Аз замоне, ки сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимоми давлати Тоҷиконро ба дўш гирифт, оҳиста-оҳиста тамоми паҳлуҳои гуногунҷанбаи давлат ба тағйиру тараққӣ ва таҳаввулоти назаррас рў овард. Аз ҳама таҳаввули бесобиқа ва фаромӯшнопазири таърихӣ, пас аз омадани чунин шахсияти бохирад, баҳамойиву бунёд, сулҳу субот ва таҳкими кишвари парокандаву парешон ва дар вартаи фано қарордошта маҳсуб мегардад, ки мислашро таърихи халқи тоҷик шоҳид нагаштааст. Ҳифз ва барқарор сохтани аркони шикаста, аммо ба тамом наафтодаи давлат, аз нахустин иқдомоти босуръати Ҷаноби Олӣ ба ҳисоб меравад, ки шоёни зикру тақдир мебошад. Қобили зикр аст, ки сарвари давлат бозсозиро дар як они воҳид тавассути ду ҷабҳа шурӯъ намуданд, ки он неруи моддӣ ва маънавиро дар бар мегирад. Дар идораи давлат неруҳои маънавиро асоси маъхази сиёсати хеш қарор дода, баҳри таҳкими давлати фурӯпошида чанд андозае, ки ба қувваҳои моддӣ такя менамуд, аз он бештар ба қувваҳои маънавӣ низ эътимоди комил варзид. Бояд гуфт, ки такягоҳи маҳкам ва устувори ӯ дар барқарорсозии давлат, бегумон илму маърифат, хиради азалии ниёгон ва аз ҳама асосӣ фарҳанги воло ва созандаи миллати тоҷик буд.
Агар хирадмандӣ, ақлу идрок, истифодаи улуму маориф, зиракиву ҳушёрӣ, ҷаҳонбинии васеъ, таҷрибаҳои санҷида, дурандешӣ ва махсусан арзишҳои волои фарҳангӣ мавҷуд намебуд, бешак сулҳу субот, ҳамгироӣ ва пешрафту тараққӣ ҳаргиз аз мавҷудияти худ дарак дода наметавонист. Пас аз бахудойӣ ва неру касб намудани пояҳои асосии давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ мустақиман рӯ ба илму маориф ва фарҳанг овард. Чунки ӯ аз таҷрибаҳои оламшумули хеш дарк намуда, яқин ҳосил карда буд, ки асоси ҳар давлат ба илму фарҳанги воло устувору побарҷо хоҳад буд. Тамоми суханрониҳое, ки сарвари давлат дар тӯли даврони Истиқлолият тақдими қишрҳои гуногуни ҷомеа намуданд, аз баҳсу гуфтугӯйи фарҳангӣ орӣ нестанд. Ҳатман дар ҳар як суханронӣ атрофи фарҳанг андешаҳои ноб, ҷумлаҳову ибораҳои пурмаънӣ ва созанда зикри худро ёфтаанд, ки аз аҳамияту зарурат ва созандагии фарҳанг дарак медиҳанд. Махсусан дарки ноби ӯ буд, ки аҳли зиёву фарҳангро ба зудӣ дар атрофи худ ҷамъ намуд, бо онҳо суҳбатҳову гуфтугӯҳо, машваратҳову маслиҳатҳо, расонидани кумаки моддиву маънавӣ ба онҳо ва мавриди таваҷҷуҳи хоси худ қарор додани онҳо мебошад. Яке аз анъанаҳои сутудаи Ҷаноби Олӣ, ки аз овони Истиқлолияти кишвар то имрӯз тантана дорад, суханронии солона бо аҳли зиёву фарҳанги кишвар мебошад, ки фавоиду манофеи он то ба имрӯз ба касе пӯшида нест. Махсусан унсури тақдирсози фарҳанг дар суханрониҳои Президенти мамлакат бо зиёиёну фарҳангиён мақоми фарох ва пурбаҳсро соҳиб аст. Ҷаноби Олӣ ибтидои ривоҷи ин анъанаи созандаро дар фасли зебои баҳор, қудуми ҷашни Наврӯзи аҷам, 20 март мушаххасу муайян намудаанд, ки басо рамзӣ буда метавонад.Ҷаноби Олӣ, зиёӣ, Наврӯз, баҳор ва фарҳангро бо ҳам алоқаманд зикр намудаанд, ки дарвоқеъ ин алоқамандии табиӣ низ мебошад. Мисли ин ки ин унсурҳо аз якдигар ҷудо буда наметавонанд ва истеҳкомбахши якдигаранд. Чунон ки ҷашни Наврӯз дар ин ақида ҳамчун таҷассумгари фарҳанг арзёбӣ гардидааст. Яъне он ҷашнест, ки фарҳанги миллати тоҷикро бо тамоми арзишҳояш ба сурати ҷасад ё ҷисм дароварда, тасвир мекунад ва ба оламиён нишон медиҳад. Чуноне ки роҳбари давлат дар суханронии 20 марти соли 2001 дар матлаи сухани хеш таъкид намуда буданд: “Мулоқоти мову шумо дар арафаи иди Наврӯзи оламафрӯз, яке аз идҳое, ки таҷассумгари фарҳанги қадимаи халқҳои ориёинажод ва машриқзамин аст, сурат мегирад” (Ҷилди 3, с. 517).
Бегумон санаи мазкур барои халқи тоҷик, махсусан аҳли зиёву фарҳанг, пураҳамият мебошад. Хосатан 20 марти соли 2001 дар фарҳанги миллати тоҷик ва мавқеи зиёиёну фарҳангиён мақоми хос ва нақши барҷаста дорад. Чунки нахустин бор ибораи пурмаънӣ ва пураҳамияти “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, дар он вохӯрӣ танин андохт. Аз он пас шубҳае нест, ки дар фарҳанги миллат ва кору амали фарҳангиёну зиёиёни мамлакат тараққиёт ва пешрафтҳои бесобиқа ба амал омаданд. Ин ибораи хосе буд, ки ба пояҳои фарҳанг устуворӣ, ба самъу зеҳни фарҳангиёни миллатдӯсти кишвар таркиши мусбӣ ва дар масири ҳаракати онҳо таҳрики созандаеро ба амал овард. Пасон, аз суханронӣ то суханронӣ бо зиёиён, қазияҳои гуногунҷанбаи соҳаи фарҳанг, мушкилоти соҳа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, батадриҷ рушд намуд ва ислоҳи ҳамаҷонибаи худро пайдо кард. Суханрониҳои Президенти Мамлакат аз сол то сол тағйир ва дигаргунӣ касб кард ва таъсири гуногунҷанбаи худро дар самтҳои мухталифи фарҳанги кишвар гузошт. Баҳри исботи андеша бар он таъкид менамоем, ки ин ҳама моли таърих аст, дар сафаҳоти таърих сабту мастур гардидаанд ва таърих оинаест, ки ҳодисоту воқеоти замонро дар худ бехато инъикос намуда, тақдими башар месозад. Ба қавле сатрҳои маҳфузи таърихӣ ба ҳар бадхоҳу нотавонбин иҷозат намедиҳанд, ки ҳақиқатро таҳриф намуда, худро нисбати он нобино нишон бибиҳад. Имрӯз он ҳама суханрониҳои Пешвои Миллатро саҳифаҳои таърих ҳифз намудааст, ки бидуни таҳрифу табдил дастраси ҳамагон мебошанд ва воқеияти таърихро чун оина инъикос менамоянд. Бояд гуфт, ки аслан ҷумлаи созандаи “Фарҳанг ҳастии миллат аст” унвони суханронии соли 2001-уми Сарвари давлат буд, ки ҳамчун оғози сухан таваҷҷуҳи сомеонро ба худ ҷалб намуд ва унвони як суханронии аҳамиятнок дар саҳифаҳои таърих маҳфуз хоҳад монд. Қабл аз соли 2001, албатта суханрониҳои хос атрофи фарҳанг, ҳамчунон бо зиёиёни кишвар сурат мегирифт, аммо суханронии 20-уми марти соли 2001 моҳияти махсусро соҳиб буда, тӯли 17 сол аст, ки занҷираи он барҳам нахӯрдааст. Дар он суханронӣ Ҷаноби Олӣ қотеона ва бо ҷиддияти тамом ҳарф зада, ба фарҳанг рисолати созанда ва тақдирсозро иртибот бахшида, ислоҳи ҳама ҷанбаъҳову соҳаҳои кишварро ба ислоҳи он рабт додаанд, ки сиёсати фарҳангӣ дар раъси кор қарор гирифтааст.
Омезиши фарҳанг бо сиёсат аз оғози ҳукуматронии Пешвои миллат возеҳу ошкор ба назар мерасад. Арзишҳои фарҳангӣ, ки асосу аркони ҳар амал дониста шудаанд, ҳеҷ гоҳ дар марҳилаҳои ҳукуматронии ӯ аз сиёсат ҷудо нагашта, дар канор намондаанд. Ба ақидаи Ҷаноби Олӣ сиёсати фарҳангӣ ҳамчун маҳаки асосии давлатдорӣ унвон мегардад. Сарвари давлат барҳақ гуфтаанд: “Беҳуда нест, ки мо сиёсати фарҳангиро як рукни муҳими сиёсати давлатдорӣ мешуморем” (Ҷилди 3, с. 517). Дарвоқеъ фарҳанг дар кашфи равишҳои зиндагии давлатҳои гузаштаву имрӯза, мавқеи иҷтимоӣ, махсусан сиёсии онҳо, чун оинаи тамомнамо арзёбӣ мегардад. Он ҷо ки мегӯянд: “Фарҳанг ба назари ман, оинаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ акс меёбанд. Ва ин мизони дақиқу беминнат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърих инъикос карда, саҳми ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд” (Ҷилди 3, с. 522).
Дар ин андеша фарҳанг ба манзалаи тарозӯ арзёбӣ мегардад, ки дар имтидоди таърих нақш ва саҳми милалу ақвоми дунёро дар пешрафту тараққии тамаддунҳои башарӣ мушаххас месозад. Қабл аз соли 2001, аниқтараш аз ибтидои ҳаракати нави давлатдорӣ то соли мазкур соҳаи фарҳанг яке аз паҳлуҳои фаъолияти асосии Президенти Мамлакат қарор гирифта буд ва ҳаргиз аз таваҷҷуҳи ӯ берун намондааст. Чунон ки Ҷаноби Олӣ дар он суханронии таърихӣ таъкид намуда буданд: “Ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи даҳ соли истиқлолият сиёсати гуногунпаҳлуи фарҳангиро таҳия карда, онро пайваста дар ҳаёт татбиқ менамояд. Дар ин давра пеш аз ҳама заминаи ҳуқуқӣ ва илмии рушди фарҳанги кишвар дар иртибот бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда шуд” (Ҷилди 3, с. 523).
Ин андеша ба мо хулоса мебахшад, ки бо вуҷуди нобасомониҳо ва даҳшатҳои солҳои аввали Истиқлолият пояҳои асосии фарҳанги тоҷикон, бо ташаббус ва сиёсати ғамхоронаи Пешвои Миллат, барқарор ва устувор гардонида шуда, марҳилаи нави тараққӣ дар ин соҳа оғоз гардидааст. Дар тӯли даҳ соли истиқлолият, ки аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амнӣ сахттарин ва ҳассостарин давраро ташкил медод, хушбахтона ин вазъи шадид руасои давлатро сардаргум насохта, зеҳни фарогири онҳо ба ҳама паҳлуҳои ҳукуматдорӣ расидагӣ намудааст, ки махсусан таваҷҷуҳи хоси онҳо ба фарҳанг мебошад. Аз ҷумла: “Консепсияи инкишофи фарҳанги кишвар ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қабул гардиданд. Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии халқ чун самти афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст” (Ҷилди 3, с. 523).
