Аз ҳунарҳои мардумӣ: КОРДСОЗӢ

Корд ҳамчун асбоби рўзгор, асосан аз пўлод сохта мешавад, аммо баъзе  устоҳои тоҷик онро аз оҳан месозанд, ки сифаташ назар ба пўлод пасттар мебошад. Корд аз қисмҳои зерин иборат аст: теғ, гулўбанд, даста, сарбанд. Кордсозон ду навъи пўлод: пўлоди  сафедро  барои кордҳои армуғонию рўзгорӣ ва пўлоди сиёҳро, ки сахту буротар аст, барои  кордҳои шикорӣ ба кор мебаранд. Гулўбанди  кордро аз 3 – 4 навъи маъдан тайёр мекунанд. Он бештар аз мис, сурб, қалъагӣ, нуқра  сохта мешавад. Дастаи кордро  аз шохи устухонҳои ҳайвонот (бузи кўҳӣ, оҳу, гов), чўб, баъзан аз филиз, шиша ва маъданҳои дигар низ месозанд. Аз ҳама корди гаронбаҳо дастааш аз шохи каркаданг ва оҷи фил ба шумор меравад. Сарбанди корд низ ба монанди гулўбанди  он аз мису сурб ва ё нуқра сохта мешавад.

          Раванди сохтани корд чунин аст: тахтапўлодро дар оташи кўра сурх карда, ба болға кўфта ба шакли теғ медароранд. Ҳамин тавр  пўлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда бо болға кўфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пўлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мўйина) дошта тунуктару ҳамвор мекунанд.

          Дастаи кордро аз устухон ва ё шохи ҳайвонот бурида дар чарх ҷойхои дағали онро ҳамвор намуда, мобайнашро барои гузаронидани дастаи теға мувофиқ мегардонанд. Гулўбанду сарбанд аз ду тарафи даста  гирифта, дастаҳоро аз ҷудошавӣ нигох медоранд. Дар кордсозӣ нақшҳои ислимӣ, ҳандасавӣ, занҷира, тасвири офтобу моҳу ситора ва ғайра ба кор меравад. Нақшҳоро дар теғу даста ва гулўбанду сарбанд ба тарзи ҳаккокӣ,  насбнамоӣ ва рангу бор додан анҷом медиҳанд.

          Ғилофи кордҳо аз чарм, чарми сунъӣ, чуб, шохҳои оҳу ва буз сохта мешаванд. Дар даруни ғилофҳо чарми сахт ва картонро ба шакли хонаи теға ба деворҳои ғилоф пайванд мекунанд. Аз берун ғилофҳо бо нақшҳо, рангҳои гуногун ва чармпораҳо ороиш дода мешаванд. Ғилофи кордҳои армуғониро аз чўби чормағз, устухон, шохҳои оҳу ва бузҳои хонагию кўҳӣ сохта, бо нуқраву қалъагӣ, сурб ва рангҳои дар он нақшҳо тасвир мекунанд.

Бозчоп аз  Мероси  фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб Д.Раҳимов; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: ЭР – граф, 2017. – С. 178-179.

барчасп: