон мекўфтанд, ки ҳамвор шавад. Ва аз хонаи кўҳна ба хонаи нав асбобу наҷоми рўзгорашро мекашонданд. Баъди ба итмом расонидани ҳашар соҳиби хона ба онҳо зиёфат медод. Бўрёбофӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки маҳсулоти он аз қадим дар рўзгори мардум ашёи муҳим ба шумор мерафт.
Бўрё мафраше мебошад, ки аз поячўби шикастаи най (қамиш) ба монанди панҷара зич-зич бофта мешавад. Андозаи бурё маъмулан 1 м ба 1,5 м, баъзан андаке калон ё хурдтар аз ин мешавад. Бўрёро аз пояҳои най омода месозанд, ки пояи найро миёни мардум қамиш мегўянд. Найро бо найчок – теғи махсус ба ду қисм ҷудо мекунанд ва пояҳои дунимшидаро дар рўи замин паҳн менамоянд. Агар пояҳои хушк бошанд, об пошида мулоим мекунанд. Баъди мулоим шудан, бо кўбак рост истода, сахт- сахт мекўбанд, дар натиҷаи кўфтан пояи най шикаста, пахш мешавад.
Кўбак як навъ асбоби болғамонанд буда, аз даста ва чўби чоркунҷаи вазнин иборат аст. Баландии дастааш аз 1,5 метр зиётар мебошад. Сипас бо симак – асбоби дигар баргу пўсти найро тоза мекунанд. Дубора ба чўбҳои шикастаи най об мепошанд, ки он мулоим шуда, кунҷҳои пояи қамиш ҳангоми бофтан дасти касро набурад. Амали авали корашонро бўрёбофон бод гирифтан ва байнашро тахт мегўянд. Пояҳои найро ба таври амудӣ ва уфуқӣ гузошта вобаста, ба андозаи бўрё дуто-дуто байни ҳамдигар андохта, мебофанд. Канораҳои бўрёро бо корд росткунҷа карда мебуранд.
Бўрёро ба фарши хона барои нам накашидани гилем, қолину палос аз таги онҳо паҳн мекунанд. Ҳангоми бомпўшӣ дар хонаҳои анъанавии деҳот низ бўрёро истифода мебаранд. Бўрёро ба болои васса тунук хобонида, аз болояш андова мекунанд, ё хок мерезанд.
Дар гузашта бўрёро ҳамчун гилем низ рўйи фарши хона тунук мекарданд. Бўрё дар тобистон хонаро сард ва замистон гарм нигоҳ медорад. Дар шароити имрўза бўрёро бо мақсади ороиши деворҳо, масалан, дар тарабхонаву чойхонаҳои замонавии пойтахт истифода мебаранд, ки барои мизоҷону меҳмонон диққатҷалбкунанда аст.
Вобаста ба бўрё дар байни мардум маросиме бо номи «бўрёкўбон» роиҷ мебошад. Бўрёкўбон ҳангоми ба хонаи нав кўчидани оила созмон дода мешавад. Дар гузашта ин маросим ба монанди ҳашар баргузор мегардид. Соҳибхона дўстон ва наздикони худро ба хона даъват мекард. Онҳо ба фарши хона бўрё андохта, аз болояш гилему палосро паҳн карда, бо пойҳояшон мекўфтанд, ки ҳамвор шавад. Ва аз хонаи кўҳна ба хонаи нав асбобу наҷоми рўзгорашро мекашонданд. Баъди ба итмом расонидани ҳашар соҳиби хона ба онҳо зиёфат медод.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб Д.Раҳимов; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-граф, 2017 – С. 209.