Дар он марҳила таҳияи консепсияи инкишофи фарҳанг ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” падидаи басо арзишманд ва созанда дар соҳаи фарҳанг муаррифӣ мегардад. Эҳё намудани арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ амри зарур маҳсуб гардида, ин падида дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба хубӣ мадрак шудааст, ки баҳри равона сохтани амрҳои зарӯрӣ дар ин самт таваҷҷуҳи чашмрас намудаанд. Мақом додани таҳким ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ, дар раддаи сиёсатҳои афзалиятнок бозгӯ мекунад, ки фарҳанг дар радифи дигар соҳаҳои муҳими давлатдорӣ дар мадди аввал қарор гирифта, аҳамияти ба маротиб боло дорад. Таърихи халқи тоҷик тӯлонӣ буда, марҳилаҳои мухталифро паси сар кардааст, дар он мароҳили таърихӣ ба шебу фароз ва муборизаҳои пуршиддат мувоҷеҳ гардидааст. Хушбахтона аз ҳама он садду монеаҳои давраҳои гуногун миллати тоҷик ифтихорона ва сарбаландона берун омада, ягонагӣ, муттаҳидӣ, миллият ва хиради азалии хешро ба ҷаҳониён нишон додааст. Бояд гуфт, ки ин пирӯзиҳо ва наҷоти миллати тоҷик аз водиҳои ҳалокат ва вартаҳои нестӣ тавассути унсури созандаи фарҳанг сурат гирифтааст. Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он суханронии таърихӣ басо дақиқ ва муассир чунин зикр намудаанд: “Моро аз тамоми гармию сардиҳои рӯзгор, аз тӯфону буҳронҳои пурфоҷеаи таърих танҳо фарҳангу хирад наҷот додааст. Ва маҳз фарҳанги волои аҷдодӣ тавонист, ки моро аз вартаи ҳалокат раҳонида, ба пойгоҳи сулҳу созиш ва ваҳдату якдилӣ бирасонад” (Ҷилди 3, с. 547).
Амиқтар фурӯ рафтан ба аъмоқу жарфҳои ин андеша, исбот месозад, ки бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик, дар давраи навини давлатдорӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва барқарор гаштани зудсуръати аркони давлат, ки онҳо тақдири ҳозираву ояндаи тоҷиконро ҳаллу фасл кардаанд, боиси ягонаи онҳо фарҳанг унвон мегардад. Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ маҳз фарҳанг ва хиради азалии халқи тоҷик аз ҳама анвои ихтилофот, даргириҳо, нофаҳмиҳо, нобасомониҳо ва парокандагиҳо моро наҷот бахшида, ба орзуи гаронарзиш ва қарибинтизор расонидааст. Таъкиди ботакрор ба созанда будани фарҳанги миллати тоҷик дар он аст, ки фарҳанги соҳибтамаддуни мо дар худ арзишҳои бузурги ахлоқӣ, муоширатӣ, ақлонӣ ва махсусан таҳаммулпазириро нигоҳ медорад. Масалан аз шаҳодати таърих бармеояд, ки дар дунё милалу ақвоми гуногун аз бехирадӣ ва сатҳи пасти фарҳангӣ ба набардҳои хунин мувоҷеҳ гардидаанд, ки дар натиҷааш ҳазорҳо афрод ҷони худро аз даст додаанд. Гузашта аз маргу мир кишварҳову шаҳрҳои қадимаву навқоматафрохта ҳама ба хок яксон гардидаанд. Аксари он нажодпарастиву миллатгароиҳо ва ҷангҳои бузург, аслан аз як моҷарои хурду ночиз ва нофаҳмиву бефарҳангӣ сар задаанд. Хушбахтона фарҳанги волои миллати тоҷик ҳидоят намуд, ки тоҷикон ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ бо ақл ҳукм намуданро пеша кунанд ва аввалан дар дохили худ, пасон бо кишварҳову миллатҳои дигар созиш намуда, аз вартаҳои ҳалокат берун оянд. Имрӯз вазъи