Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019 тасдиқ шуд
Чоп шуд: 25/02/2019Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.