дунё шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманди хеш чигуна дар муддати кӯтоҳ ватанро аз ҳолати сардаргумӣ, аз вартаи фано берун баровард, ки ба ин аҳсан бояд хонд. Аз нигоҳи дигар Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон берун овардани кишварро аз буҳрони шадиди сиёсӣ, ки қариб миллату давлат ба коми оташ ва нобудӣ рафта буд, қотеона ба фарҳанг иртибот медиҳанд. Акси маънии сухан ба мо хулоса меорад, ки адами фарҳангу хирад дар он рӯзҳои сахти таърихӣ ба сулҳу салоҳ ва бунёду барқарор сохтани давлат монеаи ҷиддӣ меовард. Имрӯз Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибтамаддун, фарҳангсолор, таҳаммулгаро ва сулҳпарвар мешиносанд. Миллати тоҷик дар масири таърих ба гиру дорҳо ва муборизаҳои беамони сиёсӣ рубару гардидааст, ки одатан дилхоҳ миллат бо мувоҷеҳ гардидан ба чунин ҳолатҳо аз тараққиёту маънавиёт ба таври табиӣ таназзул хоҳад кард, махсусан аносири фарҳангӣ дар чунин авзоъ ба гўшаи фаромӯшӣ хоҳанд рафт. Хушбахтона, миллати фарҳангсолори тоҷик дар ҳама вазъият ба ресмони қавии фарҳанг чанг зада, онро раҳо накарда, доимо дар фикри рушду тараққӣ ва такомули он будааст. Ба гунаи мисол кишвари ҳамсоя Афғонистонро мегирем, ки қариб ним аср мешавад, аз доми ҷангу ҷидол раҳоӣ намеёбад. Имрӯз мардуми афғон аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳасад мебаранду ба сиёсати омехтаву сардаргуми худ нафрин мехонанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки орзу мекунем, ки чанд рӯзе дар Тоҷикистон бошему неъмати сулҳу оромиро чашида пасон, ба кишвари худ бозгардем. Нахуст ба фарҳангу тамаддун ва сабру таҳаммули миллати тоҷик аҳсан мехонанд. Чуноне Сарвари давлат таъкид мекунанд: “Таърихи халқи мо воқеаҳои басо фоҷиабор ва дар айни замон ибратомӯзро пеши назар меорад. Ниёгонамон чандин давлатдории аҷдодӣ ва тохтутозҳои хонумонсӯзи аҷнабиёнро паси сар намуда, бо меҳнати ҳалолу хиради воло дар баробари бунёд кардани шаҳрҳо, ободонии марзҳо кохи бегазанди илму фарҳангро низ офаридаанд, ки он роҳи ояндаи на танҳо тоҷикон, балки бисёр халқҳои ҷаҳонро низ мунаввар сохтааст” (Ҷилди 3, С. 523-524).
Як нигоҳи сатҳӣ ба ин андеша чанд маъниро ошкор месозад. Аз ҷумла ин аст, ки Президенти кишвар дар тӯли сарварии худ як лаҳза ниёгони хеш ва таҷрибаҳову мероси фарҳангии онҳоро аз назар дур насохтааст. Ин хислати нек ва посдорӣ малакаву қудрати фарохро ба ӯ ато карда, боис гардидааст, ки кишвари фарҳангсолори мо пояҳои устувори худро гузорад. Аз зовияи дигар дарк мегардад, ки фарҳанги тоҷик дар ҳудуди мулки тоҷикон боқӣ намондааст, балки он тамоми марзҳоро убур намуда, нобиву нафосат ва ҳаққонияти худро ба оламиён нишон додааст. Фарҳанг дар ин андеша натанҳо муаррифгар ва ҳастии миллат, балки роҳнамо низ инъикос мегардад, ки нақши роҳнамоии худро ба миллатҳои дигар низ иҷро намудааст. Аз хулосаҳои Пешвои Миллат натиҷа ҳосил мешавад, ки офаридгор фарҳангро ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда бо хуну хилқати миллати тоҷик сириштааст, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо ба мо паёми созанда меовард.
Инчунин сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, андешаҳову захираҳои зеҳнии ҳар қавму миллат дар сояи фарҳанг метавонанд аз худ дарак диҳанд ва шинохти ин ҷанбаъҳои муҳими ҳаракати башарӣ тавассути фарҳанги он ба амал бароварда мешавад. Чунин ақидаҳо мавҷуданд, ки “...имрӯз фарҳангҳо нисбат ба сиёсат бештару пештар ҷомеаро идора кардан мехоҳанд”, ки барҳақ аст. Дарвоқеъ имрӯз мо тавассути фарҳангҳо равиш ва шеваҳои хоси ҳаёти миллату қавмҳои дунёро шинохта метавонем ва метавон гуфт, ки баҳри шинохти миллатҳои гуногуни олам фарҳанги онҳо ягона муаррифгари меҳварӣ буда метавонад. На ин ки шинохти мардумони дигар, балки гузаштагону ниёгони хеш ва равиши зиндагӣ ва шеваҳои сиёсатронии онҳоро тавассути фарҳанг метавон шинохт. Таърихи башарӣ дар таваққуфҳои ба касрати худ исбот намудааст, ки дар ҳама ҷабҳаҳо неруҳои маънавӣ корсоз буда, аз қувваҳои моддӣ болотар меистанд. Аз ҷумла, дар иттиҳоду ягонагӣ ва пайвандгарии наслҳо нақши фарҳанг барҷаста ва намоён мебошад, ки садҳо намунаҳои олии онро таърих ба мо мерос гузоштааст, ки ҷои баҳсу инкор надорад. Чунин моҳият водор намуд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри рушду тараққӣ ва эҳёи паҳлуҳои дар канормондаи фарҳанг чораҳои зарӯрӣ андешад.
Бояд гуфт, ки гарчанде миллати тоҷик соҳиби фарҳанги азалӣ аст, аммо дар марҳилаҳои гуногуни таърих, дар давраҳои ҷудгона ва бо авомили мухталиф ба таназзули фарҳангӣ мувоҷеҳ гардидааст, ки ҷои инкор нест. Аз ҷумла, дар ибтидои нооромиҳои солҳои навадуми асри гузашта ба қавле шикасти сиёсӣ як фосилаи кутоҳ боиси шикасти фарҳангии ин миллат гаштааст, аммо хушбахтона ҷавҳари аслии фарҳанг аз хуни миллати тоҷик, аз рагу пайванд ва сиришташ ҷудо нагардид. Ин ҳама боис гардид, ки ин миллати куҳанбунёд ҳаракати босуръати дубораро барои эҳёи фарҳанг ба роҳ монад, ки он сабаби таҳкими сиёсат гардидааст. Дар саргаҳи бозсозиҳои сиёсӣ ва барномаҳои сиёсии Сарвари давлат бунёд ва барқарорсозии сареи давлат қарор дошт. Ӯ ҷаҳду талош меварзид, ки дар муддати кутоҳ паҳлуҳои гуногунҷанбаи кишвар, махсусан пойдевори фарҳангро асоси устувор бахшад. Чунин дарк мешавад, ки Ҷаноби Олӣ бештар барои бунёди давлатдории фарҳангӣ аҳамияти вежа дода, ба қавле ба вуҷуди давлати бефарҳанг боварӣ надоштанд. Яъне давлат дар асоси фарҳанг аз ҳастии худ дарак дода метавонад ва давлати бефрҳанг вуҷуд дошта наметавонад. Инчунин барои бунёди давлати пуриқтидор, бонуфуз ва шинохта дар сатҳи байналмилалӣ, фарҳанг маҳаки асосӣ дониста мешавад. Бешак таъсиси давлати фарҳангӣ дар асоси фарҳанги волои сокинони он ба вуҷуд омада метавонад. Хушбахтона халқу миллати тоҷик бо дарку хиради куҳани хеш ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии ниёгони худ тавонист ба пояи чунин як давлати соҳибфарҳанг асос гузорад.
Бешубҳа имрӯз фарҳангҳоро хатарҳои ҷиддӣ таҳдид доранд. Раванди ҷаҳонишавӣ нишон дода истодааст, ки фарҳангҳои пойдеворашон сусту заиф зуд ба коми оташ мераванд. Фарҳангҳои муқтадир, махсусан фарҳанги Ғарб мехоҳад фарҳангҳои хурду кучакро бо ҳар роҳу восита тобеи худ гардонад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки абарқудратҳои дунё нахуст афкори ҳар миллатро тавассути фарҳанг масмум сохта, пасон онро батадриҷ хароб месозанд. Яъне барои шикаст ва пароканда сохтани ҳар давлат ҷанги фарҳангӣ қулай буда, дар мадди аввал қарор мегирад. Ибораи “Ихтилоф андозу ҳукм рон”, асосан дар миллати бефарҳангу бехирад татбиқ мегардад. Аммо миллати фарҳангсолор чунин андешаҳоро ҷуз найрангу фиреб ва иғво қоил намешавад. Чунин тамоюлоти манфиро Сарвари давлат барвақт дарк карда, таваҷҷуҳи худро махсус ба фарҳанг равона намуд.
Дар шароити кунунӣ, ки раванди ҷаҳонишавӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва гуфтугӯи фарҳангҳо ном гирифтааст, ҳар давлату миллат баҳри рушду тараққӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳама роҳу усулҳои муносибро мавриди истифода қарор медиҳад. Имрӯз миллатҳо ба рақобати шадид баромада, дар ҳар самт мехоҳанд муваффақиятҳо ба даст оранд. Ҷаноби Олӣ барҳақ таъкид намуда, муваффақият дар ҷодаҳоро ба фарҳанг иртибот додаанд: “Дар шароити нави таърихӣ муваффақият ба онҳое бештар муяссар мегардад, ки такя ба илму фарҳанг карда, арзишҳои маънавии худогоҳиву ватанпарвариро тақвият медиҳанд, дар замири ҳар узви ҷомеа дарки зарурати пойдории амнияти миллӣ ва давлатиро ба вуҷуд меоранд” (Ҷилди 3, с. 522).
Дар ин андеша фарҳанг унсури гуногунпаҳлу арзёбӣ мегардад. Агар аз як ҷониб, қисме аз муваффақиятҳо ба илму фарҳанг тааллуқ дошта бошанд, бегумон унсурҳои дигари созанда низ мавҷуданд, ки аз ҷумла худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ мебошанд. Як нигоҳи амиқ нишон медиҳад, ки ҳама ин унсурҳои созанда ба фарҳанг омезиш дошта, дар асари фарҳанги асил метавонанд ошкор гарданд. Чуноне аз ин андеша пайдост, Ҷаноби Олӣ дар саргаҳ фарҳангро қарор додаанд, пасон арзишҳои дигарро пай дар пай раддабандӣ намудаанд, ки ин гувоҳи аввалдараҷа ва аҳамитнокии фарҳанг мебошад. Метавон гуфт, ки тамоми арзишҳои маънавӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва махсусан пойдории амнияти миллӣ ба фарҳанг вобастаанд. Аз ин лиҳоз Сарвари давлат суханронии соли 2001 худро бо зиёиёни кишвар бо чунин андеша ҳусни мактаъ бахшиданд: “Аз ин рӯ, машварати имрӯзаи мо асосан ба дарки моҳияти сиёсиву иҷтимоии фарҳанг нигаронида шудааст ва моро зарур аст, ки авзои маънавию ахлоқии ҷомеаро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор диҳем, аз талаботи ҳаёт хулосаҳои мантиқӣ барорем” (Ҷилди 3, с. 522).
Ба ин маънӣ метавон хулоса кард, ки фарҳанг руҳу равони сиёсат буда, сиёсати бефарҳанг ба мисли ҷасади берўҳ аст. Таҷрибаҳову мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати бефарҳанг дар олам инқилобҳои бузургро ба миён овардааст ва меорад. Аз ин дидгоҳ қабл аз инқилобҳои бенафъ ва сузанда лозим аст, ки дар ҷомеаҳо инқилоби фарҳангӣ барпо гардад ва он боиси садду монеаи инқилобҳои сўзанда гардад. Аз ин хотир яке аз қадамҳои нахустин дар роҳи инқилоби фарҳангӣ, тарғибу ташвиқ ва эҳёи арзишҳои фарҳангии ниёгон, таҷлили “Рӯзи фарҳанг” буда метавонад. Хушбахтона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ, махсусан мутобиқати ибораи созандаи “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, ба оғози фасли баҳор, бори аввал 20 марти соли 2018 ҳамчун “Рӯзи фарҳанг” ҷашн гирифта шуд ва ҳамасола ин анъана идома хоҳад ёфт.
Ш.Комилзода,
К.Исоев